Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ваъдаи аз байн рафтани лимитро дод, аммо аз муҳоҷирон нагуфт


Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар моҳи декабр дар бораи натиҷаҳои кори ҳукумат ба вакилони Маҷлиси олӣ суханронӣ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар моҳи декабр дар бораи натиҷаҳои кори ҳукумат ба вакилони Маҷлиси олӣ суханронӣ мекунад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 28-уми декабр дар паёми солонааш ба порлумон, аз кори ҳукумат дар панҷ соли ахир натиҷагирӣ кард ва ба мардум ваъдаҳои зиёде аз ҷумла дар бораи аз байн бурдани норасоии нерӯи барқ ва беҳтар кардани зиндагӣ дод.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 2027 дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ аз байн меравад ва маошу нафақа ҳам зиёд мешавад. Аммо раиси ҷумҳур имсол дар бораи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, боздошт, озору азияти онҳо чизе нагуфт.


Тавсиф аз зиёд шудани даромади мардум
Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар бинои нави порлумон садо дод. Ин бино бо пули Чин сохта шуда, моҳи июли имсол ифтитоҳ шуда буд. Суҳбати дуюнимсоатаи Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилон аз суханрониҳои қаблии ӯ фарқи зиёд надошт ва яке аз тафовутҳояш ин аст, ки барои бисёре аз вакилон суханронии охирин мешавад, чун салоҳияташон то чанд моҳи дигар ба поён мерасад ва қарор аст, соли оянда интихоботи порлумонӣ сурат бигирад.


Бахши асосии суханронии раиси ҷумҳур тавсиф аз кори ҳукумат аз ҷумла, рушди иқтисод, зиёд шудани маош, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши даромади аҳолӣ буд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, даромади мардуми Тоҷикистон давоми панҷ соли ахир се баробар зиёд шуда, аз 48 миллиард сомонӣ ($ 4.4 млрд) ба 147 миллирд сомонӣ ($13,4 млрд) расид. Як далели беҳтар шудани вазъи зиндагии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба гуфтаи президент, зиёд шудани нақлиёт дар кишвар аст. Дар ҳоле, ки президенти Тоҷикистон инро дастоварди кори ҳукумат ва порлумон номид, созмонҳои молии ҷаҳонӣ пули муҳоҷиронро яке аз омилҳои асосии беҳтар шудани зиндагии мардум дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.


Тибқи омори раиси ҷумҳури Тоҷикистон, маоши кормандони буҷавӣ давоми панҷ соли ахир сад дарсад зиёд зиёд шуд, аммо дар ин муддат таваррум ё болоравии нархҳо ҳамагӣ 29 дарсад будааст. Ҳаҷми нафақа ҳам ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон давоми панҷ соли ахир 1,5 баробар афзоиш ёфт. Президент ваъда дод, ки соли оянда маоши омӯзгорон 30 дарсад ва дастмузди дигар кормандони буҷавӣ 20 дарсад зиёд мешавад.
Ба қавли Алим Шерзамонов, узви Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишва аст, «баъзе аз ин рақамҳо худфиребианд.»

Ӯ дар шарҳи суханронии раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: «Сатҳи таваррум дар соли 2024 ба бовари худаш ҳамагӣ 3,6 дар сад будаст, ки бо камтарин назар ба нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар ибтидои сол ва охири сол қифоя аст, ки ин арқомро зери суол барем. Банда чун ба омори дақиқ дастрасӣ надорам ва ба гумонам чунин омор дар Тоҷикистон аслан вуҷуд надорад, наметавонам сатҳи воқеии таваррумро дар ин матлаб қотеъона биёрам, вале бо таҳлили сарсарӣ сатҳи таваррумро аз 12 то 15 дар сад баҳо медиҳам. Дар Тоҷикистон чун бозори озоди асъор ва қоғазҳои қиматнок вуҷуд надорад, вобаста донистани сатҳи таваррум қурби расмии арзи миллӣ фақат барои ҷӯр кадани ҳисоботи хушбинонаи молӣ коромад ҳасту халос.»

Тавсифҳои президент дар ҳоле садо медиҳанд, ки мардуми Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ пастарин маош ва нафақаро мегиранд. Тибқи омори расмӣ, маоши миёна дар Тоҷикистон дар аввали имсол, 2013 сомонӣ ($184 доллар) аст. Барои намуна маоши миёни дар Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон 376 доллар (4100 сомонӣ) аст.

Ваъдаи дубораи президент, лимит аз байн меравад?


Як ҳафта қабл аз суханронии президент дар назди вакилони порлумон, хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинони Душанбе пурсид, ки аз Эмомалӣ Раҳмон дар кадом мавзуъ шунидан мехоҳанд? Бештари ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, мунтазиранд, ки президент дар бораи мушкилӣ бебарқӣ чӣ мегӯяд. Аҳолии рустоҳои Тоҷикистон сар аз моҳи сентябр бо маҳдудият барқ мегиранд ва ин масъала интиқоди зиёдро аз кори ҳукумат зиёд кардааст.


Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш то ҷое талош кард ба ин танқидҳо посух диҳад ва аз мардум дилбардорӣ кунад. Ӯ берун аз варақ гуфт, “ташвишу заҳмати мардуми Тоҷикистон” эҳсос мекунад ва ваъда дод, ки сар аз моҳи майи соли 2027 камбуди барқ дар кишвар аз байн меравад.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи як чархаи нерӯгоҳи Роғун гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба “афсона” табдил хоҳад ёфт. Вале аз он ба баъд, ҳар сол дар Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ мешавад. Раиси ҷумҳур илова кард, ки 50 дарсад корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” ба анҷом расидааст, ки бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа мешавад.

Бархе мунаққидон мушкилро на танҳо бо кори ҳанӯз нопурраи нирӯгоҳҳои барқии обӣ, балки бо фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояи мисли Афғонистону Узбекистон дар фасли зимистон рабт медиҳанд.

Муҳоҷирон фаромӯш шуданд?


Бар хилофи соли гузашта имсол Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба вазъи муҳоҷирони тоҷик ишорае накард. Ӯ танҳо гуфт, “ҳимояи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шараф ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошанд.”


Муҳоҷирони кории тоҷик, ки шумораашон беш аз як миллон нафар гуфта мешавад, ба гуфтаи худашон имсолро вазнин паси сар карданд. Бахусус баъд аз ҳамла ба толори “Крокус” дар Маскав, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар он боздошт карданд. Баъди ин ҳодиса ба гуфтаи муҳоҷирон ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия зиёд шуд ва садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ҳам аз фурудгоҳҳои Русия баргардонданд.


Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба мақомот умумӣ дастур дод, ки “ҷиҳати ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои судманд андешанд.” Аммо президент мушаххас нагуфт, ки чӣ тадбирҳо.


Соли гузашта раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмаш ба порлумон аз вазъи муҳоҷирони корӣ, бахусус занон, изҳори нигаронӣ карда гуфта буд, “шароити муҳоҷиронро нағз медонам.” Онҳое, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандонаш рафтаанд, чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён фақат фикри нафси бади худро дорем,” – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Ба қавли Алим Шерзамонов: "Шояд бори аввал бошад, ки ин дафъа дар паёмаш Раҳмон нуктаи марказиро тавҷеҳ аз камбудиҳои ҳукуматаш, ки аз назари коршиносони милливу хориҷӣ садо медиҳад, ташкил дод. Агар дар собиқ шеваи паёмаш бовиқоронатар аз барҷаста нишон додани дастовардҳояш шурӯъ аз соли 1992 то ба паём бошад, ин дафъа бештар шеваи худсафедкунӣ ва овардани рақамҳои на он қадар хушбинкунанда буд."


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи сиёсати хориҷӣ аз ҷумла, аломатгузории марз бо Қирғизистон, равобит бо Афғонистон ва хатарҳо аз он кишвар чизе нагуфт, ҳарчанд паёми ӯ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» аст.
Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад. Маъмулан дар пайи паём телевизионҳои расмӣ рӯзҳо ин мавзуъро инъикос карда, гурӯҳҳои вижа барои фаҳмондани нуктаҳои он таъсис дода мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG