Дар чанд ҷумла
Сарнавишти садҳо ҳазор афғонистонӣ дар Покистон чӣ хоҳад шуд?
Зиёда аз 800 ҳазор афғон, ки баъд аз бозгашти дубораи "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон фирор кардаанд, аз соли 2021 дар Покистон бе ҳуҷҷат қарор доранд.
Онҳо бояд то 31-уми март ин кишварро тарк кунанд.
1,4 миллион тани дигар, ки расман дар Покистон сабти ном шуда, корти Оҷонси паноҳҷӯёни Созмони Милали Муттаҳид ё UNHCR-ро доранд, бояд то 30-юми июн ба ватанашон баргарданд.
Бисёре аз онҳо даҳсолаҳо боз дар Покистон кору зиндагӣ мекунанд.
Сарнавишти 40 ҳазор афғонистонии дигар, ки мунтазири кӯчидан ба кишварҳои сеюм, аз ҷумла Амрико ҳастанд, рӯшан нест.
Ҳина, зани 25-солаи афғонистонӣ, бо оилааш дар шаҳри Пешовар дар шимолу ғарби Покистон зиндагӣ мекунад.
Ӯ мегӯяд, хонаводааш барои кӯчидан ба Иёлоти Муттаҳида иҷозат дошт ва ҳатто билети парвозро аз Исломобод фармоиш дода буд, вале ҳоло дар вазъияти ногувор мондааст.
"Орзуҳои мо барои ояндаи амн дар Иёлоти Муттаҳида шикаста шуданд. Мо наметавонем ба Афғонистон баргардем, чун ҷонамон зери хатар аст. Ҳамчунин, наметавонем, ки дар Покистон зиндагии босуботу устувор бунёд кунем," – изҳор дошт ӯ.
Идомаи эътирозҳо ба ҳимоят аз Акрам Имомоғлу дар Туркия
Дар ҳоле ки ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Туркия барои саркӯби эътирозгарон талош дорад, мардум рӯзи 29-уми март низ бо пуштибонӣ аз Акрам Имомоғлу, шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул, ба кӯчаҳо баромаданд.
Ба гузориши хабаргузории "Reuters", аз оғози эътирозҳо дар Туркия тақрибан ду ҳазор кас дастгир шудаанд.
Акрам Имомоғлу, шаҳрдори 54-солаи Истанбул, ду ҳафта қабл боздошт шуд. Мақомоти Туркия ӯро ба "ташкил ва мудирияти созмони ҷиноӣ, гирифтани ришва ва тамаъҷӯӣ" гумонзад медонанд, аммо худаш ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.
Дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе номаи Акрам Имомоғлу ба эътирозгарон хонда шуд, ки дар он гуфтааст, "онҳо метавонанд маро дар зиндон нигоҳ доранд ва ба додгоҳ кашанд, аммо миллат нишон дод, ки ҳамаи домҳо ва тавтеаҳоро аз байн мебарад."
Боздошти Акрам Имомоғлу як иқдоми сиёсӣ барои берун кардани ӯ аз сабқати интихоботи президентӣ арзёбӣ мешавад. Ҳукумат исрор дорад, ки додгоҳҳои Туркия мустақил ҳастанд.
Баъзе аз назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки Имомоғлу аз Эрдуғон маъруфтар аст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон ду дафъа президенти Туркия интихоб шудааст ва пеш аз он сарвазири ин кишвар буд. Агар ӯ мехоҳад, ки дигарбора дар интихоботи президентӣ номзад шавад, ё бояд интихоботи пеш аз муҳлат гузаронад ва ё Қонуни асосиро тағйир диҳад.
Гурӯҳи "Толибон" як шаҳрванди дигари Амрикоро раҳо кард
Гурӯҳи "Толибон", ки қариб чор сол боз зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, як зани амрикоиро аз боздошт раҳо кардааст.
Фей Ҳолл дар моҳи феврал дар Афғонистон дастгир шуда буд.
Ҳолл дар наворе гуфт, "ҳеч гоҳ ин қадар аз амрикоӣ буданам ифтихор накардаам. Сипос, ҷаноби президент..."
Дар бораи раҳоии Фей Ҳолл бори аввал рӯзи 27-уми март фиристодаи собиқи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод хабар дод.
Ин ҳодиса баъд аз раҳоии Ҷорҷ Глезмани 66-сола аз боздошт дар Кобул сурат гирифт.
Дархости Владимир Зеленский аз шарикони ғарбии Украина
Ҳамлаҳои Русия ба Украина афзудааст. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 29-уми март аз шарикони ғарбии кишвар хост, ба Маскав посухи "сахт" диҳанд.
Зеленский дар паёми видеоӣ гуфт, шарикони Украина бояд бидонанд, ки ин ҳамлаҳо на фақат ба шаҳрвандони Украина, балки алайҳи ҳама талошҳои байнулмилалӣ ва дипломатӣ барои поён додан ба ҷанг аст.
Раисҷумҳури Украина бо баёни онки мунтазири вокуниши ҷиддист, гуфт, Русия бояд ба сулҳ маҷбур карда шавад ва ин кор танҳо ба воситаи фишор имконпазир аст.
Мақомоти Украина аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакии Русия ба як бемористони низомии Харков ва шаҳри Кривой Рог хабар доданд.
Шаҳрдори Харков аз марги камаш ду нафар гузориш дод ва мақомот гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои Русия дар шаҳри Кривой Рог дасти кам ҳафт нафар захмӣ шудаанд.
Марде, ки дар Амстердам панҷ касро захмӣ кард, аз Донетск будааст
Шахсе, ки рӯзи 27-уми март дар шаҳри Амстердам, маркази Ҳолланд, бо корд панҷ касро захмӣ кард, шаҳрванди Украина будааст ва аз вилояти шарқии Донетск.
Пулиси Ҳолланд рӯзи 29-уми март гуфт, ин марди 30-сола рӯзи якуми апрел дар додгоҳ ҳозир хоҳад шуд.
Ангезаи ҳамла рӯшан нест ва тафтиши қазия идома дорад.
Ба иттилои пулис, дар ин ҳодиса ду шаҳрванди Амрико, як марди лаҳистонӣ, як зан аз Белгия ва як духтар аз Амстердам осеб дидаанд.
Марди лаҳистонӣ аз бемористон ҷавоб шудааст. Захмиёни дигар ҳанӯз бистарӣ ҳастанд.
Георгий Тихий, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Украина, гуфт, сафорати кишвараш дар Амстердам "бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҳолланд робитаи наздик дорад" ва дар ҷустуҷӯйи маълумоти изофист.
Ӯ афзуд, "мо ба зарардидагон шифои ҳарчи зудтар орзу дорем. Гунаҳкор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад."
Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи Кремлин ба шарқи Украина дар соли 2014 ва сипас ҳамлаи густурдаи Маскав дар соли 2022 бахши зиёде аз вилояти Донетски Украина аз ҷониби Русия ишғол карда шудааст.
"Фишори низомӣ". Ҳушдор аз ҳамлаҳои "густурда"-и Русия ба Украина
Таҳлилгарони низомӣ ва мансабдорони Украина ҳушдор додаанд, ки нерӯҳои Русия дар ҳоли омодагӣ ба оғози як ҳуҷуми густурда дар ҳафтаҳои оянда ҳастанд. Дар ин бора "Associated Press" рӯзи 29-уми март гузориш дод.
Ҳадафи ҳамла фишори низомӣ ба Украина ва тақвияти ҷойгоҳи Кремлин дар музокирот барои оташбас хонда шудааст.
Мансабдорони Украина гуфтаанд, ин иқдом метавонад ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ангеза бидиҳад, то гуфтушунидҳои сулҳро ба таъхир андозад ва барои тасарруфи минтақаҳои бештар талош кунад.
Бар асоси гузориши истихборотӣ, Русия бахусус ба минтақаи Суми, Харков ва Запорожйе тамаркуз кардааст.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 27-уми март дар сафар ба Порис гуфт, мақомҳои Русия музокиротро кашол медиҳанд, то Амрикоро дар гуфтушунидҳои, ба қавли ӯ, "бепоён" гирифтор кунанд.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия рӯзи 29-уми март дар шаҳри Днепри Украина чаҳор кас кушта ва 21 тан захмӣ шуданд. Ҳамла сабаби сӯхтори калон дар як меҳмонхона, тарабхона ва манзилҳои истиқоматӣ гашт. Зеленский гуфт, яке аз захмиён зани ҳомила аст.
Нерӯҳои ҳавоии Украина дар посух ба як постгоҳи марзӣ дар минтақаи Брянски Русия зарба зада, зерсохтҳои низомӣ, иртиботӣ ва назоратии онро аз байн бурданд.
Созиши оташбасе, ки Амрико ба муддати 30 рӯз пешниҳод кард, бо мухолифати Русия рӯ ба рӯ шуда, музокирот дар мавриди оташбаси маҳдуд дар Баҳри Сиёҳ низ ба бунбаст расидааст.
Русия мехоҳад, бонки давлатии ин кишвар ба низоми байнулмилалии SWIFT дубора пайваст шавад, вале Украина ва Иттиҳоди Аврупо дархости Маскавро напазируфтаанд.
"Ҷаҳон бо мушкилот рӯ ба рӯст." Таҷлили иди Фитр дар Тоҷикистон
Иди Рамазон ё Фитр дар Тоҷикистон, ки тибқи омор беш аз навад дарсади аҳолияш пайрави дини ислом ҳастанд, субҳи 30-юми март бо баргузории намози дастҷамъӣ шуруъ шуд.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, дар паёме аз мардум хост, ки дасти ёриро ба дармондагон дароз карда, аз низоъву тафриқа ва ихтилофҳо парҳез намоянд.
Як рӯз пеш аз он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз шароити ба гуфтааш “бесуботу буҳронии ҷаҳони муосир” ёд овард, ки “истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии сайёра таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст”.
Ӯ ҳамчунин гуфт: “Дар ҳоле ки ҷаҳон бо мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз ҷумла камобиву хушксолии пайиҳам ва болоравии нархи маводи ғизоӣ рӯбарӯ гардидааст, мо бояд ба масъалаи истифодаи оқилонаи имкониятҳои моддиву молиявии худ муносибати ҷиддӣ дошта бошем.”
Ишораи Раҳмон бештар ба риояи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим аст, ки солҳо пеш дар Тоҷикистон қабул шуда, чанд дафъа ба он ислоҳҳо ворид кардаанд.
Мақомот ҳамвора мардумро ба исрофкорӣ дар замони таҷлили ҷашну маросим танқид мекунанд. Баъзе аз сокинон инро дахолат ба зиндагии шахсӣ медонанд ва баръакс аз он норозиянд, ки худи мансабдорон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои расмӣ харҷи зиёд мекунанд.
Аз соли 1991 ба ин тараф ҷашнҳои мазҳабие чун иди Фитр ва иди Қурбон дар Тоҷикистон расман таҷлил мешавад ва бар асоси тақвим рӯзи таътил аст.
Азбаски имсол иди Фитр ба якшанбе рост омад, рӯзи душанбеи 31-уми март дар Тоҷикистон рӯзи ғайрикорист.
Дар Днепри Украина чор нафар кушта шудааст
Шоми 28-уми март бар асари ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Днепри Украина чор сокини маҳаллӣ кушта ва 24 нафар захмӣ шудааст.
Мақомоти маҳаллӣ эълон карданд, ки чанд хона, меҳмонхона ва ошхонаҳо низ оташ гирифтанд.
Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, Русия бо 20 дрон ба ин шаҳр ҳамла кардааст.
Андрей Сибиҳа, вазири умури хориҷии Украина гуфт, Русия сулҳ карданӣ нест.
Беш аз се сол боз ҳамлаҳои Русия ба Украина идома доранд. Доналд Трамп, президенти ИМА ваъда кардааст, ки ба ҷанг дар Украина поён медиҳад.
Ҳанӯз ҳеч нишонае аз поёни ҷанг дида намешавад.
Муовини Трамп гуфт, Гренландия бояд ихтиёран ба Амрико ҳамроҳ шавад
Ҷей Ди Вэнс, муовини Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи ҷумъа ба Гренландия сафар кард.
Дар Питуффик, пойгоҳи низомии Амрико дар Гренландия ӯ бо ҳамсараш Уша ва сарбозону афсарон хуроки нисфирӯзӣ хурданд.
Ӯ дар суҳбаташ бо расонаҳо гуфт, ки Гренландия барои амнияти ИМА ва минтақа хеле муҳим аст.
Вэнс гуфт, ки Дания тавоноии таъмини амният дар Арктикаро надорад, ончуноне, ки чунин имконро ИМА дорад.
Ӯ гуфт, ки агар Амрико Гринландияро бигирад, шод хоҳад шуд.
Рӯзноманигорон аз ӯ пурсиданд, ки оё барои гирифтани Гринландия аз нерӯи низомӣ истифода мешавад, Вэнс гуфт, фикр намекунад, ки кор то инҷо расад.
Ӯ гуфт, ки Гренландия аз Дания ҷудо шавад ва онгоҳ барои ихтиёран пайвастани он ба ИМА музокира хоҳанд кард.
Доналд Трамп, президенти ИМА борҳо таъкид кардааст, ки Гренландия бояд ба Амрико бипайвандад. Ӯ гуфт, соҳиб шудан ба Гренландия на танҳо барои амнияти Амрико, балки ба амнияти тамоми дунё рабт дорад.
Йенс-Фредерик Нилсен, ки рӯзи 28-уми март ҳамчун сарвазири Гренландия ба кор оғоз кард, аз сокинон даъват кард, ки ба фишорҳои беруна муқобилият кунанд. Ӯ тарафдори мустақил шудани Гренландия аз Дания ҳаст, вале мегӯяд, ин минтақа иқтисодашро ба танҳоӣ мечархонад.
Гренландия, бузургтарин ҷазира дар дунё дар шимолу шарқи қораи Амрико ҷойгир аст ва он аз ҷониби Дания, як кишвари аврупоӣ идора мешавад.
Шумораи қурбониён дар Мянмар ба беш аз ҳазор нафар расидааст
Шумораи қурбониёни заминларза дар Мянмар ба беш аз ҳазор нафар расидааст.
Дар ин бораи ҳукумати низомие, ки ин кишварро идора мекунад, ба хабаргузории “France 24" хабар додааст.
Хабаргузории Ройтерз хабар додааст, ки ҳудуди 30 нафар нопадид шудаанд.
Заминларзаи сахт садҳо манзилу пул ва роҳҳоро хароб кардааст.
Дар минтақаҳои харобшуда амалиёт барои ҷустуҷӯи афрод идома дорад.
Рӯзи 28-уми март дар Мянмар замин бо дараҷаи 7,7 дараҷа бо ҳисоби ҷадвали Рихтер ҷумбид.
Дар Тайланд, Ветнам ва Чин низ замин ларзидааст. Дар Бангкок бинои навсохте хароб ва даҳ нафар дар зери он ҳалок шудаанд.
Рақибони занони футболбози тоҷик дар Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «Н» бо тимҳои миллии Кореяи Шимолӣ, Малайзия ва Фаластин рақобат мекунад. Бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 29-уми июн то 5-уми июл дар Душанбе баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар маҷмуъ 34 тими миллии занона ширкат меварзад. Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобӣ, ки рӯзи 27-уми март дар қароргоҳи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – шаҳри Куала-Лумпури Малайзия - доир гардид, ҳашт гурӯҳ ташкил шуд: ду гурӯҳ аз панҷтимӣ ва шаш гурӯҳи дигар аз чаҳордастаӣ иборатанд.
Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар ҳашт кишвар: Урдун, Тайланд, Мянмар, Индонезия, Ветнам, Узбекистон, Камбоҷа ва Тоҷикистон доир мешаванд.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 1-ум то 26-уми март дар Австралия барпо мегардад, роҳ меёбанд.
Ба ғайр аз дастаи мизбон – Австралия – ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 тимҳои миллии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон пешакӣ роҳхат гирифтаанд.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҷадвали бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаро тасдиқ кард.
Занони футболбози тоҷик дар гурӯҳи «H» бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ (29-уми июн), Малайзия (2-юми июл) ва Фаластин (5-уми июл) бозӣ мекунанд. Ҳамаи бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занона:
Гурӯҳи «Н»
Кореяи Шимолӣ
Малайзия
Фаластин
Тоҷикистон
Даври якум
29-уми июн (якшанбе)
Кореяи Шимолӣ - Тоҷикистон
Малайзия – Фаластин
Даври дуюм
2-юми июл (чоршанбе)
Тоҷикистон - Малайзия
Фаластин – Кореяи Шимолӣ
Даври сеюм
5-уми июл (шанбе)
Кореяи Шимолӣ - Малайзия
Фаластин - Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ омодагӣ дидааст.
Занони футболбози тоҷик дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Ҷидда бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом доданд. Ҳарду бозӣ рӯзҳои 23-юм ва 26-уми феврал дар варзишгоҳи «Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити» доир гардид. Дар бозии аввал мизбонон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Бозии дуюм низ бо ғалабаи занони футболбози Саудӣ бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт.
Рубио гуфт, визаи 300 донишҷӯи ширкатдори эътирозҳои зидди Исроил бекор шуд
ИМА беш аз 300 раводид ё визаи донишҷӯёни хориҷиро, ки дар эътирозҳои зидди Исроил ширкат доштанд, бекор кард. Марко Рубио, вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ин лағви визаи донишомӯзон идома дорад. “Мумкин аст, ин танҳо ҳоло беш аз 300 нафар аст. Мо ин корро ҳар рӯз хоҳем кард. Ҳар бор бо ошкор шудани як чунин девонае, ман ӯро аз раводид маҳрум мекунам.”
Вай дар муроҷиат ба ин донишҷӯён таъкид кардааст, ки “мо ба ту барои таҳсил ва гирифтани дараҷаи илмӣ виза додем. На барои он, ки ту фаъоли ҷамъиятӣ шуда, кампус ё донишгоҳҳои моро расво кунӣ. Ва агар мо ба ту виза додему ту тасмим гирифтӣ, ки ба ин корҳо даст занӣ, мо онро бегуфтугӯ мегирем,”- афзуд котиби давлатии Амрико.
Ин изҳороти Рубио дар посух ба суолҳо оид ба сабабҳои лағви виза ва боздошту ихроҷи донишҷӯи турк, Румайсо Озтурк садо дод. Румайсо дар бахши докторантураи донишгоҳи Тафтс таҳсил мекард.
Рубио нагуфт, ки Озтурк ба чӣ гунаҳкор шудааст. Вай танҳо гуфт, рафтори донишҷӯдухтар ба меъёрҳои лағви раводид мувофиқат мекунад. Озтурк дар эътирозҳо бо пуштибонӣ аз Фаластин ширкат карда, аз донишгоҳ даъват карда буд, ки бо ҳама ширкатҳое, ки бо Исроил робита доранд, ҳамкориро қатъ кунанд ва “наслкушии фаластиниён”-ро эътироф кунанд. Ин донишомӯз ҳоло дар ҳабс аст ва ҳанӯз аз ИМА берун карда нашудааст.
Яке аз аввалин фармонҳои Доналд Трамп баъди шурӯи кораш ҳамчун президенти ИМА мубориза бо яҳудиситезӣ буд. Ба гуфтаи вай, толибилмоне, ки бо ҳимоят аз Фаластин дар донишгоҳҳо эътироз кардаанд, ба ҳамин гурӯҳ шомил мешаванд.
Ба навиштаи Бахши русии Би-би-си, бекор кардани виза ва боздошти эътирозгарон ҳам дар асоси ҳамин фармони Трамп сурат мегирад.
Аз ин пеш ҳукумати Трамп ҳаҷми маблағгузории Донишгоҳи давлатии Колумбияро ба андозаи 400 миллион доллар коҳиш дод. Ин муассиса ба он айбдор шуд, ки намехоҳад дар шаҳраки худ зидди яҳудиситезӣ мубориза барад.
Зилзилаи пурқудрате Мянмарро такон дод
Дар Мянмар рӯзи 28 март зилзилаи пурқудрати 7,7-дараҷаӣ рух дод ва пасларзаи 12 дақиқа баъдаш 6,4 дараҷа ҳисоб шуд. Маркази зилзила дар қисмати шимолу ғарби шаҳри Сикайн буда, сокинони шаҳри Рангони Мянмар гуфтанд, ки мардуми зиёд аз хонаҳои худ берун шуданд. Дар ин бора CNN хабар додааст.
Матбуот мегӯяд, ки дар қаламрави Мянмар бисёр биноҳо осеб дидаанд. Пули муҳиме, ки аз дарёи Иравадии пайвандгари миёни шаҳрҳои Сикайн ва Ава мегузарад, ба об афтодааст. Эҳтимолан даҳҳо ё садҳо хона вайрон шудааст.
Хабарҳое мерасад, ки дар 1400 км аз маркази зилзила дар шаҳри Тайланди Бангкок ҳам зилзила эҳсос шудааст. Бархе хабаргузориҳо мегӯянд, таконхӯрии заминро сокинони Бангладеш, Ҳинд, Лаос ва Чин ҳам эҳсос кардаанд. Феълан маълумоти дақиқ дар бораи шумори талафот дар миёни мардум нашр намешавад.
Ғолибони мусобиқоти гуштигирӣ бо мошинҳои сабукрав мукофотонида шуданд
Бахшида ба Ҷашни байнулмилалалии Наврӯз дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан мусобиқаи гуштигирӣ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ паҳлавонон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия иштирок карданд. Мардон дар чаҳор вазн ва занон дар як вазн қувва озмуданд.
Дар сабқати занон дар вазни 57 кило гуштигири тоҷик Аҳлия Муъминова, ки дар финал ба Ирена Хубуловаи русиягӣ пирӯз шуд, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ сарфароз гашт.
Дар мусобиқаи мардон паҳлавонони тоҷик дар се вазн ғолиб омаданд. Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни 60 кило, Наврӯзи Каримзод дар вазни 71 кило ва Ҳамроз Раҷабов дар вазни 86 кило ба гирифтани медали тилло ва ҷоизаҳои молӣ мушарраф шуданд.
Дар вазни беш аз 86 кило паҳлавон аз Узбекистон Бекмурод Олтибоев, ки дар финал гуштигири тоҷик Шарифҷон Назриевро мағлуб кард, соҳиби шоҳҷоиза – мошини сабукрав – гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи гуштигирӣ дар Истаравшан:
Вазни 57 кг
1. Аҳлия Муъминова (Тоҷикистон)
2. Ирена Хубулова (Русия)
3. Рӯзигули Ҳасан (Тоҷикистон)
4. Ситора Элмуродова (Узбекистон)
Вазни 60 кг
1. Искандар Маҳмадхоҷазода (Тоҷикистон)
2. Муҳаммадҷон Салимов (Тоҷикистон)
3. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)
4. Ҷӯрахон Амрохонзода (Тоҷикистон)
Вазни 71 кг
1. Наврӯзи Каримзод (Тоҷикистон)
2. Муҳаммадисо Раҷабов (Тоҷикистон)
3. Дилшод Мисаков (Тоҷикистон)
4. Алӣ Боқиев ( Тоҷикистон)
Вазни 86 кг
1. Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)
2. Сайфиддин Сайфиддинзода (Тоҷикистон)
3. Умед Эсанов (Узбекистон)
4. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
Вазни +86 кг
1. Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)
2. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
3. Муҳсин Исомиддинов (Узбекистон)
3. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
Бахшида ба Ҷашни байнулмилалалии Наврӯз дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи гуштигирӣ доир гардид. Паҳлавони маъруфи тоҷик Шакармамад Мирмамадов, ки дар вазни беш аз 86 кило дар финал ба Шарифҷон Назриев дастболо шуд,
барандаи шоҳҷоизаи ин мусобиқа - мошини сабукрави электромобил гардид.
Гуштигирони тоҷик Идибеки Амиршо, Қоим Шукронов, Муҳаммадисо Раҷабов ва Ҳақназар Назаров дар финал рақибонашонро мағлуб карда, соҳиби Ҷоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардиданд.
Бахшида ба Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мусобиқаи гуштии миллӣ сурат гирифт. Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик Ғазалшои Давлатшоҳ, Бобоҷон Бобоҷонов, Мизроб Лоиқов ва Шарифҷон Назриев ғолиб омада, ҳар кадом бо мошини сабукрав қадрдонӣ шуданд.
Иттиҳоди Аврупо алайҳи Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ кард
Иттиҳоди Аврупо барои таъқибҳои сиёсӣ ва дастгирӣ аз ҳамлаи Русия ба Украина, алайҳи Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ кардааст.
Дар рӯйхати нави таҳримҳо, 25 шаҳрванди Белорус ва 7 ширкат шомил шудаанд.
Аъзои Комиссияи марказии интихоботи Белорус, мақомдорони баландпоя, додрасҳо ва тоҷирони наздик ба ҳукумат, аз ҷумла шахсоне ҳастанд, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуданд.
Чанд ширкати вобаста ба парвариши пиёз барои он ба рӯйхати сиёҳ афтодаанд, ки аз меҳнати маҳбусони сиёсӣ дар шароити вазнин истифода мебаранд.
Таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле алайҳи Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад, ки раисҷумҳури худкомаи ин кишвар Александр Лукашенко 25 март савганд ёд кард.
Ӯ 26-уми январи имсол дар интихоботе, ки бе рақиби ҷиддӣ баргузор шуд, ғолиб эълон шуд. Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои интихоботро эътироф накард.
Лукашенкои 70-сола аз соли 1994 Белорусро идора мекунад ва барои нақзи озодиҳои асосӣ интиқод мешавад.