Баъди марги президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бисёриҳо ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки оё даргузашти ӯ боиси тағйироти ҷиддие дар сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии исломӣ мешавад ё на. Таҳлилгарон мегӯянд, набояд интизори дигаргуниҳои бузург буд.
Иброҳим Раисӣ, президенти муҳофизакори тундрави Эрон, ки бисёриҳо ӯро раҳбари рӯҳонии ояндаи Эрон меномиданд, дар 63-солагӣ даргузашт.
Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷинояти Созмони Милали Муттаҳид аз ин додгоҳ хостааст, ки барои ҳабси Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ва се раҳбари ҲАМОС дастур диҳад. Йоав Галант, вазири дифои Исроил низ исмаш дар ин феҳраст аст.
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, чеҳраи муҳофизакор ва аз пуштибонҳои қавии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ба таври фоҷиавӣ дар 60-солагӣ даргузашт.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон даргузашти Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон ва ҳамроҳонашро “талафоти бузург” номидааст.
Маросими видоъ бо Раҳматилло Зоиров ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ҳузури андаки ҳамсафон, дӯстон ва пайвандонаш сурат гирифт.
Гуфтугӯ барои оташбас дар Ғазза ва раҳоии гаравгонҳо миёни Исроил ва созмони ҲАМОС, ки дар Аврупо ва Амрико террористӣ дониста мешавад, қатъ шудааст.
Тағйири қонунии раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ё табаддулоти навбатӣ дар ин иттиҳодияи сиёсӣ?
Президенти Гурҷистон, Саломе Зурабишвилӣ, эълон кард, ки ба қонуни “агенти хориҷӣ” “вето” гузошт.
Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдони шинохта, раҳбари собиқи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва дар гузашта мушовиру баъдан мухолифи президент Эмомалӣ Раҳмон, дар 67-солагӣ даргузашт.
Аз ҳодисаҳои хунин дар Хоруғ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду сол гузашт. Ҳодисае, ки рӯзи 16-уми майи соли 2022 бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва истеъфои раисони шаҳри Хоруғ ва ВМКБ сар шуд ва бо марги 34 нафар поён ёфт.
Як созмони байнулмилалӣ ибрози нигаронӣ кардааст, ки бо гузашти ду сол аз кушта шудани 34 кас ва боздошту ҳабси даҳҳо нафари дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳанӯз касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд.
Ёфтҳои бештар