Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозии дувумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби баробари 1:1 анҷом дод.
Мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо бо пирӯзии паҳлавонони Тоҷикистону Узбекистон ба поён расид. Мусобиқа рӯзҳои 4-5-уми октябр дар ноҳияи Данғара гузашт.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозии дувумашро дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳи «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор мекунад.
Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2022 дар риштаи бокс медали биринҷӣ ба даст овард. Ин ҳафтумин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад.
Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 4-7-уми октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Давлат Болтаев, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ (Ҳангжоу-2022) дар риштаи бокс медали тилло гирифт. Ин медали шашуми Тоҷикистон дар бозиҳои осиёӣ ба шумор меравад.
Мусобиқаи даҳуми байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи ҷудо рӯзҳои 4-5-уми октябри имсол дар ноҳияи Данғара доир мегардад.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври дувуми марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” аз бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2023 дар риштаи кураш медали биринҷӣ ба даст овард. Шумори медалҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ ба панҷ расид.
Варзишгарони тоҷик Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин дар риштаи бокс бомуваффақият ҳунарнамоӣ доранд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардиданд.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе 30-юми сентябр аввалин тамрини худро дар шаҳри Риёз доир намуд. Ин даста 2-юми октябр бозии дувумро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо бошгоҳи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ мегузаронад.
Ёфтҳои бештар