Дар чанд ҷумла
Марги 88 кас дар ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза
Мақомоти тандурустии Ғазза гуфтанд, ки бар асари ҳамлаи Исроил дар шимоли ин борика рӯзи 30-юми октябр камаш 88 нафар, аз ҷумла даҳҳо зану кӯдак, кушта шудаанд.
Мудири бемористон гуфтааст, дар амалиёти нерӯҳои Исроил даҳҳо пизишк боздошт шудаанд ва имкони табобати захмиён нест.
Исроил ҳафтаҳои охир ҳамларо аз замину ҳаво ба Ғазза бештар карда, ҳадафашро маҳви ҷангҷӯёни “Ҳамос” номидааст.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Ҳамла бо ҳавопаймои бесарнишин ба як донишгоҳ дар Чеченистон
Рамазон Қодиров, раҳбари худкомаи Чеченистон, ки аз сӯйи Кремл пуштибонӣ мешавад, дар бораи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақаи Қафқози Шимолӣ хабар дод.
Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар Телеграм навишт, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба бинои Донишгоҳи маъруф ба "Нерӯҳои вижа" дар шаҳри Гудермес ҳамла карданд.
Ин донишгоҳ, ки ба номи президенти Русия Владимир Путин аст, тақрибан 500 километр дуртар аз марзи Украина ҷойгир аст.
Қодиров гуфт, ҳамла талафоти ҷонӣ надорад ва оташе, ки дар боми бино сар зад, хомӯш карда шуд.
Киев то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Ба нақли Рамазон Қодиров, ҳазорон сарбоз пеш аз пайвастан ба сафи нерӯҳои Русия барои ҷангидан дар Украина дар ин марказ аз давраҳои омӯзишии махсус гузаштаанд.
Дар Балуҷистони Покистон 5 коргарро куштаанд
Мақомоти Покистон рӯзи 29-уми октябр гуфтанд, ки бар асари ҳамла ба маҳалли сохтмони сарбанд дар минтақаи Панҷгури Балуҷистон панҷ коргар кушта шудаанд.
Ин минтақа дар наздикии сарҳади Покистон бо Эрон ҷойгир аст.
То кунун касе ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.
Вилояти Балуҷистон дорои манобеи фаровони маъдан аст ва аз аввали имсол чанд дафъа шоҳиди чунин ҳамлаҳо буд.
Дар он ҷо гурӯҳҳои ҷудоиталабе ба монанди Артиши Озодихоҳи Балуҷистон алайҳи ҳукумати Покистон меҷанганд. Ин гурӯҳ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.
Рӯзи 11-уми октябри имсол дар ҳамла ба як кони ангишт дар Балуҷистон 20 конкан кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо низ ҳеч гурӯҳ ба дӯш нагирифт.
"Бояд хотима дод." Интиқоди Раҳмон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои, ба гуфтааш, беасос боз кардани парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла барои гузоштани "лайк" дар Интернет танқид кард.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябр дар як маросим дар шаҳри Душанбе гуфт, ки "ба ин амал бояд хотима дода шавад".
Дар гузашта чанд нафарро дар Тоҷикистон барои дидан ё писандидан (гузоштани "лайк") ва ба дигарон фиристодани навори вобаста ба мухолифон боздошту зиндонӣ кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Исфара моҳи августи соли 2023 Камолиддин Шарофови 70-соларо, ба гуфтаи пайвандонаш, барои писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.
"Дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудҳои зиёд низ ба назар мерасанд... Вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст," – гуфт Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми октябр.
Ангезаи изҳороти раисҷумҳур дақиқ нест. Қаблан баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик ва созмону кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Департаменти давлатии Амрико, ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошту ҳабси шаҳрвандон бо баҳонаи писандидану ба дигарон фиристодани наворҳо танқид карда буданд.
Президент Раҳмон дар гузашта низ аз камбудҳои мақомот ёдовар шуда, барои ислоҳи вазъ дастур додааст, вале ба назар мерасад, на ҳамеша таъсир доранд.
Ӯ рӯзи 1-уми сентябри имсол дар мулоқот бо омӯзгорон ҷалби хонандагонро ба роҳпаймоиву пешвозгирии мансабдорон сахт танқид кард ва гуфт, ки аз ҷалби кӯдакон норозист ва дастур дод, ки дигар ин кор такрор нашавад. Баъди бист рӯз ҳангоми сафари худаш ба баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон дида шуд, ки боз кӯдаконро ба пешвозу шеърхонӣ бароварданд.
Ҳабси як мутахассиси IT аз Тоҷикистон бо гуноҳи "хиёнат ба давлат" дар Русия
Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29-уми октябр як зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба сездаҳуним сол зиндон маҳкум кард.
Фирӯз Дадобоев мутахассиси соҳаи фанновариҳои нав (IT) будааст.
Расонаҳои давлатии Русия аз қавли намояндагони Хадамоти федеролии амният (ФСБ) навиштанд, ки ӯ 47-сола аст ва соҳиби душаҳрвандӣ.
Дадобоевро моҳи октябри соли 2022 дар пойтахти Русия дастгир карданд.
Ӯро ба он гунаҳкор медонанд, ки гуё кӯшиш дошт маълумоти сирриро ба намояндаи CIA, созмони истихбороти марказии Амрико, бирасонад.
Ба гуфтаи масъулони ФСБ, Дадобоев ба гуноҳ иқрор шудааст, вале маълум нест таҳти чӣ шароит. Мавқеи наздикон ё вакили мудофеаш низ дастрас нест.
Додгоҳи шаҳри Маскав ин зодаи Тоҷикистонро ҳамчунин вазифадор кардааст, ки 300 ҳазор рубл (беш аз 3 ҳазор доллар) ҷарима пардозад.
Баъд аз ҳамлаи Маскав ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, теъдоди парвандаҳои хиёнат ба ватан дар Русия афзудааст.
Нашрияи "Важние истории" рӯзи 18-уми октябр навишт, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2024 дар Русия 52 нафарро бо гуноҳи хиёнат ба давлат ба зиндон маҳкум кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, шумори касоне, ки дар Русия ба ҷосусӣ маҳкум шудаанд, низ бештар шудааст. Дар шаш моҳи соли 2024-ум 18 нафарро бо ин гуноҳ маҳкум карданд.
Наим Қосим раҳбари нави "Ҳизбуллоҳ" интихоб шудааст
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон, ки дар ҷанг бо Исроил қарор дорад, рӯзи 29-уми октябр Наим Қосимро раҳбари нави худ эълон кард.
Ҳасан Насруллоҳ, раиси собиқи “Ҳизбуллоҳ”, рӯзи 27-уми сентябр дар ҳамлаи Исроил дар Бейрут кушта шуд. Наим Қосим муовини ӯ буд.
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” рӯзи сешанбе дар эъломияе гуфт, ки “Шӯро розӣ шуд, Шайх Наим Қосим дабири кулли ҳизб интихоб гардад.”
“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ аст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Эрон аз он ҳимоят мекунад, вале Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст.
"Украина дар истифодаи силоҳ алайҳи сарбозони Кореяи Шимолӣ маҳдудият надорад"
Украина барои истифода аз силоҳҳои ғарбӣ алайҳи нерӯҳои Кореяи Шимолӣ, ки ба Русия омадаанд, ягон маҳдудият надорад. Ин нуктаро Сабрина Сингҳ, намояндаи Вазорати дифои Амрико ё Пентагон рӯзи 28-уми октябр баён кард.
Ба ҳисоби мақомоти амрикоӣ, наздик ба 10 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ барои омӯзиш ба қисмати шарқии Русия фиристода шуданд.
"Як қисми ин неруҳо аллакай ба наздикии хоки Украина оварда шудаанд ва нигаронии мо бештар мешавад, ки Русия ин сарбозонро алайҳи Украина дар вилояти Курск истифода мебарад," -- гуфт Сабрина Сингҳ.
Сухангӯйи Пентагон ҳамзамон афзуд, вазири дифоъ Ллойд Остин ва вазири корҳои хориҷӣ Энтони Блинкен ин ҳафта бо ҳамтоёнашон аз Кореяи Ҷанубӣ мулоқот мекунанд.
Дабири кулли Паймони низомии Атлантики Шимолӣ ё НАТО рӯзи 28-уми октябр рафтани сарбозони Кореяи Шимолиро ба вилояти Курск тасдиқ кард.
WSJ: Исроил се низоми С-300-ро дар Эрон нобуд кард
Артиши Исроил дар ҳамлаи рӯзи шанбе ба Эрон се низоми зиддиҳавоии С-300-ро нобуд кардааст. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ гузориш додааст.
С-300 бахши асосии низоми зиддиҳавоии Эронро ташкил мекард.
Қаблан Русия ба Эрон чор маҷмӯъ аз низоми зиддиҳавоии С-300 фиристода буд, ки ба гуфтаи мақомоти ғарбӣ ҳоло сетоаш нобуд шудааст. Бахши чоруми ин низоми зиддиҳавоӣ пештар аз байн бурда шуда буд.
Артиши Исроил рӯзи 26-уми октябр дар ҷавоб ба ҳамлаи Эрон дар аввали моҳи ҷорӣ ба чанд маркази низомии ин кишвар зарба зад.
Мақомоти эронӣ аз кушта шудани дастикам 2 сарбоз хабар доданд.
Дар ҳамлаи Русия ба Харков чор кас кушта шудааст
Артиши Русия шаби 28 ба 29-уми октябр бори дигар ба вилояти Харков ҳамла кардааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки чор нафар кушта шуд.
Ишор Терехов, раиси ноҳияи Основянский, гуфт, ду хона ва қариб 20 иншооти дигар зарар дид. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои Русия аз мушаки "Гром-Е1" истифода кардаанд.
Олег Синеҳубов, волии вилояти Харков, гуфт, эҳтимол кӯдакон то ҳол дар зери вайронаҳо ҳастанд ва маъмурони наҷот дар ҷойи ҳодиса кор карда истодаанд.
Артиши Русия шоми 27-уми октябр бо бомбҳо ба ноҳияи Шевченковский, Киевский ва Салтовскийи вилояти Харков ҳамла карда буд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, дар умум 21 хона осеб дидааст.
Собиқадорони самбои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон 41 медал гирифтанд
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон-собиқадорон, ки рӯзҳои 25-27-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 41 медал (11 тилло, 10 нуқра ва 20 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Рақобатҳо миёни паҳлавонони аз 35-сола боло аз рӯи ҳафт дараҷаи синну сол дар шаш вазн сурат гирифт: дараҷаи синну сол (мардон) - 35-39, 40-44, 45-49, 50-54, 55-59, 60-65, +65 лет; дараҷаи ванҳо - 64, 71, 79, 88, 98, +98 кг.
11 нафар намояндагони Тоҷикистон бо унвони қарамони ҷаҳон миёни устодон-собиқадорони самбо ва медалҳои тилло сарфароз гаштанд:
дараҷаи М1 Мустафо Ҳасанов (71 кг);
дараҷаи М2 Миралӣ Меҳбуллоев (64 кг), Зиёдулло Неъматов (98 кг);
дараҷаи М3 Ҷаҳонгир Сулаймонов (88 кг) ва Абдулҳамид Раҳимов (98 кг);
дараҷаи М4 Баҳриддин Ҷамолов (64 кг), Фарҳод Раҳматуллоев (88 кг);
дараҷаи М6 Саламшо Муҳаббатов (98 кг), Хайрулло Назриев (+98 кг);
дараҷаи М7 Маҳмадшариф Сулаймонов (88 кг), Зайдулло Қурбонов (98 кг).
10 паҳлавони тоҷик медали нуқра гирифт:
дараҷаи М1 Мақсадшо Бердиев (88 кг);
дараҷаи М2 Замонҷон Умаров (71 кг);
дараҷаи М3 Фаридун Устопиров (+98 кг);
дараҷаи М4 Абдураҳмон Абдуллоев (71 кг), Хуршед Норов (79 кг), Хуршед Каримов (88 кг);
дараҷаи М5 Умар Холиқов (64 кг), Шавкат Дадабоев (+98 кг);
дараҷаи М6 Фарҳод Ризозода (98 кг);
дараҷаи М7 Баллаҷон Шарипов (88 кг).
20 варзишгари тоҷик бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд:
дараҷаи М1 Муҳаммадшариф Зикруллоев (64 кг), Неъматулло Абдуллоев (79 кг), Отамурод Ашӯров (+98 кг), Файзалӣ Яхшибеков (+98кг);
дараҷаи М2 Ҷонибек Маҳмудзода (79 кг), Собирҷон Сулаймонов (88 кг), Ғайратшо Зикруллоев (98 кг);
дараҷаи М3 Муҳаммад Маҳмадрасулов (64 кг), Фахриддин Амиршоев, Ҷобир Назаров (71 кг);
дараҷаи М4 Зайниддин Мақсудов (79 кг);
дараҷаи М5 Хушвахт Дастамбуев (71 кг), Маҳмадулло Давлатов (79 кг), Қиёмиддин Хоҷаев (88 кг), Шариф Қурбонов (+98 кг);
дараҷаи М6 Умар Сафаров (64 кг), Пулодҷон Файзиев (71 кг);
дараҷаи М7 Қурбонхон Шоев (71 кг), Назриддин Саноев (79 кг), Холмирзо Маҳмадалиев (+98 кг).
Бояд тазаккур дод, соли 2004, яъне 20 сол муқаддам, мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон-собиқадорон дар шаҳри Турсунзода доир гардида буд.
Гуштии самбо дар Тоҷикистон аз соли 1967 роҳандозӣ шудааст. Ҳоло дар кишвар беш аз 4000 нафар ба самбо шуғл меварзанд. Варзишгарони тоҷик дар ин ришта ҳам дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас даст ёфтаанд. Саидмуъмин Раҳимов, Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов қаҳрамони самбои ҷаҳон шудаанд.
Патент дар Маскав боз ҳам гаронтар мешавад
Аз аввали соли 2025 қимати иҷозаномаи корӣ ва ё патент дар шаҳри Маскав пойтахти Русия 20 дарсад боло бурда мешавад. Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС 28-уми октябр аз қавли Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав хабар додааст.
Ба навиштаи хабаргузорӣ, сар аз моҳи январ қимати патент , ки ҳоло 7400 рубл аст, тақрибан 9 ҳазор рубл мешавад.
Собянин гуфтааст, сабаби боло бурдани қимати иҷозатномаи кор баробар кардани хароҷоти корфармоён барои муҳоҷирон ва коргарони рус аст.
Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва аксарияти онҳо иҷозанома ё патент мегиранд. Муҳоҷирон борҳо аз қимати баланди патент шикоят мекунанд. Гирифтани он ҳам расмиёти зиёд дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, мақомоти Русия иҷозатномаи корро умдатан барои фишор ба муҳоҷирон истифода мебаранд, ки молиёти зиёде ҳам ба буҷаи Русия мепардозанд.
Узбекистон ба Кобул сафири нав фиристод
Узбекистон сафири нави худро ба Кобул фиристод. Ойбек Усмонов ҷойгузини Ёдгорхӯҷа Шодмонов мешавад, ки аз соли 2012 намояндаи Тошканд дар Кобул буд.
Ойбек Усмонови 62-сола давоми чор соли ахир сафири Узбекистон дар Покистон буд. Расонаҳои Узбекистон навиштанд, Усмонов забонҳои дарӣ ва паштуро медонад.
Узбекистон аз кишварҳое аст, ки бо ҳукумати “Толибон” робитаи наздик дорад. Тошканд сафири “Толибон”-ро қабул кардааст.
“Толибон” моҳи августи соли 2021 тамоми Афғонистонро ишғол карда, низоми ҷумҳуриятро барҳам дод. Аммо ягон кишвар то ҳол ин гуруҳро ба ҳайси ҳокимони нави Афғонистон ба расмият нашинохтааст.
НАТО ҳузури сарбозони Кореяи Шимолиро дар Русия тасдиқ кард
Дабири кулли Паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО мегӯяд, ин созмон фиристодани сарбозони Кореяи Шимолӣ ба вилояти Курскро тасдиқ кардааст.
Марк Рутте 28-уми октябр дар Брюселл ин иқдомро “нуқтаи қобили таваҷҷуҳ” дар ҳамлаи густурдаи Русия алайҳи Украина номид.
Дабири кулли НАТО афзуд, фиристодани сарбозони Кореяи Шимолӣ ба вилояти Курск нишон аз “ноумедӣ”-и Владимир Путин аст, ки дар ҷанг алайҳи Украина беш аз 600 ҳазор сарбозро талаф кардааст.
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский қаблан ҳушдор дода буд, ки Русия ният дорад сарбозони Кореяи Шимолиро аз 27-уми октябр дар майдонҳои даргирӣ ҷобаҷо кунад. Мақомоти Русия дар ин бора ошкоро суҳбат намекунанд.
Хадамоти истихбороти низомии Украина рӯзи 24-уми октябр гуфт, ки ҳузури нерӯҳои Кореяи Шимолиро дар вилояти Курски Русия ошкор кардааст.
Нерӯҳои украинӣ дар моҳи августи имсол ба Курск ҳамла карда, гӯшаҳое аз ин вилояти Русияро зери назорат дароварданд. Курск бо Украина ҳамсарҳад аст.
Конибодом: Боздошти ду гумонбар бо иттиҳоми қатли ҷавони 25-сола
Пулиси шаҳри Конибодом ду нафарро бо гумони қатли Амрулло Боймирзоеви 25-сола боздошт кардааст. Дар ин бора Нарзулло Боймирзоев, падари Амрулло ба Радиои Озодӣ хабар дод. Мақомот дар ин бора расман хабар надодаанд.
Нарзулло Боймирзоев, ки ҳамзамон раиси идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ҳам ҳаст, 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи гумонбарон маълумоти зиёд надорад. "Тафтишот идома дорад, бо 2 нафар қаноат нест,"-афзуд Боймирзоев.
Шаби 22 ба 23-юми октябр афроди ношинос Амрулло Боймирзоевро дар ҷойи кораш, дар ҷамоати “Патар”-и шаҳри Конибодом куштанд. Ин ҷавон посбони коргоҳи тоза кардани пахта буд. Сабабҳои куштор феълан маълум нест. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ дар бораи ҳодиса то ин дам бенатиҷа буд.
Ин ягона куштори норӯшан дар шаҳри Конибодом нест. Баъд аз моҳи апрели имсол дар бораи кушта шудани аъзои камаш панҷ оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд.
Маҳбуси фирории тоҷик дар Русия боздошт шуд. Ӯ чӣ тавр аз зиндон гурехтааст?
Ҷустуҷӯйи яке аз шаш маҳбусе, ки аз зиндони Липетски Русия фирор кардааст, идома дорад.
Расонаҳои Русия рӯзи 26-уми октябр хабар доданд, ки 6 маҳбус аз зиндони Липетски Русия гурехтаанд. То ҳол 5 нафари онҳо боздошт шудаанд.
Бино ба иттилои мақомоти Русия, маҳбусони фирорӣ, зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, яке аз маҳбусон шаҳрванди Тоҷикистон ва дигарон зодаҳои Узбекистон ҳастанд.
Саҳифаи “Маш" дар Телеграм, акс ва маълумоти шаҳрванди фирории Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ӯро пайдо кардаанд. Ин нафар Даврон Ҷабборов, сокини 27-солаи вилояти Хатлон мебошад. Ба қавли манбаъ, ӯ соли 2022 бо иттиҳоми таҷовуз ва авбошӣ ба 9 сол зиндон маҳкум шудааст. Назари худаш ва пайвандонаш ба ҳукм ва ҳамчунин фирори ӯ маълум нест.
Расонаҳои Русия, аз ҷумла саҳифаи “Маш" ва "Baza" навиштаанд, маҳбусон таавассути нақбе фирор кардаанд, ки ним сол ба кандани он машғул буданд. Ду нафарро дар вилояти Тамбов ва се 3 нафари дигарро дар наздикиҳои зиндон боздошт намуданд. Бино ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, аввал сокинон кулоҳҳои маҳбусонро пайдо карда, дертар пулис худи онҳоро дастгир кардааст.
Маҳбустон мехостанд марзро убур карда, ба кишварҳои худ баргарданд. Вазорати Корҳои дохилии Русия аз лаҳзаи пурсиши яке аз маҳбусон нашр кардааст, ки дар он вай мегӯяд, “ният доштем, ки ба хона равем.”
Дар робита ба ин қазия Кумитаи тафтишотии Русия нисбати кормандони зиндон бо иттиҳоми хунукназарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Ҳадди ақал ду маҳбуси фирорӣ дар бозпурсиҳои аввал гуфтанд, мехостанд аз тариқи Қазоқистон ба Узбекистон раванд.
Нашрияи «Коммерсант» менависад, зиндониёни фирорӣ бо гуноҳи таҷовуз ба номус ва қочоқи маводи мухаддир адои ҷазо мекарданд. Яке аз онҳо фақат ним сол дар зиндон будааст.
Духтарони футболбози тоҷик тими Саудиро шикаст доданд
Дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар бозии дӯстона бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 20-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, ки 25-уми октябр дар шаҳри Ҷидда баргузор шуд, бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон голҳоро Марҷона Саидова ва Шукрона Устоева ба самар расонданд.
Бозии дуюми дӯстонаи духтарони футболбози Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 29-уми октябр дар Ҷидда доир мегардад.
Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-20) як марҳилаи омодагӣ ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб мешавад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8-ум то 16-уми марти соли оянда доир мегардад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мегарданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Арабистони Саудӣ:
Дарвозабонҳо: Фараҳноз Холдорова («Ҳосилот»), Нозофарин Иброҳимова («Душанбе»);
Ҳимоятгарон: Ором Насруллоева («Бунҷикат»), Зарина Сафарзода, Улҷамол Элмуродова, Нозия Узоқова (ҳама аз «Бешкент»), Шарофат Ашурова («Варзоб»), Гулзира Султонова («Ситора»), Омина Қодирова («Душанбе»), Мафтуна Шанбиева, Таҳминаи Баҳром, Дилдора Имомалиева (ҳама аз «Панҷшер»);
Нимҳимоятгарон: Нозия Абдуғаффорова («Бешкент»), Марҷона Саидова, Манзура Қаюмова (ҳарду аз «Душанбе»), Фаришта Саидова («Вахш»), Шоҳсанам Ҳоҷиматова («Хуҷанд»), Хуршедахон Ҷураева («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Меҳрона Давлатова, Шукрона Устоева (ҳарду аз «Душанбе»), Чаросхон Нормуродова («Бешкент»), Уғулой Сатторова («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Юсуф Рабиев.
Ҳомии ҳуқуқ аз Тоҷикистон довталаби як ҷоизаи байнулмилалӣ шуд
Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ба рӯйхати довталабони ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс шомил шудааст.
Дар иттилоияи созмондиҳандагон омадааст, Самадова барои фаъолияти барҷастааш дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, яке аз довталабони ҷоизаи Мартин Энналс интихоб шуд.
Дар назар аст, ки номи ғолибон рӯзи 19-уми ноябри имсол эълон шавад. Маросими ҷоизасупорӣ 21-уми ноябр дар шаҳри Женева баргузор мешавад.
Ҷоизаи Мартин Энналс ба нафароне дода мешавад, ки сарфи назар аз хатари зиёд барои ҳимояи ҳуқуқи инсон, дифоъ аз озодию демократия ва волоияти қонун талош мекунанд.
Брайан Дули, роҳбари созмони Human Rights First ва аз ҳакамони ҷоизаи Мартин Энналс гуфтааст, Дилрабо Самадоваро барои "кор кардан дар шароити душвор ва руҳбаланд кардани ҷавонони Тоҷикистон" ҳамчун довталаб интихоб карданд.
Дилрабо Самадова давоми 20 соли ахир барои ҳимояи ҳуқуқи инсон, бахусус сарбозон кор мекунад. Ӯ аз камтарин ҳомиёни ҳуқуқ дар дохили Тоҷикистон аст, ки бо расонаҳо озодона суҳбат мекунад.
Русия ба чор ноҳияи Харков ҳамла кардааст
Артиши Русия шаби 27 ба 28-уми октябр якбора ба чор ноҳияи вилояти Харков ҳамла кардааст.
Олег Синегубов, волии вилояти Харков гуфт, як хумпора ба паҳлуи бинои нуҳошёна афтид. Ба гуфтаи Синегубов, девори ошёнаҳои боло осеб дида, баъдан сӯхтор сар зад.
Игор Терехов, шаҳрдори Харков мегӯяд, ҳамлаи шабони неруҳои Русия боиси ҳахмӣ шудани 7 нафар, аз ҷумла духтари 16-сола шуд.
Бегоҳи 27-уми октябр артиши Русия бо бомбҳои ҳавоӣ ба ноҳияи Шевченковский, Киевский и Салтовскийи вилояти Харков ҳамла кард. Мақомоти украинӣ гуфтанд, дар умум 21 хона осеб дидааст.
Мошини дӯсти Саида Мирзиёеваро тирборон кардаанд
Шаби 26-уми октябр ду шахси ношинос мошини Комил Алламҷонов, яке аз наздикони Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистонро тирборон кардаанд. Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, Комил Алламҷонов ва ронандааш дар ин ҳодиса осеб надидаанд.
Додситонии кулли Узбекистон дар бораи ин ҳодиса хабар додааст, ки соати 1:40-и 26-уми октябр дар ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд, ду шахси ношинос ба сӯи мошини Range Rover оташ кушода, баъдан пинҳон шуданд.
Мақомоти Узбекистон дар бораи нафароне, ки мавриди ҳамла қарор гирифтанд, чизе нагуфтааст. Аммо манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, Комил Алламҷонов, аз дӯстони наздики Саида Мирзиёева дар дохили мошин буд. Сабаби ҳамла ба ӯ маълум нест.
Чанд сокини ноҳияи Қибрай гуфтанд, баъди ҳамла ба мошини Алламҷонов, дар ин ноҳия вазъи фавқуллода ҷорӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, баъзе кӯчаҳо баста шудаанд.
Алламҷонов қаблан сухангӯи президенти Узбекистон ва роҳбари Оҷонси иттилоот ва иртибототи назди дастгоҳи президент буд. Чанде пеш ӯро барканор карданд.
Президенти Гурҷистон натиҷаҳои интихоботро қабул накард
Саломе Зурабишвили, раиси ҷумҳурии ғарбгарои Гурҷистон эълон кард, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 26-уми октябрро эътироф намекунад.
Зурабишвили 27-уми октябр зимни нишасти хабарӣ дар Тбилисӣ гуфт, кишвар қурбонии “як амалиёти вижаи Русия” шудааст. Аммо ӯ ҳеч далеле барои гуфтаҳояш пеш наовард.
Комиссияи марказии интихоботи Гурҷистон эълон кард, ки 54,27 дарсади раъйдиҳандагон ба ҳизби ҳокими "Орзуҳои гурҷӣ" овоз додаанд. Ба ин тартиб ин ҳизб аксари курсиҳои порлумонро соҳиб хоҳад шуд. Аҳзоби мухолифи Гурҷистон гуфтанд, натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд.
Саломе Зурабишвили як рӯз баъд аз интихобот ба хабарнигорон гуфт, эътирофи натиҷаҳои ин интихобот, маънои зери итоати Русия рафтани Гурҷистонро дорад.
"Мо ба ин тоқат намекунем. Ояндаи рӯ ба аврупоро аз Гурҷистон гирифтан мумкин нест,"- афзуд Зурабишвили.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, бар ҳамсолони худ аз Умон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт.
Бозии даври сеюми гурӯҳи «J» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистону Умон 27-уми октябр дар варзишгоҳи “Бишан”-и Сингапур доир гардид. Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммад Назриев дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаҳи 71-ум ва 81-ум, ба самар расонд. Дарвоқеъ, Муҳаммад Назриев, ки ҳамагӣ 16 гол зад, беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид.
Бозии охирини гурӯҳи «J» миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Сингапуру Гуам 27-уми октябр бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 14:0 хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар аввалин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 тими Гуамро бо ҳисоби рекордии 33:0 шикаст дода буд. Футболбозони навраси тоҷик дар бозии дуюмашон дастаи мизбон – Сингапурро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карданд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ҷадвали гурӯҳи «J» бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола, ки аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳхат гирифт. Умон бо 6 имтиёз дуюм, Сингапур бо 3 имтиёз сеюм ва Гуам бидуни имтиёз чаҳорум шуданд.
Бар асоси натиҷагирии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо - Кореяи Шимолӣ (“А”), Афғонистон (“В”), Кореяи Ҷанубӣ (С”), Тайланд (“D”), Узбекистон (“Е”), Ҷопон “F”), Австралия (“G”), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (“H”), Яман (“I”) ва Тоҷикистон (“J”) - ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфтанд.
Инчунин панҷ тими нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюм ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мушарраф мешаванд.
Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17):
Гурӯҳи «J»
Даври якум
Тоҷикистон – Гуам – 33:0
23-юми октябр. Сингапур. Варзишгоҳи «Бишан». 82 тамошобин.
Умон – Сингапур – 5:0
Даври дуюм
Гуам – Умон – 0:18
Сингапур – Тоҷикистон – 1:3
Голҳо: Ҳайдаршо Худойдодов, 5 (0:1). Назрулло Ашурализода, 62 (0:2).Шафрел Ариел, 82 (1:2). Назрулло Ашурализода, 86 (1:3).
25-уми октябр. Сингапур. Варзишгоҳи «Бишан». 650 тамошобин.
Даври сеюм
Тоҷикистон – Умон – 2:0
Голҳо: Муҳаммад Назриев, 71 (1:0), Муҳаммад Назриев, 81 (2:0).
Тоҷикистон: Абубакр Раҳмонқулов, Меҳроҷиддин Розиқов, Мустафо Ҳасанбеков, Самиаллоҳ Давлатов, Назрулло Ашурализода (Мубориз Мискиншоев, 81), Аҳмадҷон Шоев, Зариф Зарифзода (Муҳаммад Назриев, 64), Рамазон Бахталиев (Баҳодур Назарзода, 90+5), Абдулло Иброҳимзода (Ҳайдаршо Худойдодов, 46), Давид Мақсудов (Парвиз Бобоназаров, 46), Абдусамад Меликмуродов.
Беҳтарин бозигари дидор: Мухаммад Назриев (Тоҷикистон).
27-уми октябр. Сингапур. Варзишгоҳи «Бишан». 150 тамошобин.
Сингапур – Гуам – 14:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «J»
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Тоҷикистон |
3 |
3 |
0 |
0 |
38-1 |
9 |
2 |
Умон |
3 |
2 |
0 |
1 |
23-2 |
6 |
3 |
Сингапур |
3 |
1 |
0 |
2 |
15-8 |
3 |
4 |
Гуам |
3 |
0 |
0 |
3 |
0-65 |
0 |
Дар Ғазза дар як рӯз 45 нафар кушта шудааст
Дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза рӯзи 27-уми октябр 45 нафар кушта шудааст.
Мақомоти беҳдоштии Фаластин хабар доданд, ки аксари кушташудаҳо дар шимоли Ғазза будаанд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо хабар доданд, ки раҳбарони Моссад, созмони ҷосусии ин кишвар, барои музокироти оташбас ба Қатар рафтаанд.
Қатар, як кишвари миёнарав дар музокироти Исроил бо ҲАМОС аст.
Мақомоти исроилӣ мегӯянд, шояд барои табодули гаравгонҳо бо бархе маҳбусони фаластинӣ як оташбаси муваққат барқарор шавад.
Дар як соли гузашта талошҳо барои оташбас натиҷа надоданд. Ҳоло бо кушта шудани Яҳё Синвор, раҳбари ҲАМОС, бисёриҳо умедворанд, ки оташбас дар Ғазза барқарор мешавад.
ҲАМОС-ро Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд.
Дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза беш аз 43 ҳазор нафар кушта шудааст.
Дар Узбекистон вакилони порлумонро интихоб мекунанд
Рӯзи 27-уми октябр дар Узбекистон маъракаи интихоби вакилон ба порлумони ин кишвар баргузор шуд.
Дар интихобот панҷ ҳизби сиёсӣ ширкат мекунанд.
Ҳанӯз натиҷаҳои пешакии интихобот эълон нашудааст. Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон гуфтааст, ки дар ин маърака 20 миллион нафар ҳаққи иштирок доранд. То нисфирӯзӣ ин комиссия эълон кард, ки беш аз 47 дар сади сокинони ҳаққи овоздиҳӣ дар маърака иштирок кардаанд.
Коршиносон интихоботи порлумонии ин кишварро саҳнасозӣ ва ҳизбҳое, ки дар он ширкат карданд, "кисагӣ" номиданд.
Хабаргузории Ройтерз навиштааст, ки тамоми сохторҳои ҳукумат дар ин кишвар зери дасти Шавкат Мирзиёев, президенти кишвар буда, порлумон танҳо ба қабули қонунҳои пешниҳодкардаи ӯ машғул аст ва ниҳоди мустақили қонунгузорӣ нест.
Дар ҳамлае дар Тел-Авив 35 нафар захмӣ шудааст
Дар канори шаҳри Тел-Авиви Исроил як мошини боркаш автобусеро зер кардааст, ки дар натиҷа 35 нафар захмӣ шудаанд.
Вазъи шаш тан аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад.
Мақомоти Исроил ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи террористӣ таҳқиқ мекунанд.
Мошини боркаш замоне ба автобус бархӯрдааст, ки кӯҳансолони бознишастаро ба тамошои як осорхона мебурдааст.
Ронандаи мошини боркашро сокинони маҳаллӣ, ки бо худ силоҳ доштаанд, то расидани кормандони пулис куштаанд.
Ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки Исроил дар Лубнон бо гурӯҳи Ҳизбуллоҳ ва дар Ғазза бо ҲАМОС меҷангад.
Дар гузашта масъулияти ҳамлаҳои шабеҳ ба инро дар Исроил ин гурӯҳҳо ба душ гирифта буданд.
Ҳизби рӯ ба Русия дар интихоботи порлумонии Гурҷистон пирӯз шуд
Ҳизбҳои мухолиф дар Гурҷистон аз эътирофи натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ даст кашиданд.
Онҳо натиҷаҳои интихоботро қалбакӣ дониста, ҷонибдоронашонро ба тазоҳурот даъват карданд.
Бахши гурҷии Радиои Озодӣ хабар дод, ки 99 дарсади варақаҳои овоздиҳиро Комиссияи Марказии интихобот ҳисоб кардааст.
Бар асоси ҳисобҳои расмӣ, ҳизби "Орзуҳои гурҷӣ" бо дарёфти 54,27 дарсади овоз пешсаф шудааст ва аксари курсиҳои порлумонро соҳиб хоҳад шуд. Чор ҳизби дигар на бештар аз даҳ дарсадии овозҳоро ба даст овардаанд.
Мухолифон "Орзуҳои гурҷӣ"-ро ҳизби рӯ ба Русия медонанд, ки мухолифи арзишҳои аврупоӣ аст.
Ҳизбҳои мухолиф гуфтанд, курсиҳое, ки ба ҳисобҳои тақаллубӣ ба онҳо дода мешавад, дар порлумон соҳибӣ нахоҳанд кард.
Бо дарёфти курсии бештар дар порлумон ҳоло "Орзуи гурҷӣ" имкон пайдо мекунад, ки президенти нав интихоб кунад.
Интихоби президент пас аз 45 рӯзи интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд ва президентро на мардум, балки вакилони порлумон интихоб мекунанд.
Саломе Зурабишвили, президенти кунунии Гурҷистон тарафдори пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо ва мухолифи ҳизби "Орзуҳои гурҷӣ" аст.