То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон камтар аз ду моҳ мондааст. Аксар ҳизбҳои сиёсӣ анҷуман оростанду номзадҳои худро муаррифӣ карданд. Сокинон бояд аз миёни онҳо 63 касро намояндаи худ интихоб кунанд. Фазои пеш аз интихобот дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
На анҷуман, на номзад
Гурез аз хабарнигорон, надоштани қароргоҳ, набудани расонаву саҳифаҳо дар Интернет, мушкилӣ дар баргузории анҷуман баёнгари вазъи аксар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар пешорӯйи интихоботи порлумонист.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки то чанд сол пеш танҳо ҳизби мухолифи воқеӣ дар дохил дониста мешуд, то кунун на анҷуман баргузор карда, на номзадҳояшро муаррифӣ намудааст. Ин ҳизб пас аз марги бунёдгузораш – Раҳматилло Зоиров ва ҳабси муовини аввалаш – Шокирҷон Ҳакимов аз худ ҳеч дарак надод.
Қиёмиддин Азизов, раиси ҳизб, дар як паёми хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо ҳатман ҳадафи иштирок дар интихоботро дорем, аммо дар мадди аввал бояд анҷуман баргузор кунем", аммо нагуфт, ки кай.
“Шояд ҷойҳои зиёдтарро соҳиб шавем”
Аҳзоби дигар анҷуманҳои худро баргузор ва номзадҳояшонро маълум кардаанд. Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, номзадии 13 танро аз рӯйхати ҳизбӣ пешбарӣ кардаанд ва барои ҳавзаҳои ҷудогона номзадҳои дигар доранд.
"Ҳадафи мо бештар гирифтани ҷойҳо дар Маҷлиси Намояндагон аст. Мо ду даъват аст, ки фраксияи худро дорем. Ин дафъа ҳам кӯшиш мекунем, ки фраксия боқӣ монад ва шояд ҷойҳои зиёдтарро соҳиб шавем,” -- таъкид кард Латифзода.
"Рақиби ҷиддиеро намебинем, вале..."
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабри соли 2024 анҷуман гузаронд ва номзадҳои худро пешбарӣ кард.
Абдураҳмон Хонзода, раиси дастгоҳи марказии ҲХДТ, гуфт, ҳарчанд дар корзори пешорӯ “рақиби ҷиддиеро намебинем”, омодагии ҷиддӣ дидаанд, чун баъзе ҳизбҳо метавонанд ногаҳон бартарии сиёсӣ пайдо кунанд.
“Агар солҳои қабл усули маҳалла ба маҳалла, ё кӯча ба кӯча як шакли воситаи таблиғоти ҳизби мо ба ҳисоб мерафт, дар интихоботи нав таблиғи номзадҳои ҳизби мо тавссути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО-и интернетӣ бештар сурат мегирад,” – мегӯяд Хонзода.
Намояндагони ҳизбҳои дигар бо баҳонаҳои мухталиф гап назаданд, вале онҳо дар анҷуманҳои худ иддаои ҳузури ҷиддӣ дар интихоботиро доштанд. Дар ҳоле ки раҳбарону масъулони онҳо аз расонаҳо мегурезанд, масъули матбуотӣ надоранд ва бархе бидуни доштани қароргоҳ ба ин маърака ворид шудаанд.
"Фарҳанги тоҷикона"?
Чанде пеш Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо такя ба қавли теъдоде аз мусоҳибону коршиносон фазои пешазинтихоботии Тоҷикистонро барои баргузории интихоботи демокративу шаффофу озоду одилона номусоид тасвир кард.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва шореҳи сиёсӣ, дар матлабе дар нашрияи “Фараж” фазои пешазинтихоботии Тоҷикистонро чунин хулоса кардааст: "Тоҷикистон хеле шуд фазои интихоботӣ надорад… Интрига ё муаммои асрорангезро тақрибан касе интизор надорад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳатто роҳбарияти ояндаи парлумонро пешгӯӣ мекунанд ва ҳеҷ вақт нашудааст, ки дар ин фарзияҳо иштибоҳ пеш ояд."
Сайфулло Сафаров, сиёсатшиноси тарафдори ҳукумат, эҳсос нашудани саҳнаи гарми рақобатҳои интихоботиро на ба воқеияти фазои сиёсии Тоҷикистон, балки ба фарҳанги рақобат миёни тоҷикон рабт дод.
Ӯ гуфт: “фарҳанги тоҷиконаи мо иҷозат намедиҳад, ки якдигарро танқид кунем, туҳмат кунем, ғайбат кунем, ба мисле ки дар Амрико ҳаст. Ин хел корро мардуми мо карда наметавонад. Шояд ин хуб бошад, бад набошад."
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси Намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи дуюми март баргузор мешавад.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ мавҷуд аст. Аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳоким дар ихтиёр дорад. Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан бо доштани 7 ва 5 вакил фраксияи худро дар порлумон ташкил додаанд. Ҳизби коммунист ду вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократии Тоҷикистон яктоӣ курсӣ доранд.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини ҲДТ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумон, тобистони соли 2024 бо гумони “ғасби ҳокимият” ва “талоши табаддулот” боздошт шуд. Танҳо ҳизбе, ки порлумонӣ нест, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст.