Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, Исроил бо қатъи дастрасии фаластиниҳо ба оби пок дар Ғазза боиси марги ҳазорҳо нафар шудааст ва ин кор баробар ба наслкушӣ мебошад. Исроил иттиҳомро рад кардааст. Айни ҳол аксари беҷошудагони Ғазза дар ин сардиҳо ночор дар хайма зиндагӣ мекунанд.
Додгоҳе дар Маскав Аҳмадҷон Қурбонови 29-сола, шаҳрванди Узбекистонро ба даст доштан дар куштори генерал Игор Кириллов муттаҳам кард.
Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфт, Украина ва Русия мебояд "барои бастани созиш омода бошанд", то ба ҷанги вайронгаре, ки аз соли 2022 идома дорад, поён бидиҳанд.
Русия бо зиёда аз 100 паҳпод ба биноҳои истиқоматӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар гӯшаҳои гуногуни Украина ҳамла кард. Нерӯҳои Украина беш аз ними ин паҳподҳоро аз байн бурдаанд.
Мақомоти Русия шаҳрванди Узбекистон Аҳмадҷон Қурбоновро, ки ба қатли генерал Игор Кириллов гумонзад аст, то 17-уми феврали соли 2025 ба ҳабс гирифтанд. Ҳукми Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 19-уми декабр содир шуд.
Низоми худкомаи беш аз панҷоҳсолаи хонаводаи Асад дар Сурия суқут кард. Сарнавишти кишвар ба дасти “мухолифони мусаллаҳ”, бо роҳбарии "Таҳрир аш-Шом" уфтод. Оё суқути боз як низоми худкома ба сиёсатҳои дохилӣ дар Душанбе ва кишварҳои минтақа таъсир мекунад? Чӣ дарсҳое бояд барои худ бигиранд?
Президенти Русия мегӯяд, дар суҳбатҳои эҳтимолияш бо Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, омодаи мусолиҳа дар бораи ҷанги Украина аст.
Исроил ба нуқтаҳои гуногуни Яман ҳамлаҳои ҳавоӣ кардааст. Артиши Исроил субҳи 19-уми декабр бо нашри як хабарнома гуфт, ба минтақаҳое дар Яман, ки аз онҷо алайҳи Исроил мушак партоб мешуд, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.
Мақомоти Русия рӯзи 18-уми декабр хабар доданд, ки дар робита ба куштори генерал Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии ин кишвар, як шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд. Ба ӯ ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.
Ёриҳои хориҷии Амрико чӣ қадар мешавад ва онро киҳо дастрас хоҳанд кард? Ин ду суоли муҳимест, ки ҳукумати президенти мунтахаб Доналд Трамп бар сари он кор мекунад.
Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА дар Конгреси ин кишвар ба суолҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар бораи хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон посух дод.
Нахуствазири Исроил аз гуфтугӯи худ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, хабар дод ва гуфт, бо ӯ дар бораи "такмили пирӯзии Исроил" ва муқобила бо иқдомҳои Эрон, суҳбат кардааст.
Ёфтҳои бештар