Русия ва Арабистони Саудӣ, бузургтарин содиркунандагони нафт дар ҷаҳон рӯзи душанбеи 3-юми июл эълон карданд, ки коҳиши тавлиди нафтро идома хоҳанд дод. Ин тасмими боиси афзоиши қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд.
Он ҳам дар шароите, ки нигаронӣ дар мавриди уфти шадиди рушди иқтисодии ҷаҳон дар моҳҳои оянда бештар шудааст.
Арабистони Саудӣ гуфт, коҳиши як миллион бушка дар рӯз аз тавлиди нафтро то поёни моҳи август идома медиҳад ва ин тасмим мумкин аст то баъд аз моҳи август низ тамдид шавад.
Чанд соат пас аз тасмими Риёз, Александр Новак, муовини нахуствазири Русия низ гуфт, ин кишвар дар моҳи август ним миллион бушка аз тавлиди нафти худро коҳиш медиҳад.
Якуним миллион бушка коҳиши содироти нафти Арабистони Саудӣ ва Русия баробари 1,5 дарсад аз нафти мавриди ниёзи ҷаҳон аст ва бо ин тасмим дар умум ҳаҷми коҳиши тавлиди ОПЕК ва кишварҳои ҳампаймон ба 5,16 миллион бушка дар рӯз мерасад.
То қабл аз тасмими рӯзи душанбе, ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ва кишварҳои ҳампаймон тавлиди худро 3,66 миллион бушка дар рӯз коҳиш дода буданд, ки баробар ба 3,6 дарсади нафти мавриди ниёзи ҷаҳон аст.
Онҳо соли гузашта дар мавриди коҳиши ду миллион бушка ба созиш расиданд ва дар моҳи апрели имсол низ ҳаҷми тавлиди ОПЕК ва кишварҳои ҳампаймон бар асоси тасмими довталабонаи аъзо 1,66 миллион бушка дар рӯз коҳиш ёфт, ки то декабри соли 2024 идома хоҳад дошт.
Таҳти таъсири тасмими Арабистони Саудӣ ва Русия нархи ҳар бушка нафти хом ҳудуди 89 сент афзоиш ёфта, ба 76,30 доллар расид.
ОПЕК ва кишварҳои ҳампаймон, аз ҷумла Русия дар маҷмуъ ҳудуди 40 дарсад аз нафти хоми ҷаҳонро тавлид мекунанд.
Онҳо моҳи ноябри соли гузашта тасмим гирифтанд ҳаҷми тавлиди худро коҳиш диҳанд, вале ин иқдом натавонист қимати миёнаи ҳар бушка нафт дар бозори ҷаҳониро, ки байни 70 то 80 доллар будааст, афзоиш диҳад.
Хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ ба нақл аз як манбаи расмии вазорати энержии ин кишвар гуфт, "ҳаҷми тавлид дар моҳи август ҳудуди 9 миллион бушка дар рӯз хоҳад буд".
Ин кишвар, ки раҳбари ОПЕК қаламдод мешавад, аввалҳои моҳи июл низ эълон кард, ки илова бар созиши соли гузашта барои коҳиши тавлиди тамоми аъзои ОПЕК то охири соли 2024 ба шакли довталабона ҳаҷми тавлиди худро коҳиш хоҳад дод.
Русия ки баъд аз Арабистони Саудӣ дувумин содиркунандаи нафти ҷаҳон аст, дар моҳи март эълон карда буд, ки ҳаҷми тавлиди худро то поёни соли ҷорӣ ҳудуди 500 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш дода, ба 9,5 миллион бушка дар рӯз мерасонад.
Гуфтугӯ