Бо вуҷуди авҷ гирифтани танқидҳо, Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил гуфт, ки аз нияташ барои амалиёти заминӣ дар шаҳри Рафаҳ даст намекашад.
Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Русия “истифодаи нодуруст”-ро аз Интернет “пешгирӣ” карда, пойгоҳҳои системаи интернетии GSM/UMS/LTE/5G-ро аз Чин биоранд.
Кумисюни марказии интихоботи Русия дархости Борис Надеждинро барои ширкат дар интихоботи пешорӯ дар ин кишвар рад кард. Вай ягона номзадест, ки ба зидди ҷанги Русия дар Украина аст. Интихоботи президентӣ дар Русия 17-уми марти имсол баргузор хоҳад шуд.
Мухолифони тоҷик аз бозпас фиристодани баъзе аз пайравонашон аз Аврупо ба Душанбе нигарон ҳастанд. Мегӯянд, ки ҷони онҳо дар хатар аст.
Мақомоти Русия гуфтанд, Тоҳирҷон Боқиев, маҳбусе, ки аз шиканҷа дар зиндони рақами 6-и Иркутск шикоят дошт, худкушӣ кардааст.
Муовини раиси “Тоҷикфилм” мегӯяд, Шарифҷон Тиллозода, ҷавони тоҷикро, ки дар Русия ба ҷосусӣ гумонбар аст, аз ин идора нарондаанд. Тиллозода 33-сола қаблан гуфта буд, ӯро беасос аз “Тоҷикфилм” ронданд.
Рӯзноманигорони Қирғизистон ва Қазоқистон дар соли 2024 бо фишори бепешинаи мақомоти давлатӣ рӯ ба рӯ шуданд. Саркӯбе, ки солҳои 2022 ва 2023 рӯзноманигорони тоҷик таҷриба карданд.
Мурофиаи дувуми соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти "Эр Граф" Сӯҳроб Раҷабзода рӯзи 26-уми январ дар Боздоштгоҳ гузашт. Ин бор ҳам пушти дарҳои баста.
Пас аз танқиди сахти Эмомалӣ Раҳмон аз кори мақомоти қудратии вилояти Хатлон раҳбарони аксари ин ниҳодҳоро аз ҷумла барои “бемасъулиятӣ” аз мансаб ронданд.
Порлумони Аврупо рӯзи 18-уми январи имсол бо қабули қатъномае аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки аҳдҳои додаашро барои риояи ҳуқуқи инсон иҷро кунад.
Барканории гурӯҳии мансабдорони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии вилояти Хатлон дар ҳафтаи гузашта (дар пайи ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон) баҳси гарму суолҳои зиёдеро эҷод кард. Дар гузашта чунин маврид кам иттифоқ афтода буд, ё агар сурат гирифтааст, расонаӣ нашуда буд.
Рӯзи 22-юми январ дар ҳамлаи силоҳдорони ҲАМОС дар Ғазза 21 сарбози исроилӣ кушта шудааст.
Ёфтҳои бештар