Рӯзи 22-юми январ дар ҳамлаи силоҳдорони ҲАМОС дар Ғазза 21 сарбози исроилӣ кушта шудааст.
Ин бузургтарин талафоти Исроил аз 7-уми октябри соли гузашта аст, ки низомиёни ин кишвар ба Ғазза ҳамла карданд.
Даниэл Ҳагарӣ, сухангӯи артиши Исроил рӯзи 23-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, сарбозон дар дохили биное 600 метр дур аз марзи ин кишвар дар хоки Ғазза кушта шудаанд. Ӯ гуфт, ба бинои дуошёнае, ки сарбозон дар дохилаш буданд, силоҳбадасти ҲАМОС ба хумпора (гранатомёт) ҳамла кардаааст. Ин бино бар асари таркиш фурӯ рехтааст. Ба гуфтаи Ҳагарӣ, ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҷузъиёташ дертар эълон хоҳад шуд.
Теъдоди сарбозону афсарони кушташудаи Исроил дар Ғазза дар умум ба 219 тан расидааст.
ҲАМОС, ки дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико созмонӣ террористӣ шинохта шудааст, рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушта, беш аз 200 нафарро гаравгон бурд. Исроил гуфт, ҲАМОС-ро нобуд мекунад ва гаравгонҳоро раҳо месозад, вале то кунун ба ҳадафи худ нарасидааст.
Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 25 ҳазор нафар кушта шудааст, ки аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд. Созмонҳои байналмилалӣ Исроилро барои куштани ғайринизомиён сахт танқид кардаанд. Африқои Ҷанубӣ аз Исроил ба додгоҳи банйалмилалии Гаага шикоят карда, ин кишварро ба наслкушӣ муттаҳам сохт. Исроил гуфт, аз худаш дифоъ кардааст.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфтааст, ки қассоси сарбозони кушташударо мегиранд ва то пирӯзӣ ба ҲАМОС меҷанганд.
Ба рағми ҳарфҳои Нетаняҳу, пас аз кушта шудани 21 сарбози исроилӣ дар як рӯз сару садо дар бораи оташбас дар Ғазза бештар шудааст.
Як мақомдори мисрӣ ба хабаргузории фаронсавии “AP” гуфтааст, ки Исроил пешниҳод кардааст, бо шарти раҳоии гаравгонҳо ду моҳ оташбас эълон мекунад ва иҷоза медиҳад, ки раҳбарони баландпояи ҲАМОС ба хориҷа раванд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҲАМОС ин пешниҳодро рад кардааст ва гуфтааст, ки то артиши Исроил хоки Ғаззаро тарк накунад ва ҷанг пурра қатъ нашавад, гаравгонҳоро раҳо нахоҳад кард.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, 85 дар сади сокинони Ғазза дар ин ҷанг хонаҳояшонро аз даст дода, овора шудаанд. Ба гуфтаи ин созмон, беморхонаҳо хароб шуда, сокинони Ғазза аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд.
Аз оғози ҳамлаи Исроил ба Ғазза беш аз се моҳ гузашт. Поёни ин ҷанг маълум нест. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, шояд ҷанг моҳҳо давом кунад.
Гуфтугӯ