Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман дар СССР зистаам."

«Трибун»

Дар албоми расмҳои тағоям нигоҳам ба як расм дӯхта шуд. Расм, ҳарчанд хеле кӯҳна буд, гӯиё ҳеч аҷобате надошт. Ин дар назари аввал буд.

Дар он акси одамони замони чандин сол пеш сабт шуда буд. Диққати манро он чиз ба худ ҷалб кард, ки чанд нафар дар боло истодаанд ва мардуми бисёре дар поён истодаанд.




Тағоям аз нигоҳи ман магар рамуз гирифт, ки ба шарҳ додани он расм пардохт. Ӯ чунин нақл кард:

“Ин расм тақрибан дар охири солҳои 60-уми асри 20 гирифта шудааст. Он вақт ман ҷавон будам, муаллим будам. Ин сохтмони пур аз шиор дар маркази деҳкада воқеъ гардида буд, ки мардум ба он «трибун» мегуфтанд. Яъне, минбар. Он як салобати ба худ хос дошт ва дар рӯзҳои одӣ одамон ба он наздик намешуданд.

Лекин дар рӯзҳои махсус (1-уми май, 9-уми май, 7-уми ноябр) ҳамаи хурду калон ба назди он меомаданд. Гӯё он аз оҳанрабо ё магнит буд!

Дар ин рӯзҳо он бо шиору байрақҳои сурхи СССР ва портретҳои доҳии пролетариати* ҷаҳону роҳбарони ҳукумат (аъзои КМ КПСС) зебу зинат дода мешуд. Раисону бузургони район** ва деҳаамон ба болои он мебаромаданд. Мардуми боқимонда дар таҳи он рост истода, ба суханрониҳои онҳо бо даҳони кушода гӯш медоданд. Микрофону динамикҳоро мешинонданду идро оғоз мекарданд.

Аз суханрониҳои он раисон мо чунин мефаҳмидем, ки беҳтарин халқи рӯи дунё мо, мардумони советӣ, ҳастем: зиндагиямон хуб, шикамамон сер, беғамем, чунки ғами моро партияи ҷоноҷон мехӯрад, соҳиби кору пул ҳастем, мактабу касалхонаҳоямон бепул, хулоса, хушбахтем, одамони кишварҳои дигар бошанд, махсусан Америка, ғуломанд, шикамашон доим гушна, дар он ҷо ҳама чиз (ҳатто мактабу бемористонҳо) пулакӣ, чунки дар он мамлакатҳо асосан бойҳо ва сармоя ё капитал ҳукмронӣ менамояд, касе дар парвои касе нест ва ғайра. Мо, рости гап, фахр мекардем ва сарамон ба осмон мерасид. Албатта, мо он вақтҳо он қадар сер набудем. Магазинҳо, ҳоло “мағоза” мегӯянд, чизи кам дошт. Вале ин муҳим набуд барои мо. Мо хушбахт будем (ба ҳар ҳол, мо худро чунин меҳисобидем). Шабу рӯз ин эҳсосро ба мо радиои панҷсӯма талқин мекард. Он вақт телевизор набуд ва ягона ҷои тамошо кинотеатр буд, ки мо қариб ҳар рӯз он ҷо мерафтем. Киноҳоро тамошо мекардему фахр мекардем, ки мо халқи советием. Вақте ки дар ин филмҳо Сталини бузургро нишон медоданд, мо ҳама (калонсолон ва наврасон) аз ҷойҳоямон хеста, дурудароз қарсак мезадем. Баъди кино ба хонаҳоямон рафта, пеш аз хоб чизе мехӯрдем.

Хайр, инаш ба мо одат шуда буд, ки мо худамонро дар назди роҳбарону раисон гунаҳгор мешуморидем. Бе ягон сабаб, албатта. Гӯё ҳамин хел ҳам бояд бошад.Чунки онҳо калонанду мо хурд, майда. Одамча, хулоса. Вақте ки ба мактабамон ягон нафар аз райком*** омада, дар маҷлисамон ба сарамон дод мезад, ки чаро ба давлат кам гӯшту шир супоридаем, ростӣ, ҳамаи мо сархам мешудем ва худро гунаҳгор мешумурдем, ки чаро ба ҳукумати ҷоноҷони ҳамеша дар фикри осудагиямон буда воқеан ба қадри даркорӣ гӯшту шир ва равғану пашм насупоридаем, плани**** пилларо барзиёд иҷро накардаем. Ин муҳим набуд, ки кӯдакони худамон чӣ мехӯранд. Муҳим он буд, ки «план»-ро иҷро кунем. Плани ватандӯстиро!

Баъд зиндагӣ каме нағзтар шуд. Калонсолон мегуфтанд, ки хеле нағз шуд. Махсусан дар давраи Брежнев зиндагӣ ба маротиб беҳтар шуд. Магазинҳо пур шуд. Аммо баъзе нотавонбинҳо мегуфтанд, ки анборҳо холӣ шуда истодаанд ва баъди якчанд сол…

Мо, албатта, ба ин гапҳо дода намешудем, чунки худи Хрюшёв ваъда дода буд, ки соли 1980 мо дар давраи коммунизм, яъне давраи серу пур зиндагӣ мекунем. Рости гап, вай чӣ хиёнате карду аз вазифаи баланди подшоҳӣ гирифтанаш.
Хуб, ин пеш буд. Ба ҷои вай Брежнев омад ва беш аз 14 сол раҳбарӣ кард. Баъд вай ҳам мурд. Черненко ва Андропов ҳам яксолӣ кор карданду халқи советиро ба ҳоли худаш монда, ба он дунё рафтанд. То Горбачёв омад, ки баракати зиндагӣ парид. Мағозаҳо ҳам холӣ шуданд. Ба онҳо медаромадӣ, ки аз бечизӣ чор деворашон буввас мекард!

Бечора Горбачёв қариб шаш сол подшоҳӣ кард. Вақти дар рухсатӣ буданаш ГКЧП* пайдо шуду хост, ки «хрушовгир»-аш кунад. Аммо нашуд. Бисёриҳо мегӯянд, ки агар мегирифтанаш, мо ҳатман ба коммунизм мерасидем. Хайр, нашуд, ки нашуд. Хости Худованд ҳамин будааст.

Баъд СССР барҳам хӯрд. Як давлати аждаҳор ва муқтадири ҷаҳон нобуд шуд. Дар як рӯз, дар як соат. Албатта, инро касе бовар намекард! Вале воқеият чунин буд ва хости Худо ҳам.
СССР аз ҳам пошид. Ҳама ҷумҳуриҳо мустақил шуданд. Аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, ҳарчанд инро намехост.

Баъд ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар Тоҷикистон. Одамони бисёре кушта шуданд. Одамони бисёр бехонаву дар! Ва мо нишон додем, ки ҳамааш дурӯғ будааст. Дурӯғ будааст, ки мо халқи советием, хушбахтем, бародару баробарем, сулҳхоҳем…

Ҳамон «трибун»-аш ҳам дурӯғ будааст ва гапҳои болохонадоре, ки аз рӯи он ба мардуми даҳонбозу зудбовар гуфта мешуд! Шиорҳо дурӯғ будааст ва байрақҳои ягона Ватани бузург!

Солҳои ахири СССР дар назди ҳамон трибуна ягон чорабиние гузаронида намешуд. Дигар касе ба он аҳамият намедод. Онро чун солҳои пеш дигар тозаву озода нигоҳ намедоштанд. Баъд он ба ҳоҷатхона табдил ёфт!...

Чун зиндагии имрӯзаи мо», хулоса мекунад тағоям.

Сиддиқ Муборак, шаҳрванди Тоҷикистон.

PS. Мегӯянд, ҳоло дар ҷои он як мағозаи калон сохтаанд.
--------------------------
пролетариат* -- камбағалон
район** -- ноҳия
райком***-- кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист
план****-- нақша (Дар СССР нақшаҳои семоҳа, нимсола, яксола ва панҷсола мавҷуд буд.)
“Помир” – тими ормонии тоҷикон
“Помир” – тими ормонии тоҷикон
Навор аз ТВ ва садо аз радио…

Охири солҳои 80-ум баъзе бегоҳирӯзҳо дар дашти тасфони Зафаробод шоҳид мегаштӣ, ки бисёр одамон ғайричашмдошт, яъне барвақттар аз охири рӯзи корӣ ба сӯи хонаашон мешитофтанд. Яке бо мотосикл, дигаре бо харароба, саввумӣ бо трактору велосипед…

Сабаби чунин шитоб бозии «Помир» буд. Он солҳо қоидаҳои кор хело вазнин буд. Аммо дар ёд надорам, ки ягон роҳбар садди ин амали кормандон гашта бошад. Масалан, тағоям, ки яке аз ашаддитарин мухлисони Помир буд, бо трактори сечархаи култиватораш аз дохили майдони пахта рост ба хонааш меомад. Барои ин амалаш ҳеч гоҳ аз бригадиру дигар роҳбар танбеҳ ҳам нагирифтааст, зеро худи директори совхозу бригадир ҳам мухлиси дастаи Помир буданд.

Хурдсолон, ки одатан ба чаро бурдани гӯсфандон машғул буданд, бо навбат бозиҳоро тамошо мекарданд. Онҳое, ки дар чаро буданд, бозиро тариқи радио гӯш мекарданд.

Телевизори ранга он вақтҳо қариб ки набуд. Ҳама бо телевизори сиёҳусафед тамошо мекардем. Мавҷи телевизиони тоҷик дар минтақаҳои наздисарҳадӣ хело бад паҳн мешуд (алалхусус дар н.Зафаробод, ки се тарафашро Узбакистон иҳота кардааст). Одатан, ҳамсояҳои гирду атроф барои тамошои бозӣ ба хонаи мо меомаданд. Телевизори Кварц-306 доштем.

Як дафъа телевизорамон вайрон шуда буду бозиро дар хонаи хамсояамон тамошо кардем. Он ҳам бошад бо муттаҳид кардани телевизору радио. Яъне, барои зеботар шудани навор телевизорро бе овозу овозро бошад, тариқи родиё мешунидем. Як меҳмонхонаи калони хонаи финӣ пур аз мухлис - аз бригадир то ба почталйону муаллим.

Овоз, овози ширини Нарзуллоҳ Латипов буд, ки ҳар як бозии Помирро бо калимаҳои «Ассалому алейкум, мухлисони футбол, ҳаводорони командаи Помир…» оғоз мебахшид. Чӣ садое фораме дошт, Нарзулло. Садояш аз гӯш то ҳол намеравад. Ӯро шореҳи русзабон Борис Комм ҳамроҳӣ мекард.

Вақте мардҳо мегирянд….

Дар ҳамон вохӯрӣ (бозӣ бо Динамои Минск буд) вақте мо бозиро бо ҳисоби 1-2 бохта истода будем, довар баъди симулятсияи Рашид (дар ин бобат вай ҳамто надошт) ҷаримаи 11-метра таъин кард. Ба сари тӯб Мӯҳсин омад.

Мо ҳама якдигарро табрик мекардем ва шодӣ доштем, ки ин бозиро албатта мебарем. Аммо… Тӯби задаи Мӯҳсинро Сасункеевич баргардонд ва баъди зарбаи Вазген ё шояд Батуренко буд, тӯб аз майдон берун рафту ҳама лол мондем…

Баъди тамом шудани бозӣ (1-2) ба рӯи баъзе мардҳо нигаҳ карда намешуд, аз чашмонашон ашк мерехт…
Худоё, ман инро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам! Зеро дар ҳаётам бори аввал дида будам, ки мард ҳам мегиряд! Баъдтар, вақти марги ҷавонмарде гиристани мардонро дида будам, ки ҷои аҷобатро надорад…

Ба футбол дар бағоҷ

Он вақтҳо мактаббача будам, ҳамагӣ 10-12 сол доштам, ҳама ҳамсинфон мухлиси ашаддии Помир будем. Ҳатто духтаронамон мухлисӣ мекарданд.
Баҳоре буд дар шаҳри Хуҷанд бозии рафиқонаи Помир (Душанбе) ва яке аз грандҳои футболи Шӯравӣ (шояд Динамои Киев) баргузор шуд. Маркази вилоят аз шаҳраки мо (шаҳраки Гулистони н.Зафаробод) зиёда аз 100 км дур аст.

Директори мактаб бо мошинаш ва чанд нафари дигар ба тамошои футбол рафтанд. Он рӯз як ҳамсинфам (писари директор) ҳанӯз нисфирӯзӣ ба бағочи мошин руст шуда, мехост ба футбол равад.

Хуллас, падар аз ин огаҳие надораду роҳи сафарро пеш мегиранд. Аз ҳудуди шаҳрак берун мешаванд. Мошин бо суръат чукуриеро мегузарад, ки доду войи бечора ҳамсинфам баланд мешавад. Ҳама аз тарс қариб ки…

Фаромада мебинанд, дар ҳеҷ ҷо ҳеч кас нест. Ҳама ҳайрон, чӣ кор карданро намедонанд, охир ҳама шунида буданд, садои дардноки кӯдаконаро.

Як муаллимамон ба фикре меояду бағочи мошинро мекушояд, ки эҳ-ҳе… Бечора чунон сарашро задааст-ки! Хун аз пешониаш мерафт. Хуллас, баччаи бечораро ба духтур мебаранд, баъд ба хонааш.

Пагоҳ ба мо нақл карданд, ки мо бозиро 0-1 бой додаем. Агар хато накунам, Рашид ҷаримаи 11-метраро ба нишон нарасонида будааст.

Дербиҳои тоҷикону узбакҳо

Боре чанд нафар мухлисони Помири ҷоноҷонамон аз шаҳраки мо ба бозии Помиру Пахтакор ба шаҳри Тошканд рафта буданд. Онҳо ба сектори узбакҳо мешинанд, вақте мо гол мезанем, инҳо низ аз хурсандӣ ба по мехезанд. Аммо, аз боло узбакон бо туфливу дигар ашё бачаҳои моро «бомбаборон» мекунанд.

Баъди ин, онҳо боодобона бозиро то ба охир, бе ягон ғавғо тамошо карда, варзишгоҳро ҳамроҳи милисаҳо тарк мекунанд.

Як бозии дигарашро Помир дар шаҳри Душанбе ба Пахтакор бохта буд. Пагоҳ дар байни мардум овозае паҳн шуд, ки бозиро баъзе аз соҳибони майдон фурӯхта будаанд. Он бозӣ барои мо ягон фоидае намеовард, аммо барои Пахтакор хеле зарур буд. Чун тақдираш дар Лигаи олӣ ҳал мешуд.

Баъдтар бо ин баҳона дар мактаби мо қиёмат барпо шуд. Мо (яъне точикбачахо) бо бачаҳои узбак чунон задухӯрд кардем, ки… Одатан мо узбакҳоямонро фақат мезадем. Вақте бо мо футбол бозӣ мекарданд, мо хеле ғиромӣ мекардем. Мезадем, меафтондему боз дашном ҳам медодем.

Зӯри муаллимон барои ҷудо кардани ин ҷанг нарасид. Ҳатто «участковой» низ оҷиз монда буд. Чанд муаллими ҷавон пинҳонӣ бо мо ҳамзабон буданд. Хуллас, пас аз хархашаҳои зиёд ҷангро пӯшониданд. Ман дигар ёд надорам, ки баъди ин дар мактабамон байни узбаку тоҷик ягон хел мусобиқа барпо шуда бошад.

Ҳоло бошад, ҳамон узбаконамонро мебинаму шарм медорам аз кардаҳо…

Хулоса, «Помир» ҳамчун дастаи ормонии футболи тоҷикон дар баробари кӯҳи Помир барои мо сарбаландӣ, ғурур ва шаҳомату далерӣ ҳадя мекард. Хусусан, дар мавриде, ки «Помир» дар радифи 5 дастаи беҳтарини чемпионати СССР қарор гирифта буд. Дар Тоҷикистони шӯравии солҳои 80-ум ҳама ҷо сӯҳбати «Помир» буд: дар мактабу кӯча, хонаву бозор, сари замину лаби дашт, корхонаву муассисаҳо, даруни автобусу вокзалу аэропорт, яъне аз кӯдаки ҳафтсола то пирмарди 70-сола мегуфт:

«Помир», «Помир», «Помир»….

Бахтиёр Файзуллоев

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG