Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гутерриш: Мухолифати Исроил бо ташкили кишвари Фаластин ҷангро тӯлонитар мекунад


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Исроилро ҳушдор дод, ки напазируфтани роҳҳи ҳалли ташкили кишвари мустақили Фаластин, ҷанги кунуниро, ки таҳдид ба сулҳи ҷаҳонӣ аст, ба таври номаҳдуд дарозтар хоҳад кард. 

Антонио Гутерриш дар тундтарин изҳороти худ аз оғоз оғози ҷанги кунунии Ғазза, ки дар нишасти рӯзи сешанбеи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид баён шуд, гуфт, "ҳаққи мардуми Фаластин барои ташкили давлати мустақили худ бояд ба расмият шинохта шавад ва напазируфтани роҳҳи ҳалли ду кишвар аз тарафи ҳар касе ки бошад, бояд ба шиддат рад шавад".

Вай сипас таъкид кард, ки роҳҳи ҳалли қазия ба ин шакл, ки "чунин ҷамъияти калоне аз фаластиниҳо бе ҳеҷ ҳаққ ва ҳуқуқе бимонанд ва аз ҳаргуна озодӣ ва ҷойгоҳе маҳрум бимонанд, ғайри қобили тасаввур аст".

Оқои Гутерриш ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти Лубнон, Яман, Сурия, Ироқ ва Покистон ҳушдор дод, ки хатарҳои "густариши ҷанг дар минтақа акнун дар ҳоли табдил шудан ба воқеият аст". Ӯ дар идома аз ҳама тарафҳо хост, ки "аз ин варта дур бишаванд ва оқибатҳои як ҷанги фарогирро дар назар бигиранд".

Мухолифати Бенямин Нетаняҳу бо ҳар тарҳе, ки боиси ташкили давлати мустақили Фаластин дар поёни ҷанги кунунӣ шавад, ихтилофро миёни Исроил ва Амрико, ки наздиктарин муттаҳиди он ба шумор меравад, афзоиш додааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки ҷанги кунунӣ бояд ба музокирот бар сари роҳҳи ҳалли ду кишвар боис шавад ва бар асоси он, Исроил ва фаластиниҳо битавонанд дар паҳлӯи ҳам дар сулҳ ва амон зиндагӣ кунанд. Роҳҳи ҳалле, ки кишварҳои зиёди ҷаҳон аз он ҳимоят мекунанд ва дар нишасти рӯзи сешанбеи Шӯрои Амният низ ба он таъкид шудааст.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли гузашта бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 240 тани дигар ба гарав гирифта шуданд. 130 тан аз ин гаравгонҳо ҳанӯз дар ихтиёри гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Фаластин, аз оғози ин даргириҳо то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил беш аз 25 ҳазор фаластинӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд.

Бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст ёфтан ба як оташбаси доимӣ, Исроил ба он розӣ нашуда ва мегӯянд, ки то аз байн бурдани гурӯҳи "Ҳамос" ба ҷанг идома медиҳад. "Ҳамос" ҳам гуфтааст, ки дар баробари ҳамлаҳои Исроил муқовимат мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG