Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии «Ҷоми Мердека-2023», ки 17-уми октябр дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» тими Фаластинро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.
Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллии кишварро барои ширкат дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023», ки дар Малайзия баргузор мешавад, эълон кард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 4-7-уми октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор шуд, бо як медали биринҷӣ баргашт.
Маросими пӯшидашавии Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин бо ҳузури беш аз 10 000 варзишгар аз 45 кишвар баргузор шуд, шоми якшанбе ба поён расид.
Дастаи мунтахаби футзалиТоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 6:3 шикаст дод. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Мянмар бар тими Фаластин бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Абдуҷаббор Сафаров, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқоти Гран-прии самбо, ки рӯзҳои 3-4-уми октябр дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Абубакр Шеров, паҳлавони тоҷик, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Одивеласи Португалия ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар риштаи футзал дар гурӯҳи «Е» рӯзҳои 7-11-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон - баргузор мешавад. Дастаҳо барои роҳхат ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозии дувумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби баробари 1:1 анҷом дод.
Ёфтҳои бештар