Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ сокини Язгулом дар фурудгоҳи Кӯлоб “гум” шудаанд


Фурдгоҳи Кӯлоб
Фурдгоҳи Кӯлоб

Пайвандони панҷ сокини ҷамоати Язгуломи Ванҷ мегӯянд, наздиконашон, ки рӯзи 19-уми июн аз Русия ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷ шуда буданд, дар фурудгоҳи Кӯлоб “гум” шудаанд.

Ҳафтаи гузашта пулиси Маскав панҷ сокини Язгуломро дар ошхонаи тоҷикии “Лаззат” дар назди метрои Шелковскии ин шаҳр боздошт карданд. Ҷавонони боздоштшуда ба наздиконашон гуфтаанд, ки онҳоро рӯзи 19-уми июн тариқи хатсайри Маскав-Кӯлоб ба Тоҷикистон мефиристанд ва субҳи 20-уми июн ба ватан мерасанд.

Маълум нест, ки онҳо аз Русия ихроҷ шудаанд ё мақомоти рус бо дархости Тоҷикистон онҳоро боздошту истирдод кардаанд.

"Аз Маскав ба волидонашон дар Язгулом хабар доданд, ки ба фурудгоҳи Кӯлоб биёянд. 20- уми июн, вақте ҳавопаймо расид, дигар касе онҳоро надид. То кунун ҳеч кас ба мо намегӯяд, ки онҳо дар кӯҷо ҳастанд,”—гуфт, як тан аз наздикони боздоштшудаҳо.

Наздикони онҳо рӯзи 23-юми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, пеш аз парвоз, як нафаре, ки зоҳиран аз мақомоти Тоҷикистон буд ва боздоштшудаҳоро ҳамроҳӣ мекард, ба онҳо ваъда дода буд, ки имкон доранд, бо наздиконашон дар фурудгоҳи Кӯлоб дидор кунанд. Онҳо гуфтанд, ки наздики 300 километр роҳро тай карданд, вале дар Кӯлоб нишоне аз фарзандонашонро наёфтанд.

Мақомот расман боздошт ва истирдоди панҷ сокини Язгуломро тасдиқ ё рад накарданд.

Дар як моҳи ахир тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ ҳудуди 15 сокини Ванҷ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, онҳо дар ҳамкорӣ ба гурӯҳе аз сокинони Ванҷ, ки ба “ифротгароӣ” айбдор мешаванд, дар боздоштанд.

Нимаи моҳи майи имсол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 30 сокини Ванҷро бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Ансоруллоҳ” боздошт карданд.

Мақомот расман дар бораи боздошти теъдоде аз сокинони ҷамоати Язгуломи Ванҷ суҳбат накарданд, вале манобеи огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бештари онҳо хешу табори ҳам буда, “ба амали террористӣ дар Тоҷикистон омодагӣ медиданд.”

Наздикони боздоштшудаҳо ин иттиҳомро рад, вале аз додани ҷузъиёт дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG