Дар Туркия чашмҳои зиёде ба сӯи Эрон дӯхта шудааст, ки ба ҷойи президенти собиқ Иброҳим Раисӣ кӣ меояд. Раиси ҷумҳури Эрон ва чанд ҳамроҳаш, аз ҷумла вазири умури хориҷӣ, 19 май дар натиҷаи суқути ҳавопаймо ҷон бохтанд. Робитаҳои ду кишвар, ки рақиб низ ҳастанд, дар як марҳилаи муҳиме қарор дорад.