Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик бо таъсиси системаи миллии ҷустуҷӯ мехоҳанд, барномаҳои шабеҳи Гугл ва Яндексро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Муаллифони системаи ҷустори миллӣ бовар доранд, ки корашон барои Тоҷикистон муҳим аст. Мутахассисон барои муваффақ шудани ин тарҳ роҳи мушкилеро пешбинӣ мекунанд.
Лутфулло Тағоев гуфт, ҳама шароитро ба омӯзгорон муҳайё кардааст, ки дарсҳои худро ба шеваи интерактивӣ таҳия карда, онлайн ба хонандагон расонанд. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, барои ин кор аввал бояд мушкили дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон ҳал карда шавад.
Дар якуним соли охир, ки иқтисоди Тоҷикистон зери фишори пандемия аст ва бисёре аз соҳаҳо дучори рукуд шудаанд, 30 ташаббускор дар ноҳияҳои тобеи пойтахт бо гирифтани қарзи боимтиёз ва грантҳои Бонки Ҷаҳонӣ тавонистаанд, кори худро шуруъ кунанд.
Як сол пеш, дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон, чеҳраи наве дар фазои сиёсии кишвар пайдо шуд, ки қасди шахси аввали ҷумҳурӣ шуданро дошт.
Баҳси як ҷавони тоҷик бо ширкати "Ёқут-2000"-ум, ки далели маҷрӯҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, додгоҳӣ шуд.
Наздикони як ҷавони 21-сола мегӯянд, ки фарзандашон зери шиканҷаи мақомоти тафтишотӣ гуноҳи "таҷовуз ба номуси ноболиғ"-ро ба гардан гирифтааст. Пайвандони ноболиғ низ бар инанд, ки духтарашон зери фишор рух додани “ҷиноят”-ро тасдиқ кардааст, аммо ташхиси пизишкӣ бакорати ӯро солим нишон медиҳад.
Муаллифони паём гуфтаанд, барои иҷрои нақшаи худ иҷозаи раҳбарияти кишварро интизоранд. Мақомоти расмӣ ин даъватро шарҳ намедиҳанд, аммо баъзе аз вакилони порлумон гуфтанд, иштирок дар ҷанги кишварҳои бегона ҷазо дорад.
Намояндагии дипломатии ИМА дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ силсилаи озмунҳоро дар бахшҳои гуногун таҳти номи “Next30” роҳандозӣ кардааст.
Дучарха дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон (Ҷиликули пешин) як василаи аз ҷо ба ҷое расонидани аксари сокинон аст.
Азизҷон Азимӣ, донишҷӯйи ду донишгоҳи маъруфи Амрико Стенфорд ва Ҳарвард, дар Тоҷикистон Академияи зеҳни сунъии “Тajrupt.ai”-ро таъсис додааст ва ҳадаф дорад кишварро ба як маркази зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи Миёна табдил диҳад.
Додгоҳи ноҳияи Айнӣ се гумонбар ба куштори Азизбек Раҷабови 18 сола, сокини ҷамоати Урметанро муҷозот кард.
Ёфтҳои бештар