Ронандагони хатсайри рақами ду ба нишони норизоӣ аз тасмим рӯзи 12-уми июн дар даромадгоҳи Кӯлоб ҷамъ шуданд. Асланбек Иброҳимов гуфт, иҷозатномаи кори ширкати "Далер-Исмоил" дар охири моҳи май ба поён расид, вале озмунро бе огоҳ кардани ӯ гузаронданд.
"Терминали Кӯлоб чаҳор моҳ пеш озмун эълон кард. Ман огоҳ набудам. Дар ин хатсайр 20 сол мешавад, ки фаъолият доштам, вале мехоҳанд, ки ҳаминро барҳам диҳанд, аз ин рӯ, ронандагон ҷамъ шуданд," -- шарҳ дод ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Додситонии Кӯлоб дар номаи ҷавобӣ ба шикояти мудири "Далер-Исмоил" навиштааст, ки кумисюни вижа ҶДММ “Абдусаттор А”-ро ғолиби озмун донист ва ҳаққи корро ба он дод. Соҳиби ширкати нав маълум нест.
Ширкате, ки ҷойи “Далер-Исмоил”-ро гирифтааст, бо нархномаҳои нави хидматрасонӣ корро оғоз кардааст ва решаи аслии эътирози ронандагон низ ҳамин будааст.
Зоир Маниёзов, ронандаи мусофиркаш дар Кӯлоб гуфт: “Дар Терминал мегӯянд, ки омада шартнома кунед. Мегӯянд, ки 260 сомонӣ мешавад. Мо дар инҷо 100 сомонӣ месупорем, агар як сомонӣ арзон бошад, барои мо он хуб аст.”
Дар Кӯлоб ширкатҳои хусусии мусофиркашонӣ хатсайрҳоро танзим мекунанд.
Ширкати “Далер-Исмоил” 20 сол пеш аз ҷониби Иброҳим Исмоилов, муассиси “Гвардияи миллӣ” дар Кӯлоб ташкил шуда буд ва пас аз маргаш дар моҳи январи соли 2023 онро писараш раҳбарӣ мекард.
“Гвардияи миллӣ” аз ҷониби иддае аз кормандони мақомоти интизомӣ таъсис ёфта, ҳадафаш ҳифзи “ҳукумати конститутсионӣ” буд. Баъдан, дар заминаи он Фронти халқӣ таъсис ёфт ва аксари фаъолони он ба ин созмон пайвастанд.
Иброҳим Исмоилов моҳи январи соли гузашта фавтид ва бархе бар ин назаранд, ки пас аз марги ӯ дигар ба ширкати писараш иҷозаи фаъолият надоданд. Ӯ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар сохтори ВКД кор мекард ва дар миёни фармондеҳони Фронти халқӣ нуфуз дошт. Солҳои ахир ба тиҷорат машғул буд ва шикоят дошт, ки мақомот саҳмашро дар “барқарор кардани ҳукумати конститутсонӣ” нодида мегиранд.