Ширкати "Далер-Исмоил", марбут ба Асланбек Иброҳимов, писари Иброҳим Исмоилов, бунёдгузори "Гвардияи Миллӣ" дар Кӯлоб, аз ҳаққи кор маҳрум шудааст. Ширкат ба танзими кори мошинҳои мусофиркаш дар хатсайри рақами дуи Кӯлоб машғул буд. Вазорати нақлиёт ҳоло ин ҳақро ба ширкати "Абдусаттор А" додааст.