Призеднти Фаронса, Эммануел Макрон, ба далели бетартибиҳо дар ин кишвар сафари расмияш ба Олмонро лағв кард. Қарор буд нахустин сафари кории ӯ ба Олмон рӯзҳои 2 то 4-уми июл баргузор шавад.
Сӯзондани нусхаи Қуръон дар шаҳри Стокҳолм, маркази Шветсия, вокунишҳои густурда ва тундро дар баъзе аз кишварҳои исломӣ ва мусулмонӣ ба бор овард. Мақомоти Туркия ин амалро маҳкум карданд.
Шуморе аз ироқиҳо дар эътироз ба сӯзонидани Қуръон дар Шведсия, ба кӯчаҳои Бағдод баромаданд.
Мақомҳои истихборотии Амрико мегӯянд, маълумоте пайдо кардаанд, ки нишон медиҳад, як генерали баландпояи артиши Русия пеш аз ошӯби гурӯҳи "Вагнер" аз барномаи фармондеҳи ин гурӯҳи низомии муздур, хабар доштааст.
Мақомоти курд дар Сурия мегӯянд, аъзои хориҷии ДОИШ-ро баъд аз солҳо боздошту нигаҳдорӣ муҳокима хоҳанд кард. Гап дар бораи беш аз даҳ ҳазор нафар меравад, ки мумкин аст дар байнашон тоҷикон низ бошанд.
Владимир Путин, рӯзи 26 июн дар нахустин изҳороти телевизионии худ пас аз поёни "ошӯби мусаллаҳона"-и ниманизомиёни ширкати муздури "Вагнер" таъкид кард, ки ташкилкунандагони ин шӯриш муҳокима хоҳанд шуд.
Чанде аз сиёсатшиносони тоҷик ба инанд, як муомилаи пинҳон байни Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Евгений Пригожин, муассиси ширкати хусусии низомии “Вагнер” боиси хомӯш шудани балвои вагнериҳо шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи якшанбе гуфт, ошӯби ширкати муздури "Вагнер" чолиши бесобиқаеро барои Владимир Путин ба миён овард ва мумкин аст ҳанӯз тамом нашуда бошад ва "ҳафтаҳо ё моҳҳо" идома ёбад.
Сухангӯйи Кремлин созишро бо раиси ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" Евгений Пригожин, ки ба "ошӯби мусаллаҳона" поён дод, тасдиқ кард.
Евгений Пригожин, мудири ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер", ки ин шабу рӯз номаш дар сархати расонаҳои ҷаҳон аст, 62-сола ва зодаи шаҳри Санкт-Петербург аст. Дар навҷавонӣ ба сабаби дуздӣ ва қочоқ дастгиру муҳокима шуда.
Президенти Русия мардуми кишварашро ба ягонагӣ даъват кард ва ваъда дод, ки барои ҳифзи Русия "тамоми корро" мекунанд.
Раиси ҷумҳурии Русия дар пайи гузоришҳо дар бораи ишғоли иншооти низомӣ ва идораҳои давлатӣ аз тарафи ҷангҷӯёни "Вагнер" дар Ростови лаби Дон гуфт, барои ҳифзи кишвараш "тамоми корро" мекунанд.
Ёфтҳои бештар