Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Маҷористон аз Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ берун мешавад

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил бо Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил бо Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон

Мақомоти Маҷористон ё Венгрия гуфтанд, ки ин кишвари аврупоӣ аз Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ берун хоҳад шуд.

“Давлат раванди хуруҷро рӯзи 3-юми апрел мутобиқ бо Қонуни асосӣ ва байнулмилалӣ оғоз хоҳад кард,” – гуфт як намояндаи ҳукумати Маҷористон.

Ин тасмим дар замоне эълон гашт, ки Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар Будапешт қарор дорад.

Пештар Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ ҳукми боздошти Нетаняҳуро содир карда буд.

Ӯро ба ҷинояти ҷангӣ дар Ғазза гумонзад медонанд. Ҷое, ки аз моҳи октябри соли 2023 даргирии нерӯҳои Исроил бо ҷангҷӯёни “Ҳамос” идома дорад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.

Мақомоти Исроил қарори Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноиро беасос хонаанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон барои ширкат дар нишасти Самарқанд

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 3-юми апрел ба Узбекистон рафт.

Ӯ рӯзҳои 3 ва 4-уми апрел дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд иштирок мекунад.

Ин нишасти нахустини тарафҳост.

“Нишасти Самарқанд нишон хоҳад дод, ки Иттиҳоди Аврупо то чӣ ҳад ба ҳамкории мунтазам ва дарозмуддат бо Осиёи Марказӣ омода аст. Душвории асосӣ барои Брюссел рақобат бо манфиатҳои Чин ва Русия дар минтақа хоҳад буд”, -- мегӯяд Мирҳат Шарифҷон, таҳлилгари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ.

Иттиҳоди Аврупо солҳо боз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бештар зери нуфузи Русия ҳастанд, равобит дорад. Иқтисоду дигаргунии иқлим, таъмини об ва риояи ҳуқуқи одамон аз мавзуъҳои асосии ҳамкории ду тараф будааст.

Вале бино бар санаде, ки Радиои Озодӣ рӯзи дувуми апрел дид, ҷонибҳо дар нишасти Самарқанд ба истиснои ташаббуси Global Gateway, ки ҳамчун алтернативаи тарҳи "Як камарбанд - як роҳ"-и Чин номбар мешавад, масъалаи Афғонистону мубориза бо таҳдидҳо, давр задани таҳримҳо, волоияти қонуну озодиҳои бунёдӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ баррасӣ ва ё ҳадди ақал дар бораи онҳо ишора хоҳанд кард.

Созмони байнулмилалии Human Rights Watch як ҳафта пеш аз намояндагони Иттиҳоди Аврупо талаб карда буд, ки дар гуфтугӯ бо мақомоти Осиёи Марказӣ ба риояи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ кунанд.

Чун, ба гуфтаи Искра Кирова, мудири созмон дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, "ҳабси мунтақидону фаъолон ва маҳдудияти кори ҷомеаи маданӣ ва матбуоти мустақил дар минтақа ба гумон аст, ки ба пешрафте, ки Иттиҳоди Аврупо дар фикри он аст, мусоидат намояд."

Аммо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, дар остонаи нишаст ва дар мусоҳиба бо шабакаи Euronews бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ ва сармоягузориву рушди устувор бо Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст. Ба иттилои ӯ, дар ҳафт соли охир додугирифт байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо афзуда, ба 54 миллиард евро расидааст.

Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ солҳои охир барои саркӯби мунтақидон, боздошту ҳабси рӯзноманигорон ва поймоли ҳуқуқи бунёдии сокинон танқид мешаванд. Ҳукуматдории тӯлонӣ ва интихоботҳои бидуни рақобат ва ё олуда ба тақаллуб аз камбудҳои дигари онҳо шумурда мешавад.

Як мансабдори баландпояи Русия ба Вашингтон рафтааст

Кирилл Дмитриев (байн) дар Арабистони Саудӣ. Акс аз моҳи феврали 2025
Кирилл Дмитриев (байн) дар Арабистони Саудӣ. Акс аз моҳи феврали 2025

Кирилл Дмитриев, намояндаи вижаи Русия дар умури сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, рӯзи 2-юми апрел барои суҳбат дар бораи хатми ҷанг дар Украина ва истиқрори оташбас ба Вашингтон рафтааст.

Хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба ду манбаъ рӯзи 3-юми апрел хабар дод, ки Дмитриев бо даъвати расмӣ вориди Вашингтон шуд.

Кохи Сафед иттилоъро тасдиқ накардааст.

Ба гузориши "Рейтерс", Стив Виткофф, намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна, бо дастури Кохи Сафед ва Департаменти давлатӣ ҳафтаи гузашта Дмитриевро даъват карда, барои дарёфти раводиди кӯтоҳмуддат ба ӯ ёрӣ додааст.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 бори аввал аст, ки як мансабдори баландпояи Русия аз Вашингтон боздид мекунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, чанде пеш аз ҷараёни кунди музокироти оташбас барои хатми ҷанг дар Украина ва рафтори Владимир Путин, президенти Русия, изҳори норизоятӣ кард.

Вай рӯзи 2-юми апрел ҳангоми эълони боҷи изофӣ барои бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, бори дигар ба пойбандии худ барои поён додани ҷанг дар Украина таъкид намуд.

"Саломатияш хуб нест." Озодии "табиб"-и Алии Бедакӣ аз зиндон

Акси Абдулло Вазиров аз бойгонӣ
Акси Абдулло Вазиров аз бойгонӣ

Абдулло Вазиров, ҷарроҳи 78-сола аз ноҳияи Рашт, ки соли 2023 бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ боздошт ва панҷ сол ҳабс шуда буд, қабл аз муҳлат аз зиндон раҳо гардидааст.

Пайвандонаш рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раҳоии ӯ бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон имконпазир гашт.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми марти имсол қарори раҳоии наздик ба нуҳсад зиндониро имзо гузошт ва онро “бахшиши гуноҳ” номид.

Абдулло Вазиров дар наворе, ки телевизионҳои Тоҷикистон нашру паҳн карданд, озодиро “неъмати беҳтарин” донистааст.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ ҳоло дар деҳаи Муллобароти ноҳияи Рашт қарор дорад, “аммо вазъи саломатияш чандон хуб нест”.

Табиби Алии Бедакӣ афв шудааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Абдулло Вазиров дар гузашта бо гумони кумак ба Аловуддин Давлатов, машҳур ба Алии Бедакӣ, низ зиндонӣ ва бар асоси қонуни авф озод шуда буд. Ӯ худашро бегуноҳ медонист.

Мақомот Алии Бедакиро ба созмон додани ҳамла ба корвони нерӯҳои Вазорати дифои Тоҷикистон дар соли 2010 гунаҳкор карданд. Дар он ҳамла 26 сарбоз кушта шуд.

Амрико шабакаи таъмини қисмҳои дронро дар Эрон таҳрим кард

Вазорати хазонадории Амрико
Вазорати хазонадории Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 1-уми апрел як шабакаи иборат аз 6 ниҳод ва ду шахсро таҳрим кард.

Онҳо барои бо қисмҳои дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин кардани ширкати "Quds Aerospace Industries" дар Эрон муттаҳам ҳастанд.

Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, ин шабака ҳамчунин дар расондани таҷҳизот ба ширкати саноати ҳавопаймоии Эрон ва Гурӯҳи саноатии Шаҳид Боқирӣ нақш доштааст.

Шабакаи таҳримшуда дар Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Чин ҷойгир аст.

Вазири молияи Амрико гуфт, густариши ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои Эрон ба ҷони ғайринизомиён, нерӯҳои Амрико ва муттаҳидони ин кишвар таҳдид мекунад.

Пентагон: “Карл Винсон” ба Ховари Миёна меравад

Киштии ҳавопаймобари "Карл Винсон". Акс аз соли 2018
Киштии ҳавопаймобари "Карл Винсон". Акс аз соли 2018

Артиши Амрико эълон кард, ки дастаи дигаре аз киштиҳои ҳавопаймобарро барои муқобила бо таҳдидҳо ба Ховари Миёна хоҳад фиристод.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин иқдом дар ҳолест, ки нерӯҳои амрикоӣ ҳамчунон ба макони шӯришиёни ҳусии Яман аз киштиҳои худ дар Баҳри Сурх ҳамла мекунанд.

Шӯришиёни ҳусиҳои Яман аз пуштибонии Эрон баҳравар ҳастанд.

Шон Парнел, сухангӯйи Вазорати дифои Амрико ё Пентагон, рӯзи якуми апрел гуфт, киштии ҳавопаймобари “Карл Винсон” ба “Ҳарри Труман” дар Ховари Миёна хоҳад пайваст.

Вай афзуд, ҳадаф идомаи мусоидат ба суботи минтақа, пешгирӣ аз таҷовуз ва ҳифзи гардиши озоди тиҷорат дар минтақа аст.

Ин эълон дар ҳолест, ки нерӯҳои амрикоӣ тақрибан ҳамарӯза ба мавқеи ҳусиҳо дар Яман ҳамлаҳои ҳавоӣ мекунанд, то таҳдиди онҳо ба киштиҳои ғайринизомӣ ва киштиҳои низомӣ дар минтақа бас гардад.

Зеленский гуфт, Ғарб фиристодани нерӯро ба Украина баррасӣ мекунад

Раҳбарони Фаронса, Бритониё ва Украина
Раҳбарони Фаронса, Бритониё ва Украина

Раҳбарони бахши низомӣ дар Ғарб эҳтимоли фиристодан ва ҷо ба ҷо кардани нерӯҳоро дар Украина баррасӣ хоҳанд кард. Мулоқот рӯзи чоруми апрел дар назар аст.

Президенти Украина Владимир Зеленский шоми 1-уми апрел дар паёми видеоӣ гуфт, ин нерӯҳо оташбаси эҳтимолиро назорат карда, бахше аз сохтори нави амниятии ин кишвар хоҳанд буд.

“Артиши Украина бояд ба қадри кофӣ нерӯманд бошад ва дар ин замина тамоми сохтори амниятӣ бунёд мешавад,” – афзуд ӯ.

Зеленский рӯзи якуми апрел бо вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок дар Киев мулоқот кард ва гуфт, ки “доираи маҳдуди кишварҳо” омодаанд, ба Украина нерӯ фиристанд.

Раҳбари Украина дар нишасти матбуотии муштарак бо Бербок изҳор дошт, ки ӯ мунтазири “посухи мушаххастар” аз ҷониби кишварҳои ҳампаймон аст.

То кунун Фаронса ва Бритониё омодагии худро барои ирсоли нерӯҳо бо ҳадафи назорат аз оташбаси эҳтимолӣ дар Украина изҳор доштаанд. Русия ба ҳама гуна ирсоли нерӯи хориҷӣ ба Украина шадидан мухолиф аст.

Владимир Зеленский ҳамчунин гуфт, Украина “тамоми маълумоти заруриро дар бораи қонуншиканиҳои Русия дар бахши энержӣ” бо шарикони амрикоии худ дар миён гузоштааст.

Дар ҳоле ки, ба гуфтаи вай, нерӯҳои Русия рӯзи 1-уми апрел ба Херсон зарба зада, бо ҳавопаймои бесарнишин як иншооти энергетикиро ҳадаф қарор доданд. Як қисми шаҳр бе барқ мондааст.

Ҷасади як сарбози дигари Амрикоро дар Литва ёфтанд

Литва
Литва

Ҷасади як сарбози дигари Амрикоро дар Литва пайдо кардаанд.

Дар ин бора артиши Иёлоти Муттаҳида рӯзи 1-уми апрел хабар дод.

Аз ин пеш ҷасади се сарбози амрикоӣ ёфта шуда буд.

Ин чор нафар, ки савори мошини зиреҳпӯши М88 Hercules-и артиши Амрико буданд, рӯзи 25-уми марти имсол ҳангоми тамрин дар Литва бедарак гаштанд.

Дертар маълум шуд, ки нақлиёти онҳо ба ботлоқзор афтодааст. Мошинро рӯзи 31-уми март берун оварданд.

Фармондеҳии артиши Амрико қаблан дар бораи сарнавишти низомиён хабар надода буд.

Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ меравад

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба Арабистони Саудӣ меравад.

Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, мумкин аст, Трамп дар миёнаҳои моҳи майи имсол ба Арабистони Саудӣ сафар кунад.

Ин сафари аввалини хориҷии ӯ дар давраи дувуми президентияш хоҳад буд.

Ӯ дар давраи аввали президентии худ низ нахустин сафарашро ба Арабистони Саудӣ анҷом дода буд.

Трамп дар ҳоле нияти сафар ба Арабистони Саудиро дорад, ки Амрико дар талош аст оташбасро дар Ғазза барқарор кунад.

Амрико бо Қатар ва Миср аз миёнаравҳои музокирот миёни Исроил ва гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" мебошанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ мехонанд.

UNICEF: Дар ҳамлаҳои охири Исроил беш аз 300 кӯдак кушта шудаанд

Ғазза. Акс аз бойгонӣ.
Ғазза. Акс аз бойгонӣ.

UNICEF, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, ибрози нигаронӣ кард, ки дар 10 рӯзи гузашта дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза беш аз 320 кӯдак кушта ва 609 тан захмӣ шудаанд. Нерӯҳои Исроил дар онҷо ҷангҷӯёни "Ҳамос"-ро нишон гирифтааст, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд.

Ин ниҳод дар эъломияе дар вебсайти худ навишт, омор нишон медиҳад, ки пас аз шикасти оташбас дар Ғазза рӯзона ҳудуди 100 кӯдак кушта ё маъюб мешаванд.

Ба иттилои UNICEF, дар 18 моҳи гузашта дар Ғазза 15 ҳазор кӯдак кушта ва беш аз 34 ҳазор кӯдак захмӣ шудаанд. Ҷанг ҳамчунин як миллион кӯдакро овора карда, онҳоро аз дастрасӣ ба ғизо, оби ошомиданӣ ва хадамоти тандурустӣ маҳрум кардааст.

Катерина Руссел, мудири масъули UNICEF, дар вокуниш ба ин вазъият гуфт, "оташбас дар Ғазза барои кӯдакони ин минтақа умеде барои наҷот ва беҳбуди вазъ буд, аммо акнун бори дигар кӯдакон дар гирдоби хушунати маргбор ва маҳрумият фурӯ рафтаанд".

Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ҳамлаҳоро нақзи ошкори қонунҳои байнулмилалии башардӯстона хонда, аз ҳама тарафҳо хостааст, ба даргириҳо дар Ғазза поён дода, оташбасро барқарор намоянд.

"Даъвои Зарифӣ, Ҳакимов, Атоӣ ва Ғанизода шунида шуд"

Дар акс: Рухшона Ҳакимова, Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшо Комилзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Рухшона Ҳакимова, Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшо Комилзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулфайз Атоӣ

"Даъвои Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ ва Нураҳмад Ғанизода шунида шуд." Як манбаи огоҳ аз парвандаи машҳури "табаддулот" дар Тоҷикистон, ки нуҳ касро дар бар мегирад, рӯзи аввали баррасии шикояти маҳкумшудаҳоро чунин тасвир кард, аммо ҷузъиёт надод. Қаблан онҳо худро бегуноҳ дониста буданд.

Баррасии шикояти маҳкумшудаҳо рӯзи 1-уми апрел ботаъхир, вале чун баррасиҳои зинаи аввал паси дарҳои баста, бе ҳузури пайвандон ва хабарнигорон дар Боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе доир шуд. Танҳо вакилони мудофеъро роҳ доданд.

Ҷаласа рӯзи 2-юми апрел давом мекунад ва интизор меравад, ки даъвои боқии маҳкумшудаҳо ва вакилони дифояшон шунида шавад. Бо фарқ аз додгоҳи марҳилаи аввал, ҷаласаи зинаи кассатсиониро се додраси Додгоҳи олӣ доварӣ мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи феврал ва пас аз баррасии беш аз ҳафтмоҳа 9 тан аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва иҷтимоиро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат, кӯшиши табаддулот ва ғасби ҳокимият аз 8 то 27 сол зиндонӣ кард:

  • Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ – 27 сол;
  • Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол;
  • Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол;
  • Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ – 19 сол;
  • Акбаршо Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 18 сол;
  • Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол;
  • Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол;
  • Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини раёсати ВКХ – 17 сол;
  • Рухшона Ҳакимова, хабарнигор ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов –8 сол.

Наздикони баъзе аз онҳо рӯзи 17-уми феврал хоҳони бозбинии ҳукм, озодии пайвандон ва бекор шудани мусодираи молу амвол шуданд. Ҳамчунин, 130 бонуи фаъол дар номае аз раисҷумҳури Тоҷикистон озодии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигор ва модари ду кӯдакро дархост карданд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ аз пайвандони маҳкумшудагон, онҳо то ҳол натавонистаанд, ки наздиконашонро дар Боздоштгоҳ бубинанд. Дар Додгоҳи олӣ ба онҳо гуфтаанд, ки "ҳоло иҷоза нест, мунтазир шавед."

Вакили мудофеи яке аз маҳкумшудаҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ин бора ба сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳам нома фиристоданд, "вале ҳеч ниҳод посух надод".

Видеоро дар инҷо бинед:

Парвандаи чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ бозбинӣ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00


Матвеев хост, кӯдакони муҳоҷирон аз Русия ронда шаванд

Михаил Матвеев
Михаил Матвеев

Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия, талаб кардааст, ки кӯдакони муҳоҷирон аз ин кишвар ихроҷ карда шаванд.

Матвеев бо нафраташ ба муҳоҷирон машҳур мебошад.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Телеграм" навишт, ки дар Русия тахминан 800 ҳазор хориҷии синну соли мактабӣ ба сар мебаранд. Аз ин байн, ба гуфтаи ӯ, танҳо 25 дарсад бо таҳсил дар мактабҳо фаро гирифта шудаанд.

Матвеев нусхаи як санади Вазорати корҳои дохилии Русияро намоиш дод, ки тибқи он 75 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо намехонанд.

Ин вакили мардумии Русия иброз доштааст, ки қариб ним миллион фарзандони муҳоҷирон ба истилоҳ "кӯчагард" ҳастанд.

"Онҳо дар инҷо ба кӣ даркоранд? Кӣ метавонад фаҳмонад? Ним миллион кӯдаки аз таҳсил маҳруми муҳоҷирон! Онҳо майдончаҳои бозии фарзандони моро банд мекунанд. Онҳо дар "галлаи гургон" ҷамъ шуда, дар ҷустуҷӯйи моҷаро ба марказҳои тиҷорат рафта, атфоли моро туъмаи ҳамлаҳояшон мекунанд. Онҳо аллакай ғорату таҷовуз мекунанд ва мекушанд," – гуфт ӯ.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик инро баҳонае барои сахттар кардани ҳузури онҳо ва аъзои оилаашон дар Русия медонанд.

Аз якуми апрел дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар пояи он фарзандони муҳоҷирон қабл сабтином дар мактабҳо бояд имтиҳони забони русӣ супоранд. Ҳар касе, ки аз имтиҳон нагузашт, метавонад худро ба таҳсили иловагӣ номнавис кунад.

Дар як соли охир ва бахусус баъд аз ҳамла ба толори "Крокус" дар наздикии Маскав, қонунҳои вобаста ба муҳоҷирати корӣ дар Русия сахттар шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Таҳсил намекунанд, аз Русия ихроҷ кунед!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:31 0:00


Чаппа шудани кӯҳпора дар Хатлон; як кас маҷруҳ шуд

Ҷойи ҳодиса
Ҷойи ҳодиса

Бар асари чаппа шудани кӯҳпора дар роҳи Леваканд-Данғараи вилояти Хатлон як кас маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарист.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел гуфт, ба ду мошин ё худрави “Mercedes Benz” ва “Opel Zafira” низ зарар расид.

Бино ба наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ду мошин қисман зери санг мондаанд ва роҳ бастааст.

Мақомот мегӯянд, роҳро пок карданд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт таъмин шуд.

Шоҳроҳи Бохтар-Леваканд-Кӯлоб панҷ моҳ пеш бозсозӣ шуда буд.

Ҷасади се низомии амрикоӣ дар Литва пайдо шудааст

Аз чор сарбози амрикоӣ, ки ҳангоми тамрин дар Литва бедарак шуда буданд, ҷасади се нафари онҳо пайдо шудааст. Ҷустуҷӯи сарбози чорум идома дорад. Дар ин бора фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Аврупо ва Африқо хабар додааст.

Дар хабари расмӣ омадааст, мақомоти Литва ва Лаҳистон барои пайдо кардани сарбозон ёрӣ расондаанд.

Мошини зиреҳпӯши М88 Hercules-и артиши Амрико, ки дар тамрини низомӣ ширкат дошт, рӯзи 25-уми март бо чор низомӣ бедарак шуд. Дертар маълум шуд, ки нақлиёт ба бероҳа рафта, ба ботлоқ афтидааст. Рӯзи 31-уми март мошинро берун оварданд.

Марк Рютте, дабири кулли НАТО дар ҷараёни сафараш ба Вашингтон гуфт, ки низомиён ҷон бохтаанд.

Фармондеҳии артиши Амрико қаблан дар бораи сарнавишти низомиён расман хабар надода буд.

Арманистон дигар барои СПАД пул намедиҳад

Парчами кишварҳои узви СПАД
Парчами кишварҳои узви СПАД

Арманистон эълон кардааст, ки дигар пули солонаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-ро намедиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон ба хабаргузории русии "Спутник" гуфтааст, ки аз ин тасмимаш СПАД-ро огоҳ кард. Ин кишвар қарор "Дар бораи буҷаи СПАД дар соли 2024"-ро имзо накарда, гуфтааст, дигар маблағгузориро идома нахоҳад дод.

Соли гузашта Никол Пашинян, сарвазири Арманистон эълон кард, ки кишвараш аз узвият дар СПАД хориҷ мешавад.

Эътирози Арманистон ин аст, ки СПАД дар ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ вазифаҳои худро иҷро накард.

Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1990 то соли 2023 аз ҷониби араманитаборони тарафдори Арманистон идора мешуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин минтақаро хоки Озарбойҷон медонист. Соли 2023 Озарбойҷон бо баргузории як амалиёти низомӣ онро дубора аз худ кард.

СПАД, як созмонест, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби Русия таъсис ёфт ва ҳоло Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Белорус ва Тоҷикистон шомили он ҳастанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG