“Ду тараф ҳамчунон рақобати сиёсиву иқтисодӣ доранд. Агар баёнияҳои раиси ҷумҳури Туркияро бубинем, бисёр эҳтиёт мекунад, то аз назари стратегӣ ҳадди ақал гапи манфие нагӯяд. Туркия рӯзи мотами миллӣ эълон кард, ҳеч кишвари арабие ин корро накардааст,” – гуфт Ҳусейн Боғчӣ аз Донишгоҳи Техникии Ховари Миёна.
Ҳарчанд Туркия барои марги Иброҳим Раисӣ як рӯзи азо эълон кард, ин воқеиятро пинҳон дошта наметавонад, ки ду тараф барои нуфуз дар чанд минтақа рақобати афзоянда доранд.
Ба қавли Билгиҳан Алагоз аз Донишгоҳи Мармараи Туркия, "барои амнияти миллии Туркия, ояндаи Қафқози Ҷанубӣ, Ироқ ва Сурия бисёр муҳим аст. Ва дар ин ҷойҳо Туркия ба мухолифати Эрон ба манофеи худ рӯ ба рӯ аст."
Туркия ҳоло барои як амалиёти азим ба зидди пойгоҳҳои ҷудоиталабони курд дар Ироқу Сурия омода мешавад, ки ба зидди он меҷанганд. Дар гузашта Эронро барои адами дастгирӣ аз ин талошҳояш батакрор танқид кардааст.
Бо марги Раисӣ, дар Эрон интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Акнун ба қавли таҳлилгарон барои Туркия фурсате барои пешбурди ҳадафҳояш расидааст ва бахусус бо назардошти мухолифатҳои дохилӣ дар Эрон.
Ҳусейн Боғчӣ аз Донишгоҳи Техникии Ховари Миёна гуфт: "Албатта, мубориза барои қудрат идома мекунад. Инҷо низомиён бо рӯҳониён ҳастанд. Ду тараф бо ҳам шариканд, вале айни замон ҳарду ниҳод зидди якдигар мубориза мебаранд."
Ба қавли таҳлилгарон, агар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ қудрати бештар бигирад, истифода аз гурӯҳҳои дастнишондааш дар Ироқу Сурияро бештар мекунад, ки аксаран манофеи Туркияро ҳадаф мегиранд. Ин кор рақобат байни Эрону Туркияро шиддат мебахшад.
"Ин эътимоди беш аз ҳадди Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳамроҳ бо қудрати сиёсӣ мояи бесуботӣ дар Ховари Миёна мешавад. Ва Туркия ҳамеша аз ин масъала нигарон хоҳад буд," – шарҳ дод Билгиҳан Алагоз.
Бо рақобати Эрону Туркия барои тақвияти нуфуз дар Сурияву Ироқу Судон, ба қавли таҳлилгарон, гузаштани қудрат ба дасти раҳбари нав дар Эрон метавонад пайомадҳои ҷиддие дар минтақа дошта бошад.
Видеоро дар инҷо бинед: