Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин: Мухолифи таъмири масҷиди сӯхта дар Исфара нестем


Масҷиди деҳаи Хушобод дар моҳи феврали имсол оташ гирифт
Масҷиди деҳаи Хушобод дар моҳи феврали имсол оташ гирифт

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба гузориши Радиои Озодӣ дар бораи иҷозаи таъмир надодан ба як масҷиди сӯхта дар Исфара вокуниш кард. Намояндагони Кумита навиштанд, ки барои бозсозии ибодатгоҳ мухолифат надоранд.

Сокинони деҳаи Хушободи Исфара ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки як моҳ пеш масҷиди деҳаашон ба коми оташ рафт, аммо мақомот иҷозат намедиҳанд онро дубора барқарор кунанд.

Вокуниши Кумитаи дин рӯзи 7-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар он омадаст, ки "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дин барои бозсозии масҷиди панҷвақтаи деҳаи Хушободи шаҳри Исфара зид нест."

Ин ниҳод гуфтааст, солҳои гузашта чанд масҷид, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода сӯхта буданд ва баъд аз гирифтани хулосаи идораи оташнишонӣ барои бозсозии ҳарду ибодатгоҳ иҷозат дода шуд.

“Бинобар ин, дар ҳолати пешниҳод гардидани хулосаҳои зикршуда ва дархости ҳайати муассисон, Кумита барои бозсозии масҷиди панҷвақта дар деҳаи Хушободи шаҳри Исфара низ зид нест,”-омадааст дар посухи Кумитаи дин.

Ба гуфтаи сокинони Хушобод, масҷиди деҳа дар моҳи феврали имсол оташ гирифт. Мардум сабаби ҳодисаро ба ҳам расидани сими барқ мегӯянд. Сокинон бо ирсоли видео ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мардум барои бозсозии масҷид пул ҷамъ кардаанд, аммо мақомот иҷозат намедиҳанд. Дилбар Қурбонова, раиси ҷамоати Хонобод, рӯзи чоруми апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “аввал хулосаи идораи сӯхторнишониро гиранд, баъд ин масъаларо дида мебароем.”

Мақомоти шаҳри Исфара намегӯянд, ки хулосаи санҷиши идораи оташнишонӣ кай мерасад. Дар посухи Кумитаи дин омадааст, соли 2023 баъди сӯхтани масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттути шаҳри Турсунзода, хулосаи идораи оташнишонӣ баъди шаш моҳ расида буд.

Тибқи омор, дар Тоҷикистон беш аз чор ҳазор масҷидро ба рӯйхат гирифтаанд. Як масҷид ба сари ду-дуним ҳазор кас. Аксари онҳо масҷидҳои панҷвақта ҳастанд, вале сокинон ҳар чанд вақт аз душвории сабтином ва ё эҳтимоли баста шудани ибодатгоҳҳо шикоят мекунанд.

Чаро ба таъмири масҷиди сӯхта иҷозат намедиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00


XS
SM
MD
LG