Темур Варқӣ, хабарнигори шинохта ва фаъоли сиёсии тоҷикро раиси Анҷумани Озодандешони Тоҷик, яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон интихоб кардаанд.
Раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, бо ташвиқи кишоварзон, имсол кишти пахтаро дар шимоли Тоҷикистон ҳафт ҳазор гектар зиёд кардааст.
Дар шаҳри Истаравшан кӯдаке зери чархи мошини модараш монда баъди муддате даргузашт.
Дар вилояти Самараи Русия ба муҳоҷирон кор дар соҳаи тиҷорату бозор ва ошхона ё хӯроки умумиро манъ карданд.
Раёсати Кумитаи тафтишот дар вилояти Волгогради Русия таҳқиқи ҳодисаи гаравгонгирӣ дар зиндони рақами 19-и шаҳри Суровикинро аз рӯи моддаи “Эҷоди беназмӣ дар кори зиндон ва гаравгонгирӣ”-и Кодекси ҷиноии Русия оғоз кардааст.
Расонаҳои расмӣ ва саҳифаҳои наздик ба мақомоти Русия дар "Телеграм" гаравгонгирҳоро дар зиндони Волгоград "ду шаҳрванди Тоҷикистон" ва "ду шаҳрванди Узбекистон" муаррифӣ карданд. Аксу маълумот дар бораи онҳо низ нашру паҳн шуд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, барои ёфтану боздошти шарикони гаравгонгирҳо дар зиндони Волгоград, ки қаблан баъзе аз расонаҳо ду нафарашонро "тоҷикистонӣ" номбар карда буданд, бо мақомоти Русия якҷоя кор мекунанд.
Терминалҳои баъзе аз бонку созмонҳои молиявии Тоҷикистон 100-сомонии намунаи соли 2021-ро ҳанӯз ҳам қабул намекунанд. Сокинон мегӯянд, ин мушкил онҳоро саргардон ва корашонро душвор кардааст.
Маъмурони милиса дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду ҷавонро ба гумони навиштани "даъвату таҳдид" дар девори мактабу мағоза ва сартарошхона дастгир кардаанд.
Дар давоми як ҳафта ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа – Паймони миллӣ ва "Гурӯҳи 24" – бо ихтилофи дохилӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ба роҳбарии Шарофиддин Гадоев аз ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон берун рафт. Убайдулло Саидӣ аз узвияти "Гурӯҳи 24" ронда шуд.
Раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, бо роҳи "фаҳмондадиҳӣ"-и густарда имсол кишти пахтаро дар шимоли Тоҷикистон беш аз ҳафт ҳазор гектар зиёд кардааст. Деҳқонон баҳори имсол аз кишти "маҷбурӣ" шикоят доштанд.
Эмпокс, Манки покс, Обилаи маймун. Номҳои гуногунии як бемориест, ки рӯзи 14-уми август Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ аз хатари ҳамагирии он ҳушдор дод ва дар дунё вазъи фалокатомез эълон кард.
Ёфтҳои бештар