Ҳафтаи гузашта дар Вашингтон мулоқоти таърихии раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида баргузор шуд, ки ба даҳсолагии таъсиси маҳфили С5+1 бахшида шуд. Президент Доналд Трамп баъди ин ҷаласаву нишасти соҳибкорон гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико ба миқдори даҳҳо миллиард доллар тарҳҳои муштараки тиҷоратию сармоягузориро ба роҳ мемонанд. Вазорати корҳои хориҷии ИМА хабар дод, ки ширкатҳои Амрикову Тоҷикистон бо ҳам дар ҳаҷми беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо кардаанд.
Сидни Кемлегер-Дав, вакили Маҷлиси намояндагони Амрико ва узви зеркумитаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ яке аз ташаббускорони баргузории ҳамоиши президентони Осиёи Марказӣ ва Доналд Трамп мебошад. Ӯ дар остонаи ин нишаст дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз зарурати ҳамкориҳои наздики Вашингтон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суҳбат кард. Раиси Бахши қазоқии Радиои Озодӣ Тӯрақул Дооров аз Сидни Кемлегер-Дав пурсид, ки ҳамкориҳои миёни Амрико ва Осиёи Марказиро чӣ гуна арзёбӣ мекунад?
Сидни Кемлегер-Дав: “Бояд бигӯям, ки Осиёи Марказӣ бо баъзе кишварҳое ҳаммарз аст, ки Иёлоти Муттаҳида бо онҳо бештар аз дигар давлатҳо мушкил дорад. Ин Русия, Чин, Эрон ва Афғонистон. Ва ҳамин чиз ба нақши муҳиме, ки кишварҳои Осиё Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Амрико иҷро мекунанд, таъкид дорад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки мо битавонем ин ҳамкорӣ ва шарикиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амиқтар бикунем. Баррасии роҳҳои нави тиҷорат муҳим аст. Коҳиш додани саҳми Русия дар иқтисоди минтақа муҳим мебошад. Муҳим аст, ки мо дар бораи аҳамияти истиқлоли миллӣ сӯҳбат мекунем. Идомаи дастгирии занону духтарон дар Афғонистон, ки таҳти таҳдиди "Толибон" мебошанд, муҳим аст. Идомаи пуштибонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва фишор барои сабтиноми журналистон муҳим аст. Мо медонем, ки шаффофият ва ба ҷавобгарӣ кашидан ва мубориза бурдани матбуот зидди таблиғоте, ки аз кишварҳои дигар меояд, фавқулода муҳим аст."
Радиои Озодӣ: Дар остонаи нишаст чанд созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз Кохи Сафед, аз ҷумла хостанд, ки дар миёни масоили муҳими дигар дар ҳамоиши C5+1 мавзӯи ҳуқуқи инсонро ҳам фаромӯш накунанд. Чӣ гуна ИМА тавозуни миёни манфиатҳои иқтисодиву амниятии худ ва уҳдадориҳояш дар робита бо дастгирии озодиҳои демократиро дар минтақа риоя хоҳад кард?
Сидни Кемлегер-Дав: "Саволи хуб аст. Ҳамонгуна, ки ҳамгироии журналистӣ фавқулода муҳим аст, барномаҳои маърифативу фарҳангӣ низ фавқулода муҳиманд. Мо ҳам дастгирии ин соҳаҳоро идома медиҳем ва ҳам сари ин масъалаҳо тамаркуз мекунем ва инчунин масоили ҳуқуқи инсон, кор ва ғайра. Ман аз он амиқан нороҳат шудам, ки маъмурияти Трамп нақши гузориши солонаи ҳуқуқи инсонро хеле поин овард. Ба бовари ман, ин як василаи муҳими муколама мисли ин аст, ки ҳоло пеш мебарем. Барои ман, тавре гуфтам, масоили занон бисёр наздик аст. Ман дар ҳар мулоқот масоили занону духтарони афғони таҳти таҳдиди "Толибон"-ро матраҳ мекунам. Ҳамингуна дар робита бо озодиҳои динӣ, озодиҳои корӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳо суҳбатҳоро идома медиҳам. Ин ҳамон чизҳоест, ки мо бояд дар бораашон гап занем, пайгирӣ кунем ва роҳҳоеро пайдо кунем, ки ҳамкории бештар дошта бошем, то ҳамаи мардум дар ватанашон ва низ ҳангоми сафарҳои хориҷӣ худро озод ҳис кунанд."