Раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, як идораи вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, сару садоро дар мавриди интиқоли эҳтимолии қудрат дар ҷумҳурӣ бепоя хонд. Хайриддин Усмонзода рӯзи 31-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “ҳоло танҳо омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ аст”.