Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Завқӣ Завқизода аз мақоми вазирӣ барканор шуд


Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо аз мақомаш барканор шуд.
Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо аз мақомаш барканор шуд.

Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Абдураҳмон Абдураҳмонзода таъин шудааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябр хабар додааст, ки Абдураҳмонзода "собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ" дорад.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон буда, бародари Мизробшоҳ Абдураҳмонзода, додситони шаҳри Душанбе ҳаст. Ӯ то ин дам муовини раиси шаҳри Душанбе буд.

Завқӣ Завқизода аз соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдо буд. Хабаргузории "Азия плюс" аз қавли манбаҳояш навиштааст, ки Завқӣ Завқизода сафири Тоҷикистон дар Амрико таъин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сафирони Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Австрия ва Италияро дигар кардааст.

Ҳанӯз исми сафирони нав эълон нашудааст.

Таъиноти кадрии ҳукумати Тоҷикистонро мухолифон "ҷойивазкунии кадрҳо" меноманд.

Мухолифон мегӯянд, мансабҳо на аз рӯи шоистагӣ, балки аз рӯи наздикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва садоқат ба ӯ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG