Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз чаҳор манбаи эронӣ ва як дипломати огоҳ гузориш дод, ки Чин аз Ҷумҳурии исломии Эрон хостааст, то ба пешгирӣ аз ҳамлаҳои гурӯҳи Ҳусӣ ба ҳаракати киштиҳо дар Баҳри Сурх кӯмак кунад ва дар ғайри он, робитаҳои тиҷоратии Теҳрон ва Пекин "осеб" хоҳад дид.
Имрӯз, 25-уми январ, аз боздошти Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, дар Русия 100 рӯз гузашт.
Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) рӯзи 24-уми январ размоиши калонтарини худро аз замони Ҷанги сард шурӯъ кард. Дар ин размоиш беш аз 90 ҳазор нерӯи кишварҳои узви паймон иштирок доранд. Размоиш то моҳи май идома хоҳад кард.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Исроилро ҳушдор дод, ки напазируфтани роҳҳи ҳалли ташкили кишвари мустақили Фаластин, ҷанги кунуниро, ки таҳдид ба сулҳи ҷаҳонӣ аст, ба таври номаҳдуд дарозтар хоҳад кард.
Рӯзи 22-юми январ дар ҳамлаи силоҳдорони ҲАМОС дар Ғазза 21 сарбози исроилӣ кушта шудааст.
Дар Покистон нигарониҳо аз эҳтимоли озоду одилона барпо шудани интихоботи 8-уми фервали сартосарӣ бештар мешавад. Яке аз сабабҳои чунин ҳол таъқиби ҳизби сарвазири собиқи ин кишвар Имрон Хон ва дигаре даъватҳо ба таъхири овозодиҳӣ аст, ки бо ишора ба таҳдидҳои амниятӣ матраҳ мешавад.
Вазорати беҳдошти борикаи Ғазза рӯзи 21 январ гуфт, шумори талафоти фаластиниҳо дар ҷанги Исроил баъди ҳуҷуми Ҳамос - созмоне, ки онро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд, аз 25 ҳазор нафар гузашт. Исроил аз даргузашти як гаравгони дигар хабар дод.
Як таҳқиқ нишон додааст, Русия аз замони оғози ҷанг дар Украина дар рӯзи 24-уми феврали соли 2022 то кунун бештар 42 000 сарбозашро талаф додааст.
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 18-уми январ гуфт, барои ҳалли таҳдидҳои амниятӣ ба Исроил ва чолишҳои бозсозии Ғазза "ҳеч роҳе" ҷуз ташкили кишвари Фаластин вуҷуд надорад.
Дар назар аст, ҳафтаи равон, Додгоҳи байнулмилалии СММ дар Лоҳа ё Гаага қарори пешакии худро дар мавриди шикояти Африқои ҷанубӣ алайҳи Исроил эълон кунад. Муҳокимаи ин масъала рӯзҳои 11-12 уми январ дар додгоҳ оғоз шуд.
Баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина, ин кишвар асосан бо ёриҳои низомии Ғарб сахт муқовимат мекунад. Азбаски кумакҳои низомиву молӣ ба Киев муаллақ монда ё коҳиш меёбанд, зоҳиран имсол барои Украина сахт хоҳад шуд. Ҳоло вазъ дар саҳнаҳои ҷанг чӣ гуна аст ва дар оянда ба кадом самт ҳаракат мекунад?
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон субҳи 16-уми январ эълон кард, ки минтақаҳоеро дар шаҳри Арбили иқлими Курдистони Ироқ ва Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод. Расонаҳои Эрон видеои кӯтоҳеро нашр карданд, ки сар додани мушакҳои Сипоҳи посдоронро нишон медиҳад.
Ёфтҳои бештар