Рӯзи якшанбе аз замони ҳамлаи террористии созмони "Ҳамос" ба ҷануби Исроил 100 рӯзи расо гузашт. Дар посух ба ин ҳамла, Исроил дар Навори Ғазза амалиётеро оғоз кард, ки сабаби талафоти зиёд дар байни ғайринизомиён ва бахусус занону кӯдакон шуд.
Барои кишварҳои хушку гарме ба мисли Тоҷикистон андозагирӣ ва пешбинии миқдори барфу об дар кӯҳистонҳо фавқулода муҳим аст.
Намояндагони Исроил рӯзи 12-уми январ дар додгоҳи ҷиноии Гаага (Лоҳа) гуфтанд, ки ин кишвар дар Ғазза ба наслкушӣ даст назадааст.
"Кас чӣ тавр метавонад ғами марги писари бузургашро таҳаммул кунад? Он ҳам баъди аз даст додани чанд узви дигари оила. Ҳамсарам ва писаронам Маҳмуду Шому Одам кушта шудаанд. Чӣ тавр ҳамаи инро таҳаммул кунам?"
Изҳороти мансабдори рус дар бораи зарурати ҳузури муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар, дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллатгароёни русро ба хашм овардааст.
Нерӯҳои дифои Исроил аз анҷоми амалиёти густурдаи ҷангӣ дар шимоли Ғазза хабар дода, эълон карданд, ки ин минтақаро пурра таҳти назорати худ гирифтаанд.
Як намояндаи баландпояи Созмони Милал мегӯяд, ки Навори Ғазза дигар ба як макони ғайриқобили сукунат барои зиндагӣ табдил шудааст.
Мақомоти интизомии Эрон мегӯянд, дар робита ба бомбгузории маргталабона, ки 84 нафарро дар шаҳри Кирмон кушт, чанд нафарро дастгир кардаанд.
Гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё худ ДОИШ масъулияти таркишҳои рӯзи 3-юми январро дар шаҳри Кирмон Эрон ба дӯш гирифт.
Баъд аз қатли як мақоми баландпояи гурӯҳи “Ҳамос” дар Лубнон нигарониҳо аз доман задани ҷанг дар тамоми Ховари Миёна бештар авҷ гирифт.
Соли 2024 ба бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон се сол пур хоҳад шуд. Ин гурӯҳи тундрав даъватҳои ҷомеаи байнулмилалиро барои ислоҳи тарзи рафтораш, бахусус дар заминаи риояи ҳуқуқи занон, нодида мегирад ва дар айни замон эътирофношуда мемонад.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, мегӯяд, ҷанг дар Ғазза тӯлонӣ хоҳад буд ва эҳтимол як сол идома кунад. Пештар мақомоти исроилӣ гуфта буданд, ки барои маҳви гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар минтақаи муҳосирашуда чанд моҳ зарур аст.
Ёфтҳои бештар