Бархе аз сокинон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки чанд ҳафтаи ахир онҳоро барои доштани риш ва ҳиҷоб бозпурсӣ мекунанд.
Дар ҳоле ки нигарониҳо аз афзоиши пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бештар садо медиҳад, худи ҷавонон сабабу омилҳои ин равандро гуногун арзёбӣ мекунанд.
Як намояндаи мухолифони тоҷик дар Аврупо ҳукумати ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро барои "бедалел" ва "зӯран" кашида гирифтани заминаш муттаҳам кард ва онро тасмими сиёсӣ донист.
Се давлати аврупоӣ – Норвегия, Ирландия ва Испания рӯзи 22-юми май давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд.
Ғуломҳусейн Исмоилӣ, раиси дафтари президенти Эрон ҷузъиёти суқути чархболеро нақл кард, ки дар он рӯзи 19-уми май президент Иброҳим Раисӣ даргузашт.
Манижа Сангин, овозхони тоҷики шаҳрванди Русия моҳи май таронаи навашро ба забони англисӣ муаррифӣ кард. Охирин намояндаи Русия дар озмуни байналмилалии “Eurovision”-ро мақомот ва нажодпарастони рус барои мавқеи зиддиҷангиаш таҳрим ва аз ҳаққи ташкили консерт маҳрум карданд.
Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсии тоҷик аз мақомоти Литва хостааст, ки мақоми паноҳандагии ӯро барқарор намуда, аз ихроҷаш ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.
Баъди марги президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бисёриҳо ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки оё даргузашти ӯ боиси тағйироти ҷиддие дар сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии исломӣ мешавад ё на. Таҳлилгарон мегӯянд, набояд интизори дигаргуниҳои бузург буд.
Иброҳим Раисӣ, президенти муҳофизакори тундрави Эрон, ки бисёриҳо ӯро раҳбари рӯҳонии ояндаи Эрон меномиданд, дар 63-солагӣ даргузашт.
Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷинояти Созмони Милали Муттаҳид аз ин додгоҳ хостааст, ки барои ҳабси Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ва се раҳбари ҲАМОС дастур диҳад. Йоав Галант, вазири дифои Исроил низ исмаш дар ин феҳраст аст.
Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, чеҳраи муҳофизакор ва аз пуштибонҳои қавии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ба таври фоҷиавӣ дар 60-солагӣ даргузашт.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон даргузашти Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон ва ҳамроҳонашро “талафоти бузург” номидааст.
Ёфтҳои бештар