Масъулони Ҳукумати Суғд гуфтанд, ки барои бунёди шаҳраки Сайҳун сармоягузорҳои хориҷиро ҷалб хоҳанд кард. Нуҳ сол пеш мақомот сохтмони баландошёнаҳо, мактабу шифохона ва коргоҳҳои муосирро дар инҷо ваъда дода буданд.
Мошинҳои барқӣ бо сабаби аз кор мондани нуқтаҳои барқдиҳӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дармондаанд ва тақрибан як ҳафта аст, ки наметавонанд аз ноҳияи Айнӣ берун шаванд. Мақомот мегӯянд, нуқтаҳои қуввадиҳии мошинҳо бо идораи барқ шартнома надоштанд ва барои ҳамин хати барқи онҳоро буриданд.
Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, аз боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини деҳаи Санҷидзор хабар дод. Ин ҳодиса ду моҳ пеш рух дода, дар минтақа сарусадои зиёд барпо кард.
Додситонии ҳарбии Кӯлоб натиҷаҳои санҷиши рафтори Зоҳир Муъминзода, раиси пешинаи Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ба Додситонии кулли Тоҷикистон фиристод. Ин додрас (судя) ба латукӯби як марзбон гумонзад аст, ки дар посгоҳе аз Муъминзода ҳуҷҷатҳои мусофири мошинашро талаб кардааст.
Пас аз нашри гузориши Радиои Озодӣ, Тоҳир Қудратзода, раиси пешини ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз мансаби наваш дар идораи нақлиёти вилояти Суғд барканор гардид. Ӯро пештар ба “қаллобӣ” ва “суистифода аз мансаб” гунаҳкор дониста буданд.
Бисёре аз занон дар деҳаи Сомғор, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, барои кори саҳро ва кашондани об дигар аз хару ароба истифода намекунанд. Онҳо ба "мотороллер" рӯй овардаанд. Сечархаи сохти Чин, ки газу сӯзишворӣ наметалабад.
Пайвандони панҷ сокини ҷамоати Язгуломи Ванҷ мегӯянд, наздиконашон, ки рӯзи 19-уми июн аз Русия ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷ шуда буданд, дар фурудгоҳи Кӯлоб “гум” шудаанд.
Тоҳир Қудратзода, раиси пешини ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки аз сӯйи маъмурони Оҷонси зидди фасод дастгир шуда буд, баъди беш аз як моҳ аз боздошт раҳо кардаанд. Ӯро ба “қаллобӣ” ва “суистифода аз мансаб” муттаҳам медонистанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон ба муҳокимаи як ҷавони 28-сола шуруъ кардааст, ки ба таркондани мошини Салим Сайвализода, раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб, муттаҳам аст.
Шеваи таҳқиқи куштори Музаффар Урмонов ва ҳамсараш, Иноят Урмонова, дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом наздиконашонро нигарон кардааст.
Миқёси зарари сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор шумурда шудааст. Ин шабу рӯз ҳашари мардум барои поккории хонаҳои селзада ҷараён дорад.
Радиои Озодӣ ҷузъиёти боздошти гурӯҳе аз сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро пайдо кард.
Ёфтҳои бештар