Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Манижаро дар Русия азият доданд?


Манижа Сангин
Манижа Сангин

​​​​​​​Манижа Сангин, овозхони тоҷики шаҳрванди Русия моҳи май таронаи навашро ба забони англисӣ муаррифӣ кард. Охирин намояндаи Русия дар озмуни байналмилалии “Eurovision”-ро мақомот ва нажодпарастони рус барои мавқеи зиддиҷангиаш таҳрим ва аз ҳаққи ташкили консерт маҳрум карданд.

Саҳифаҳои Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳимояташ аз тоҷикон дар воқеаи “Крокус” мавриди ҳамлаҳои фаровони интернетӣ қарор гирифт. Махсусан баъд аз он ки сарояндаи машҳури Русия Алла Пугачёва барои бадгӯиҳои зидди тоҷикон аз Манижа узр хост. Дар як суҳбаташ бо хабарнигори “Рейтерс” Манижа гуфт, мехоҳад, ки таронаи ахираш барои худи ӯву дигар мардуми ноумедшуда аз ҷангу хушунат умеде бубахшад.

Моҳи май Манижа таронаи навашро бо номи “Нури шамъ” муаррифӣ кард. Он ба забони англисӣ аст. Манижа барои мухолифаташ ба ҷанги Русия дар Украина бо фишору маҳдудиятҳо рӯбарӯ ва аз ҳаққи овозхонӣ дар саҳнаҳои консертӣ маҳрум шуд.

“Ин оҳанг барои ман маъноҳои зиёд дорад. Вақте шумо 24 соат дар рӯз зери фишор ҳастеду боварӣ, эҳсоси хушбахтиву ниҳоят худатонро гӯё аз даст медиҳед, ин умед муҳим аст. Ин оҳангро барои он навиштам, ки худро фаромӯш накунам, ки кӣ будам, пеш аз ҷанг чӣ касе будам. Вақте ин маъракаи сиёҳкунӣ сар шуд, вақте ин марҳилаи барои ҷаҳон даҳшатноке омад, дар куҷо будам. Муҳим аст, ки инро фаромӯш накунем,”—гуфт ӯ.

Манижаи 32-сола ширкатдори охирини озмуни бонуфузи мусиқии “Eurovision” аз Русия дар соли 2021 ахиран барои пуштибониаш аз тоҷикон дар паи ҳодисаҳои ҳамла ба “Крокус” мавриди ҳамлаҳои интернетӣ ва таҳқиру тавҳин қарор гирифт. Вале роҳи ӯ ба саҳнаҳои хориҷӣ ҳам чандон ҳамвор нест.

“Пеш аз ҷанг ман симои брендҳои зиёде будам, дуруст? Ба хотири таҳриму шиносномаи русиам онҳо ҳамкориро бо ман бас карданд, агарчанд медонанд, ки ман мавқеи зиддиҷангӣ дорам. Ин ҳам як дарди иловагӣ шуд, чунки ман намефаҳмам, ки чаро мардум моро барои шаҳрвандиамон баҳо медиҳанд, ин одилона нест,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Манижа дар бораи кӣ буданаш тарона хонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Манижа талош дорад, барномаи нави консертии худро дар кишварҳои хориҷӣ барпо кунад. “Ман таронаи навамро пеш аз ҳам барои худам навиштам. Орзуи ман чист? Ман одамонро ҳимоят ё наҷот дода наметавонам, ман аблаҳ нестам, мефаҳмам, ки ин кор аз дасти ман намеояд. Вале ман метавонам ба дигарон як илҳоме бубахшам, ки ҳамаи ин ҳодисаҳоро бо дили софу пур аз умед пуштисар кунанд.”

Манижа Сангин – овозхони тоҷикест, ки дар хурдсолӣ бо оилааш дар Русия муҳоҷир шуд ва соли 2020 сафири ҳусни нияти СММ дар умури паноҳандагон интихоб гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG