Дар чанд ҷумла
Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ба ҳимоят аз Украина идома хоҳад дод
Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки ба ҳимоят аз Украина дар баробари ҳамлаи бедалели Русия идома хоҳад дод.
Каҷа Каллас, намояндаи олии умури хориҷӣ ва сиёсати амниятии Иттиҳоди Аврупо 11 март дар суханронии худ дар СММ, дар дифоъ аз ӯҳдадориҳои ин созмон ба эҳтироми тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо шарики қобили боварии Созмони Милали Муттаҳид боқӣ хоҳад монд.
Бар гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", дар ҳоле, ки ҳукумати Доналд Трамп, президенти Амрико, 83 дарсади барномаи кӯмакҳои идораи қаблии ИМА-ро аз байн мебарад, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки ин ниҳод дар соли ҷорӣ бо ҷудо кардани миллиардҳо доллар, ба кӯмакҳои башардӯстона ба Украина идома хоҳад дод.
Афроди мусаллаҳ дар Покистон беш аз 450 касро гаравгон гирифтаанд
Шахсони мусаллаҳ дар Кветта, маркази вилояти Балуҷистони Покистон, ба як қатор (поезд) ҳамла карда, зиёда аз 450 мусофирро гаравгон гирифтаанд.
Ҳодиса рӯзи 11-уми март иттифоқ уфтод.
Қатор (поезд) аз шаҳри Кветта ба Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ мерафт.
Муҳаммад Кошиф, мақомдори Идораи роҳи оҳан дар Кветта, ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, дар миёни мусофирон занон ва кӯдакон низ ҳастанд.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ҷудоихоҳи "Артиши озодибахши Балуҷистон" ба уҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳ дар баёнияе иддао кард, ки бо ин кораш монеи ҳамлаи заминии артиши Покистон шуд, вале зарбаҳои ҳавоӣ идома дорад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи "Артиши озодибахши Балуҷистон"-ро дар феҳрасти созмонҳои террористӣ ҷой додааст.
Як мансабдори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон меояд
Як мансабдори баландпояи Иттиҳоди Аврупо дар доираи сафараш ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон меояд.
Йозеф Сикела, комиссари Иттиҳоди Аврупо дар умури ҳамкориҳои байнулмилалӣ, рӯзҳои 14 ва 15-уми март дар Душанбе хоҳад шуд.
Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, имзои чанд созишнома дар назар аст. Ҳимоят аз Тоҷикистон барои гузаштан ба энергияи сабз яке аз онҳост.
Пули умумии созишномаҳо тақрибан 40 миллион евро грантро ташкил медиҳад.
Маълум нест, ки дар ҷараёни сафари Ойзеф Сикела ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон низ ишорае хоҳад шуд ё не. Ҳамон тавр ки баъзе аз намояндагони мухолифини тоҷик дар берун аз кишвар пайваста аз масъулони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигари демократӣ талаб мекунанд.
Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.
Раисҷумҳури пешини Филиппинро дастгир кардаанд
Родриго Дутерте, раисҷумҳури пешини Филиппин, бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият дастгир шудааст.
Дар ин бора "Manila Bulletin" бо такя ба ҳуҷҷатҳои расмӣ хабар дод. Би-би-сӣ ва расонаҳои дигари байнулмилалӣ низ боздошти сиёсатмадорро тасдиқ карданд.
Бино ба гузоришҳо, Дутерте рӯзи 11-уми март баробари расидан аз Ҳонгконг ба Филиппин бо дастури Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дастгир шудааст.
Додгоҳи байнулмилалӣ парвандаи Родриго Дутертеи 79-сола ва дигаронро бо иттиҳоми куштор ва нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир дар Филиппин таҳқиқ мекунад.
Дутерте дар рӯзи нахустини президентияш аз сокинони Филиппин хоста буд, ки гирифторон ва тоҷирони маводи мухаддирро ба қатл расонанд. Дар натиҷа, ба навиштаи The Independent, беш аз 6 ҳазор нафар кушта шуданд.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар теъдоди қурбониёни “ҷанги зидди маводи мухаддир”-ро бисёр зиёд дониста, мегӯянд, дар ин амалиёт мардуми бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон низ ба қатл расиданд.
Родриго Дутерте дар замони пандемияи коронавирус гуфта буд, ба пулис ва артиш дастур додааст, ки дар сурати муқобила нишон додан ва таҳдид ба ҳаёти кормандони мақомот гирифторони вирус "кушта шаванд".
Эътилофи байнулмилалии ҳуқуқи башар дар Филиппин боздошти Дутертеро “лаҳзаи таърихӣ” номид.
2 кушта ва 18 захмӣ. Ҳамлаи густурда бо ҳавопаймои бесарнишин ба Маскав
Мақомоти Русия гуфтанд, ки Украина субҳи 11-уми март бо даҳҳо ҳавопаймои бесарнишин ба шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он ҳамла кард.
Дастикам ду кас кушта ва 18 нафар захмӣ шуда, баъзе аз биноҳои истиқоматӣ ва зербунёдҳо осеб дидаанд.
Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар маҷмуъ 337 паҳподи Украинаро дар гӯшаҳои гуногуни кишвар задаву нобуд кардаанд. Маълум нест, дар ҳамлаҳои Украина чӣ қадар дрон ба кор бурдаанд, вале он яке ҳамлаҳои васеъмиқёси Украина ба қаламрави Русия дар чанд ҳафтаи гузашта ба ҳисоб меравад.
Аксу видеоҳои тасдиқношуда аз Маскав ва атрофи он нишон медиҳанд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин ба биноҳои истиқоматӣ зарба задаанд.
Украина масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, дар Телеграм хабар дод, ки нерӯҳои Русия 91 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар фазои Маскав нобуд карданд. Ӯ тасдиқ кард, ки порчаҳое аз дрони маҳвшуда ба боми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Домодедовская осеб расонидааст.
Ин ҳамла ба парвози ҳавопаймоҳо ва кори фурудгоҳҳои Маскав, ки аз тариқи онҳо ҳазорон муҳоҷири тоҷик ҳам сафар мекунанд, низ таъсир гузошт.
Оҷонси нақлиёти ҳавоии Русия хабар дод, ки фурудгоҳҳои "Жуковский" ва "Домодедово" ба далели ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин корашонро муваққатан боздоштанд. Фурудгоҳи "Внуково" низ қабул ва фиристодани ҳавопаймоҳоро қатъ кард. Баъд аз муддате парвозу фуруди ҳавопаймоҳо дар ҳарсе фурудгоҳ аз сар гирифта шуд.
Бо онки мақомот ба арзёбии миқёси осебу вайронӣ ва хатарҳои эҳтимоли идома медиҳанд, авзоъ пуршиддат боқӣ мемонад.
Русия низ дар рӯзҳои охир ҳамларо ба зерсохторҳои Украина ва ҳадафҳои ғайринизомӣ дар ин кишвар бештар кардааст.
Нерӯҳои дифои ҳавоии Украина рӯзи 11-уми март гуфтанд, шаби гузашта як мушаки "Искандар-М" ва 79 ҳавопаймои бесарнишини Русияро аз байн бурданд. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳавопаймоҳо минтақаҳои зиёде аз ҷумла Киев, Одесса, Днепропетровск ва Харковро нишон гирифта буданд.
Ҳамлаҳои густурда ба ҳамдигар дар замоне сурат мегирад, ки мақомоти баландпояи Амрико ва Украина дар Арабистони Саудӣ ҷамъ омадаанд ва дар бораи роҳҳои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина суҳбат мекунанд.
Музокироти якрӯза аввалин мулоқоти мақомоти расмии Амрикову Украина пас аз дидори ҷанҷолии Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст, ки дар он ду тараф доир ба қатъи ҷангу расидан ба сулҳ дар назди хабарнигорон ошкоро баҳсу ҷадал карданд.
Видео дар инҷост:
Рубио: Аксари барномаҳои USAID бекор шуданд
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи душанбе, 10 март эълон кард, ки ҳукумати ин кишвар пас аз шаш ҳафта баррасӣ, 83 дарсади барномаҳои Оҷонси рушди байналмилалии Амрико ё USAID-ро бекор мекунад.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Марко Рубио дар шабакаи Х навиштааст, ки 5200 қарордоде, ки бекор мешаванд, даҳҳо миллиард долларро дар роҳҳое харҷ кардаанд, ки ба фоидаи манфиатҳои миллии Амрико набуд ва дар бархе мавридҳо ҳатто ба он осеб расонидааст.
Рубио афзудааст, ки тақрибан як ҳазор барномаи боқимонда зери назорати Вазорати корҳои хориҷӣ ва машварати Конгресс ба таври муассир, татбиқ хоҳанд шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, 20 январи имсол пас аз маросими савгандёдкунӣ, бо имзои як фармон кӯмакҳои хориҷии ин кишварро барои 90 рӯз боздошт.
Вазири корҳои хориҷии Амрико аз Департаменти коромадии ҳукумат бо раҳбарии Илон Маск ташаккур кардааст. Ин идора масъули коҳиши хароҷоти ниҳодҳои давлатии Амрико аст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 11 март хабар дод, ки ин сафар рӯзҳои 12-13 март сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, сарони ду кишвар пас аз дидору гуфтугӯҳо, чанд санад имзо хоҳанд кард. Дар хабари расмӣ, ҷузъиёти бештар дода нашудааст.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишнома дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо кунанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар санадҳоро имзо карданд.
Порлумони Қирғизистон 27 феврал ин созишномаро баррасӣ ва тасвиб кард. Дар мавриди баррасӣ шудани ин созишнома дар порлумони Тоҷикистон, маълумоте дар даст нест.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Ароқчӣ гуфт, Эрон зери "фишор" бо Амрико музокира нахоҳад кард
Эрон мегӯяд, зери "фишору иръоб" дар мавриди барномаи баҳсбарангези ҳастаияш бо Амрико музокира нахоҳад кард.
Теҳрон ин изҳоротро дар ҳоле баён кард, ки раисҷумҳур Доналд Трамп фишорро болои Ҷумҳурии Исломӣ афзоиш додааст. Аз ҷумла, Вашингтон Ироқро аз харидани нерӯи барқи Эрон маҳрум кард, ки аз соли 2018 ба ин сӯ аз риояи таҳрим истисно буд.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 10-уми март дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, "мо зери фишор ва иръоб музокира намекунем."
Як рӯз пеш намояндагии Эрон дар Созмони Милал бо лаҳни бештар сулҳҷӯёна гуфт, мумкин аст, Теҳрон музокираро барои рафъи нигарониҳо аз низомӣ шудани барномаи ҳастаияш дар назар бигирад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 6-уми феврал дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News гуфт, барои пешгирӣ аз даст ёфтани Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ду роҳ вуҷуд дорад: низомӣ ё созиш.
Трамп дар даври аввали раёсати ҷумҳуриаш Амрикоро аз созиши таърихии атомии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон берун кард ва дигарбора таҳримоти иқтисодӣ ба зидди ин кишварро баргардонд. Созиши мазкурро соли 2015 имзо карда буданд.
Баъд аз хориҷ шудани Амрико аз созиши атомӣ Эрон барномаҳои ҳастаияшро суръат бахшид ва ҳоло ураниуми то 60-дарсадии ғализ тавлид мекунад. Ба қавли мутахассисон, Эрон барои истеҳсоли ураниуми то 90-дарсадии лозим барои сохти бомби атомӣ як қадам дуртар аст.
Теҳрон мегӯяд, барномаҳои ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез доранд ва бомби атомӣ сохтанӣ нест, вале Оҷонси Байнулмилалии Энержии Атомӣ аз суръати истеҳсолу захираи ураниуми ғализ дар Эрон изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.
Зеленский як рӯз пеш аз музокироти ҳайатҳо ба Риёз рафт
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 10-уми март ба Риёз рафтааст, то бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, мулоқот кунад.
Сафари Зеленский пеш аз гуфтушуниди ҳайатҳои Украина ва Амрико сурат мегирад. Музокирот барои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия алайҳи Украина рӯзи 11-уми март дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар назар аст.
Иёлоти Муттаҳида, ки пуштибони асосии низомии Киев аст, бо ҳадафи хатми низоъ бо Маскав музокироти мустақим дорад ва ҳамзамон ёрии низомӣ ва табодули иттилоотро бо Украина боздоштааст.
Музокироти намояндагони Амрико ва Украина дар рӯзи 11-уми март мулоқоти нахустини расмӣ пас аз баҳси лафзии Владимир Зеленский ва Доналд Трамп дар Кохи Сафед аст. Ин баҳс рӯзи 28-уми феврал сурат гирифт.
Зеленский гуфт, дар музокироти Амрико ва Украина дар Ҷидда ширкат намекунад. Ба ҳайати Киев вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибиҳа, раиси дафтари президент Зеленский Андрей Ермак ва вазири дифоъ Рустам Умаров шомиланд.
Ҳайати амрикоӣ аз фиристодаи Трамп дар Ховари Миёна Стив Виткофф, котиби давлатӣ Марко Рубио ва мушовири амнияти миллӣ Майк Волтс иборат хоҳад буд. Рубио рӯзи 9-уми март ба Арабистони Саудӣ рафт.
Зеленский рӯзи 9-уми март дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки “тарафи мо ба гуфтушуниди созанда комилан омода аст ва умед дорем, ки тасмиму иқдоми заруриро баррасӣ ва мувофиқа кунем.”
Русия: 685 ҳазор хориҷӣ дар рӯйхати "шахсони зери назорат"
Русия 685 ҳазор хориҷиро ба рӯйхати "шахсони зери назорат" ворид кардааст.
Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Русия (ВГТРК) хабар дод.й ҳадафро аз таҳияи феҳраст “кам кардани хориҷиёни будубошашон ғайриқонунӣ” номид.
Ба иттилои вазир, барои берун шудан аз ин рӯйхат, муҳоҷирон бояд то 30-юми апрел ба Идораи корҳои дохилӣ ҳозир шуда, ҳузури худро қонунӣ кунанд ва санадҳои заруриро пешниҳод намоянд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷуми март Колоколтсев дар як ҷаласаи ВКД-и Русия гуфта буд, ба феҳрасти “шахсони зери назорат” 400 ҳазор нафар шомил ҳастанд.
Мақомоти тоҷик дар моҳи октябри соли 2024 гуфта буданд, ки 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин рӯйхат ҳастанд ва агар камбудҳоро ислоҳ намекунанд, аз Русия ихроҷ ё депортатсия хоҳанд шуд.
Феҳрасти “шахсони зери назорат” дар пайи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Русия аз 5-уми феврал ба иҷро даромад.
Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар моҳи марти соли 2024, қонунҳои муҳоҷират дар Русия сахттар шуд.
Аз ҷумла, дарёфти “ВНЖ” ё ҳаққи иқомат барои муҳоҷироне, ки бо шаҳрвандони Русия издивоҷ кардаанд, маҳдуд гашт ва қабули кӯдакони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактаб манъ шуд.
Аз боздошту ҳабси Владислав Есипенко, ҳамкори Озодӣ, 4 сол гузашт
Аз боздошт ва ҳабси Владислав Есипенко, ҳамкори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, чаҳор сол гузашт.
Ӯ, ки шаҳрвандии Русия ва Украинаро дошт, рӯзи 10-уми марти соли 2021 дар Қрими ишғолшуда аз тарафи Русия боздошт шуд.
Дертар додрас ӯро бо гуноҳи ҷосусӣ ба шаш сол зиндон маҳкум кард. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар онро бофтаву сохта хонданд.
Додгоҳи олии зери назорати Маскав дар Қрим ҳукми Есипенкоро то панҷ сол зиндон поин овард.
Пас аз чанд моҳ, Есипенко ба "нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи тарканда" низ муттаҳам шуд. Худаш иттиҳомро қотеъона рад кард.
Баъдан додситонӣ иқрор шуд, ки норинҷаки "кашфшуда" аз мошини Есипенко изи ангуштони ӯро надорад. Вай ҳамчунин иттиҳомҳоро дар ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ барои Украина дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ рад кард.
Есипенко дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ӯро бо зарбаи барқ шиканҷа кардаанд, то ӯро маҷбур кунанд, ки ба гуноҳи бардурӯғ иқрор шавад.
Исроил эълон кард, ки интиқоли барқро ба Ғазза қатъ мекунад
Ҳукумати Исроил рӯзи 9-уми март дастур дод, ки интиқоли нерӯи барқ ба Ғазза фавран қатъ карда шавад, то гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” гаравгонҳои боқимондаро раҳо кунад. Ин дар ҳолест, ки Исроил ба музокироти нав дар мавриди созиши оташбас бо “Ҳамос”, ки аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ дониста шудааст, омода мешавад.
Вазири энержии Исроил гуфт, фармонро имзо кард: “Мо барои баргардондани гаравгонҳо аз тамоми василаҳо истифода хоҳем кард ва кафолат медиҳем, ки пас аз ҷанг “Ҳамос” дигар дар Ғазза набошад.”
Ин тасмим як ҳафта баъд аз он гирифта шуд, ки Исроил ворид шудани ҳама гуна ёриҳои башардӯстона ба минтақаи ҷангзада боздошт.
Гурӯҳи “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт. Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.
Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард ва моҳи январи имсол оташбас барқарор шуд. Марҳилаи аввали он рӯзи 1-уми март поён ёфт.
“Ҳамос” даъват дорад, ки марҳилаи дувуми музокироти оташбас ҳарчӣ зудтар оғоз шавад. Ин гуфтушунид бо ёрии Амрико, Қатар ва Миср сурат мегирад ва ҳадафаш ба таври доимӣ поён додан ба ҷанг аст. Исроил мегӯяд, беҳтар аст, марҳилаи аввали созишро то нимаи моҳи апрел дароз кунанд.
"Беш аз 930 кушта". Аз ҳукумати Сурия хостанд, чора ҷӯяд
Баъд аз гузоришҳо дар бораи кушта шудани садҳо ғайринизомии ақаллияти алавӣ дар шаҳри Лозақияи Сурия, намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоҳони чораҷӯии фаврӣ шуданд.
Волкер Турк, масъули бахши ҳуқуқи башари Созмони Милал, рӯзи 9-уми март дар баёнияе гуфт, “куштани ғайринизомиён дар шимолу ғарби Сурия бояд бас карда шавад.”
Кушторҳо дар Лозақия ҳамлаи маргбортарин алайҳи мардуми осоишта пас аз суқути режими Башор Асад ва ташкили ҳукумати нав дар Сурия унвон шудааст.
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 10-уми март гуфт, дар чаҳор рӯзи гузашта зиёда аз 930 ғайринизомӣ аз сӯйи нерӯҳои амниятӣ ё ҷангҷӯёни тарафдори ҳукумати Сурия кушта шудаанд. Тасдиқи рақамҳо ба таври мустақилона имконпазир нест.
Даргирии охир пас аз он шиддат гирифт, ки нерӯҳои вафодор ба Башор Асад рӯзи сешанбеи гузашта ду сарбози Вазорати дифои нави Сурияро дар шаҳри Лозақия куштанд. Ба дунболи ин ҳодиса, нерӯҳои ҳукумати нави Сурия ва ситезаҷӯёни пуштибон аз онҳо бо номи поксозии боқимондаҳои режими Асад амалиёти густурдаеро анҷом доданд.
Ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 сарнагун шуд ва гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом”, ки дар аксар кишварҳои дунё ҳанӯз террористӣ дониста мешавад, зимоми қудратро ба даст гирифт. Раҳбари ин гурӯҳ Аҳмад Шаръ, ки пештар бо лақаби “Абумуҳаммади Ҷулонӣ” машҳур буд, президенти ҳукумати муваққати Сурия шудааст.
Кохи сафед гуфт, Эрон ду роҳи интихоб дорад
Кохи сафед дар посух ба изҳороти мақомоти эронӣ гуфтааст, мушкили барномаи ҳастаӣ Эрон агар бо роҳи музокира бо Амрико ҳал нашуд, аз роҳи низомӣ кор мегиранд.
Брайн Хюз, Шӯрои амнияти Кохи сафед гуфт, умедвор аст, ки низоми Эрон манфиати шаҳрвандонашро аз ҳадафҳои террористӣ боло мегузорад.
Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи 8-уми март гуфт, ки бо ҳеч "кишвари зургӯ" музокира нахоҳанд кард.
Ин ҳарф замоне садо дод, ки як рӯз пеш Доналд Трамп, президенти ИМА эълон кард, ки ба Эрон барои музокира сари барномаи ҳастаӣ нома фиристодааст.
Амрико ва Исроил нигарон ҳастанд, ки Эрон бо баҳонаи барномаи ҳастаӣ дар фикри сохтани силоҳи қатли ом аст.
Рафаэл Гросси, директори Оҷонси байналмилалии энережии ҳастаӣ гуфтааст, Эрон ба ҳаде ғанӣ кардани уранро афзоиш додааст, ки ба сохтани силоҳ наздик шудааст.
Рӯзи ҷумъа Доналд Трамп гуфт: "Ман ба онҳо нома навишта, гуфтам, ки умедворам шумо музокира мекунед, зеро агар мо аз роҳи низомӣ биравем, як чизи баде хоҳад шуд.”
Эрону Амрико беш аз чил сол боз робитаҳои мустақими дипломатӣ надоранд. ИМА шарик ва пуштибони аслии Исроил дар Ховари Миёна аст. Эрон борҳо эълон кардааст, ки вуҷуди Исроилро намехоҳад. Аз ин рӯ, мақомоти амрикоӣ мегӯянд, агар Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад, ба Исроил ҳамла мекунад.
Аҳмади Иброҳимро дар зиндони "Якум советский" ҷо кардаанд
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷикро, ки ба даҳ солу чор моҳ ҳабс маҳкум шудааст, рӯзи 6-уми март дар зиндони маъруф ба "Якум советский"-и пойтахт ҷо кардаанд.
Ӯро рӯзи 26-уми феврал аз Боздоштгоҳи Кӯлоб ба Душанбе интиқол дода буданд.
Пайвандони Аҳмади Иброҳим рӯзи 9-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пас аз як ҳафтаи нигаҳдорӣ дар Боздоштгоҳи рақами яки пойтахт, бе онки нусхаи ҳукмашро нишон диҳанд, ӯро ба зиндони "Якум советский" бурданд.
Аксари рӯзноманигорони зиндонӣ, аз ҷумла, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва Завқибек Саидаминӣ дар ҳамин зиндон нигаҳдорӣ мешаванд.
Сардабири нашрияи “Пайк” дар Хатлон моҳи августи соли гузашта бо гумони “додани пора ба корманди КДАМ” боздошт шуд. Баъдан, ӯро ба “тамаҷӯъӣ” ва “ифротгароӣ” гунаҳкор донистанд. Худаш ҳеч яке аз ин иттиҳомҳоро напазируфт.
Наздиконаш гуфтанд, ки ӯро охирон бор ҳангоми интиқолаш ба Душанбе дар мошини Идораи зиндонҳо дида буданд. Маъмулан, маҳкумшудаҳоро замоне аз боздоштгоҳҳо ба зиндон мебаранд, ки ӯ нисбат ба ҳукмаш эътироз намекунад ва иҷрои ҳукм ҳатмӣ мешавад.
Ширинмоҳ Иброҳимова, хоҳари Аҳмади Иброҳим, дар як тамоси телефонӣ гуфт, бародараш нусхаи ҳукмро то охирин лаҳза дастрас накарда буд, то аз он шикоят кунад.
“Вай гуфт, ки ҳатман аз рӯйи ҳукми ноодилона шикоят хоҳад кард ва то ҳукм ба дасташ нарасад, муҳлати шикоят намегузарад,” – афзуд Ширинмоҳ Иброҳимова.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти додгоҳӣ гуфта буданд, ӯ барои бозбинии ҳукм ҳамагӣ ним моҳ фурсат дошт. Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар аввали моҳи феврал гуфт, чун рӯзноманигор шикоят накард, “аз ин бармеояд, ки бо ҳукм розӣ аст.”
Пайвандонаш мегуфтанд, шикоятро аз ҳукми, ба гуфтаашон, “фармоишӣ” кори беҳуда медонанд. Ба нақли яке аз онҳо, ҳушдор гирифта буданд, ки агар аз ҳукм шикоят баранд, эҳтимол ҷазо сахттар шавад.
Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори 63-сола ва сардабири нашрияи “Пайк" аз кори мақомоти маҳаллӣ пайваста танқид мекард. Ӯ дар номааш аз зиндон дар охири соли гузашта гуфта буд, ки маҳз танқидҳояш ба мақомот хуш наомада, аз ӯ қассос гирифтанд.
Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Гузоришгарони бидуни марз ҳукмро ноодилона ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии рӯзноманигорро талаб карданд.