Маросими пӯшидашавии Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин бо ҳузури беш аз 10 000 варзишгар аз 45 кишвар баргузор шуд, шоми якшанбе ба поён расид.
Дар ин маросим парчами Шӯрои олимпии Осиё, ки баргузоркунандаи бозиҳост, ба мизбони 20-умин давраи Бозиҳои тобистонаи осиёӣ – шаҳрдори Нагояи Ҷопон супурда шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар байни 45 кишвар дар ҷойи 24-ум ва аз ҷиҳати теъдоди умумии медалҳо дар ҷойи 25-ум қарор гирифт. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот варзишгарони 41 кишвар медали бозиҳоро ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 27 кишвар нишони тилло гирифтанд. Мунтахаби Чин бо гирифтани 383 медал (201 тилло, 111 нуқра ва 71 биринҷӣ) ҷои аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Ҷопон бо 188 медал (52 тилло, 67 нуқра ва 69 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 190 медал (42 тилло, 59 нуқра ва 89 биринҷӣ) ҷойи севумро гирифтанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Ҳиндустон (28-38-41), Узбекистон (22-18-31), Тайпейи Чин (19-20-28), Эрон (13-21-20), Тайланд (12-14-32), Баҳрайн (12-3-5) ва Кореяи Шимолӣ (11-18-10) дохил шуданд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (22-18-31), Қазоқистон (10-22-48), Қирғизистон (4-2-9) ва пеш аз Туркманистон (1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ҷойгир шуд. Ба ин тартиб, аз ҳафт медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо сетоаш ба риштаи ҷудо, дутоӣ ба кураш ва бокс марбут аст. Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст оварда буд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд. Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш дар вазни то 66 кило ва Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Давлат Болтаев дар риштаи бокс дар байни мардон дар вазни то 92 кило соҳиби медали тилло ва Миҷгона Самадова миёни занон дар вазни то 57 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд. Зимнан, Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев аввалин шуда дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардиданд. Дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ варзишгарони 45 кишвари қораи Осиё ширкат варзида, аз рӯи 40 намуд, ки 61 навъи рақобатҳоро дарбар мегирифт, барои 481 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд. Дар ин бозиҳо 106 варзишгари тоҷик дар 17 ришта ҳунарнамоӣ карда, танҳо дар се намуд – ҷудо (3), бокс (2) ва кураш (2) – медал ба даст оварданд. |
Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло гирифтанд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, ба барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва ба соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.
Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло шуданд, хонаи сеҳуҷраӣ, медали нуқра - дуҳуҷраӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷраӣ тақдим мегардад.
Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, ҳамагӣ 34 медал гирифтааст, ки 6-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 21-тоаш биринҷӣ мебошад. Се медали тиллоро гурзандози машҳур Дилшод Назаров, дутоашро муштзанҳо Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев, инчунин як медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.