Бозӣ шаби 5-уми октябр дар варзишгоҳи «Ашхобод» доир гардид.
Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Голро дар дақиқаи 17-ум легионери африқоии «Равшан» Эммануэл Мваненго ба самар расонд.
Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон пайваста ҳуҷум карда, лаҳзаҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, аммо муваффақ нашуданд. Дарвозабони «Равшан» Евгений Гритсенко бо маҳорати баланди худ ба бозигарони «Алтин Асир» имкон надод, ки тӯбро ба нишон расонанд.
Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт ва ҳарду даста якхолӣ гирифтанд.
Натиҷаи бозӣ Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Равшан»-ро қаноатманд намуд, зеро ки дастааш дар сафар соҳиби як имтиёз шуд. Аммо Язқулӣ Хоҷагелдиев, сармураббии “Алтин Асир”, аз натиҷаи бозӣ изҳори нигаронӣ кард, зеро ки дастааш дар майдони худ аз ду имтиёз бенасиб монд.
«Равшан» аввалин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» бо бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дода буд.
“Алтин Асир” дар даври аввал дар меҳмонӣ аз дастаи “Абдиш Ота”-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.
Бозии дигари даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи «Е», ки 5-уми октябр миёни дастаҳои «Марв» (Туркманистон) ва «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) доир гардид, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ота” бо чаҳор имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. “Равшан” ва “Марв” бо дуимтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум мебошанд. “Алтин Асир” бо як имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор дорад.
Бар асоси дастури Ҷоми AFC аз гурӯҳ танҳо дастаи ғолиб ба даври баъдӣ роҳ меёбад.
Ҷоми AFC-2023/24
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»
«Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Марв» (Туркманистон) – 0:0
21-уми сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 6750 тамошогар.
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:0
Даври 2-юм
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон) – 1:1
Голҳо: Эммануэл Мваненго, 17 (0:1), Муродбердиев, 53 (1:1)
«Равшан» (Тоҷикистон): Евгений Гритсенко, Холмурод Назаров (сарвони даста), Самуэл Офори, Муҳаммадҷон Насков (Бахтовари Хуршед, 87), Раҳматшо Раҳматзода, Айдан Окран, Масрур Қиёмиддинов, Ҷозеф Акомади, Шаҳриёри Иноятулло, Эммануэл Мваненго (Акобир Тӯраев, 90+4), Амирҷон Сафаров (Тоҳир Малодӯстов, 69).
5-уми октябр. Ашхобод, варзишгоҳи «Ашхобод».
«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – 1:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) |
2 |
1 |
1 |
0 |
4-1 |
4 |
2. |
«Равшан» (Тоҷикистон) |
2 |
0 |
2 |
0 |
1-1 |
2 |
2. |
«Марв» (Туркманистон) |
2 |
0 |
2 |
0 |
1-1 |
2 |
4 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
2 |
0 |
1 |
1 |
1-4 |
1 |
Даври 3-юм
26-уми октябр (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
9-уми ноябр (панҷшанбе)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)
Даври 5-ум
30-юми ноябр (панҷшанбе)
«Марв» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
14-уми декабр (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)