Усома ал Шаъфар, роҳбари Конфедератсияи дучархасаворони Осиё дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҳалок шудааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса шаби 19 ба 20-уми ноябр дар ҳудуди деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Усома ал Шаъфари 50-сола аз тоҷирони сарватманд ва шаҳрванди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд.
Ду манбаи огоҳ аз ҳодиса 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Усома ал Шаъфар ронандагӣ мекардааст ва ду ҳамроҳи дигараш захмӣ шудаанд. Ин ду нафар низ шаҳрвандони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳастанд. “Ал-Шаъфар баъди истироҳат дар бӯстонсарое дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои як ҳамоиш ба дигар ҷой мерафт, ки ба садама дучор шуд”, - гуфт манбаи Озодӣ.
Шоҳине, ки Ал Шаъфар бо худ доштааст, дар ин ҳодиса талаф шудааст. Сабабҳои фалокат ҳанӯз маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро шарҳ надоданд. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд натиҷа надод. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳодисаро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда гуфтанд, “ҳамаи маводро барои санҷиш ба Раёсати корҳои дохилӣ равон кардем”.
Усома ал Шаъфар тоҷир аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қаблан раиси Федератсияи дучархасаворони ин кишвар буд. Ӯ аз соли 2021 раиси Конфедератсияи велосипедронии Осиё ва ҳамзамон ноиби президенти Иттиҳодияи дучархасаворони байналмилалӣ (UCI) буд.
Усома Ал Шаъфар зоҳиран аз дӯстони Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон будааст. Дар саҳифааш дар Инстаграм, зери як аксе бо Рустами Эмомалӣ, ӯро бародари азизи худ хонда ва ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ табрик гуфтааст. Дар саҳифаи Усома ал Шаъфор дар Инстаграм ҳамчунин аксҳои ӯро бо Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз афроди бонуфуз дар Тоҷикистон ва ҳам Исмоил Муҳаммадзоҳир яке аз наберагони Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури кишвар дида мешавад.