Эмсал Коҷ, собиқ роҳбари маркази "Диалог" дар Душанбе, ки аз тарафдорони Фатҳулло Гюлен ном бурда мешуд, аз Тоҷикистон ба Туркия бурда шудааст. Маркази озодии Стокҳолм гуфтааст, ин шаҳрванди Туркияро ғайриқонунӣ ба Туркия бурда, бо далели робитааш бо ҷунбиши Гюлен боздошт карданд.