Дар чанд ҷумла
Ғолибони мусобиқоти гуштигирӣ бо мошинҳои сабукрав мукофотонида шуданд

Бахшида ба Ҷашни байнулмилалалии Наврӯз дар Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшан мусобиқаи гуштигирӣ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ паҳлавонон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия иштирок карданд. Мардон дар чаҳор вазн ва занон дар як вазн қувва озмуданд.
Дар сабқати занон дар вазни 57 кило гуштигири тоҷик Аҳлия Муъминова, ки дар финал ба Ирена Хубуловаи русиягӣ пирӯз шуд, бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ сарфароз гашт.
Дар мусобиқаи мардон паҳлавонони тоҷик дар се вазн ғолиб омаданд. Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни 60 кило, Наврӯзи Каримзод дар вазни 71 кило ва Ҳамроз Раҷабов дар вазни 86 кило ба гирифтани медали тилло ва ҷоизаҳои молӣ мушарраф шуданд.
Дар вазни беш аз 86 кило паҳлавон аз Узбекистон Бекмурод Олтибоев, ки дар финал гуштигири тоҷик Шарифҷон Назриевро мағлуб кард, соҳиби шоҳҷоиза – мошини сабукрав – гардид.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи гуштигирӣ дар Истаравшан:
Вазни 57 кг
1. Аҳлия Муъминова (Тоҷикистон)
2. Ирена Хубулова (Русия)
3. Рӯзигули Ҳасан (Тоҷикистон)
4. Ситора Элмуродова (Узбекистон)
Вазни 60 кг
1. Искандар Маҳмадхоҷазода (Тоҷикистон)
2. Муҳаммадҷон Салимов (Тоҷикистон)
3. Меҳрзод Сӯфиев (Тоҷикистон)
4. Ҷӯрахон Амрохонзода (Тоҷикистон)
Вазни 71 кг
1. Наврӯзи Каримзод (Тоҷикистон)
2. Муҳаммадисо Раҷабов (Тоҷикистон)
3. Дилшод Мисаков (Тоҷикистон)
4. Алӣ Боқиев ( Тоҷикистон)
Вазни 86 кг
1. Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон)
2. Сайфиддин Сайфиддинзода (Тоҷикистон)
3. Умед Эсанов (Узбекистон)
4. Раҳматулло Фарҳодов (Тоҷикистон)
Вазни +86 кг
1. Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)
2. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
3. Муҳсин Исомиддинов (Узбекистон)
3. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
Бахшида ба Ҷашни байнулмилалалии Наврӯз дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи гуштигирӣ доир гардид. Паҳлавони маъруфи тоҷик Шакармамад Мирмамадов, ки дар вазни беш аз 86 кило дар финал ба Шарифҷон Назриев дастболо шуд,
барандаи шоҳҷоизаи ин мусобиқа - мошини сабукрави электромобил гардид.
Гуштигирони тоҷик Идибеки Амиршо, Қоим Шукронов, Муҳаммадисо Раҷабов ва Ҳақназар Назаров дар финал рақибонашонро мағлуб карда, соҳиби Ҷоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардиданд.
Бахшида ба Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мусобиқаи гуштии миллӣ сурат гирифт. Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик Ғазалшои Давлатшоҳ, Бобоҷон Бобоҷонов, Мизроб Лоиқов ва Шарифҷон Назриев ғолиб омада, ҳар кадом бо мошини сабукрав қадрдонӣ шуданд.
Иттиҳоди Аврупо алайҳи Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ кард

Иттиҳоди Аврупо барои таъқибҳои сиёсӣ ва дастгирӣ аз ҳамлаи Русия ба Украина, алайҳи Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ кардааст.
Дар рӯйхати нави таҳримҳо, 25 шаҳрванди Белорус ва 7 ширкат шомил шудаанд.
Аъзои Комиссияи марказии интихоботи Белорус, мақомдорони баландпоя, додрасҳо ва тоҷирони наздик ба ҳукумат, аз ҷумла шахсоне ҳастанд, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуданд.
Чанд ширкати вобаста ба парвариши пиёз барои он ба рӯйхати сиёҳ афтодаанд, ки аз меҳнати маҳбусони сиёсӣ дар шароити вазнин истифода мебаранд.
Таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле алайҳи Белорус таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад, ки раисҷумҳури худкомаи ин кишвар Александр Лукашенко 25 март савганд ёд кард.
Ӯ 26-уми январи имсол дар интихоботе, ки бе рақиби ҷиддӣ баргузор шуд, ғолиб эълон шуд. Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои интихоботро эътироф накард.
Лукашенкои 70-сола аз соли 1994 Белорусро идора мекунад ва барои нақзи озодиҳои асосӣ интиқод мешавад.
Боздошти 7 милисаи қалбакӣ дар Душанбе дар як ҳафта

Пулиси Душанбе давоми се рӯзи ахир 7 нафарро боздошт кардааст, ки худро корманди мақомоти қудратӣ муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул талаб кардаанд. Назари ин афрод ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.
Дар хабарномаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе омадааст, Саидшоҳ Сафоев, Сафо Ризоев, Умед Султонов ва Азиз Юсупов "худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо далелҳои сохта шаҳрвандонро дастгир ва барои паҳн насохтани маълумоти беобрӯкунанда" аз онҳо пул талаб кардаанд.
Дар ҳоле, ки назари гумонбарон ба иттиҳом маълум нест, пулиси Душанбе мегӯяд, то кунан 3 ҳолати пулталабии ин афродро сабт кардааст.
Аввали ҳафтаи равон пулиси Душанбе Умарҷон Зарифӣ, Ёқуб Аброров ва Маҳлаиллоҳ Маҷидзода ҳам бо айни ҳамин иттиҳом боздошт карда буд. Ба гуфтаи мақомот, ин афрод аз ду нафар дар умум 3200 сомонӣ гирифта, онҳоро латукӯб кардаанд.
Радиои Озодӣ мустақилона ин далелҳоро тасдиқ карда наметавонад ва дар сурати муроҷиати наздикони ин афрод, омода аст, ки назари онҳоро ҳам пахш кунад.
Алайҳи ин афрод бо иттиҳоми ғоратгарӣ парванда кушодаанд, ки аз се то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Боздошти 7 нафар ин баҳсро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард, ки чаро онҳо худро корманди мақомоти қудратӣ муаррифӣ карда, ғоратгарӣ кардаанд?
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз шиканҷаву бадрафторӣ бо дастгиршудаҳо дар мақомотҳои қудратӣ ва фасод дар ин ниҳодҳо нигаронӣ кардаанд.
Пешниҳоди ҷазо барои напардохтани пули барқ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, хостааст, барои истифодаи ба гуфтааш "ғайриқонунии нерӯи барқ" ва "напардохтани пули он" ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин карда шавад.
Пешниҳод рӯзи 27-уми март дар маҷлиси ҳукумат садо додааст. Ҷаласа паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорони мустақил гузашт ва ҷузъиёташ маълум нест.
Дафтари матбуоти президент танҳо навишт, ки "Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар тирамоҳу зимистони 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард."
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз мардумро гунаҳкор мекунанд, ки ҳаққи истифодаи нерӯи барқро намедиҳанд ва ё онро бидуни ҳисобкунак истифода мебаранд. Сокинон, баръакс, даъво доранд, ки ҳар моҳ нозирон пули барқро аз онҳо меситонанд, вагарна бе гармиву рӯшноӣ хоҳанд монд.
Ширкати "Барқи Тоҷик" қарзи аҳолиро аз нерӯи барқ то моҳи январи соли 2025 як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Коршиносон борҳо омори қарздории аҳолиро аз барқ зери шубҳа гузошта, сабабҳои ин мушкилро бештар ба мудирияти нодуруст пайванд додаанд.
Дар айни замон баъзе аз нозирони барқ бе зикри номи худ мегӯянд, қарзҳои зиёд умдатан аз корхонаву шахсонест, ки ба хешовандони мансабдорони баландпоя тааллуқ доранд.
Ҳар киловат соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ба 30,37 дирам фурӯхта мешавад. Бо қарори ҳукумат, аз якуми апрели имсол ин рақам ба 35,36 дирам хоҳад расид. Дар ҳоле ки ширкате азиме чун "Талко" (корхонаи алюминиюми тоҷик) онро ба 20,77 дирам мегирад.
Тоҷикистон дар соли 2024 зиёда аз 22 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Талаботи солонаи кишвар дар умум 19 миллиард киловат соат гуфта мешавад. Дар соли 2024 ба зиёда аз 906 миллион сомонӣ ба хориҷа барқ фурӯхта шудааст.
Тоҷикистон барои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила Шӯро таъсис дод

Дар Тоҷикистон Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ташкил шудааст.
Қарори ҳукумат охири моҳи феврал содир шуда, Радиои Озодӣ 27-уми март бо нусхаи он шинос шуд.
Бар асоси дастури ҳукумат, вазифаи ин Шӯро ҳамоҳанг сохтани кори идораҳои давлатӣ дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила аст.
Таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлат дар бахши пешгирӣ аз хушунат дар оила, гузарондани мониторинг ва арзёбии ҳолати ҷабрдидагон, аз вазифаҳои дигари ин Шӯро будааст.
Муовини нахуствазири Тоҷикистон раиси Шӯрои пешгирии зӯроварӣ дар оила буда, муовинони вазирон ва раисони вилоятҳо аъзои он мебошанд.
Дар қарори ҳукумат омадааст, аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам ба ҷаласаҳои Шӯро даъват шуда, пешниҳодҳояшон дар масъалаи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ шунида мешавад.
Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба узвияти Шӯро шомил нашудаанд.
Зӯроварӣ дар оила аз масъалаҳои нигаронкунадаи ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон аст.
Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи Кодекси иттилоотро рад кардааст

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси иттилоотро, ки аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Маҷлиси намоядагон таҳия шуда буд, рад кардааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон моҳи сентябри соли гузашта ин санадро барои додани хулоса ба ҳукумат пешниҳод карда буд.
Аммо хулосаи ҳукумат омадааст, лоиҳаи Кодекси иттилоот бо муттаҳид кардани чор қонуни амалкунанда "дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳими соҳа таҳия гардида, дар шакли пешниҳодгардида қобили қабул намебошад".
Назари муаллифони ин лоиҳа феълан маълум нест.
Кодекси иттилоот, ки қарор буд ҳамаи меъёри қонунгузории Тоҷикистонро дар бахши ВАО фаро гирад, аз сӯи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, порлумон ва як намояндаи Вазорати адлия таҳия шуда буд.
Дар хулосаи ҳукумат бидуни зикри банди мушаххас омадааст, дар лоиҳаи Кодекси иттилоот на ҳамаи масъалаҳои вобаста ба самти ВАО танзими худро ёфтаанд.
Эроди дигари ҳукумат ин будааст, ки дар санад ҳифзи иттилоот дар интернет пешбинӣ нагардидаааст.
Ин бори дуюм аст, ки ҳукумат лоиҳаи Кодекси иттилоотро қабул намекунад. Пеш аз ин ҳукумат соли 2023 ин санадро ба порлумон баргардонда буд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пештар гуфтанд, таҳияи Кодекси иттилоот барои танзими хубтари кори расонаҳо дар кишвар зарурӣ аст.
Додани Грин-корт барои баъзеҳо қатъ шуд

Маъмурияти Доналд Трамп додани корти сабзи Амрико ё Грин-кортро барои баъзе афрод қатъ кардаанд.
Шабакаи CBS News бо такя ба манобеаш навиштааст, афроде, ки дар Амрико мақоми паноҳандагӣ гирифтаанд, дархосташон барои гирифтани корти сабз баррасӣ намешавад.
Ба қавли манбаъ, инҳо касоне ҳастанд, ки пештар ба мақомоти Амрико собит карда буданд, ки дар ватанашон таҳти таъқиб ҳастанд.
Бар асоси дастури нави Идораи муҳоҷирати Амрико, додани корти сабз ё ҳаққи иқомати доимӣ дар Амрико барои гурезаҳо акнун манъ аст.
Департаменти амнияти миллии ИМА ҳам эълон кардааст, ки бо далелҳои амниятӣ баррасии баъзе дархостҳо барои гирифтани корти сабзро боздоштааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико борҳо аз барномаи Грин-корт интиқод карда, масъалаи бекор кардани онро бардоштааст. Корти сабз яке аз роҳҳои асосии муҳоҷират ба Амрико аст.
Ҳазорон нафар азҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон талош мекунанд бо дарёфти ин кор ҳаққи зиндагӣ дар Амрикоро ба даст оранд.
Иёлоти Муттаҳида ҳар сол тавассути корти сабз барои 55 ҳазор нафар дар саросари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату корро дар ин кишвар фароҳам меорад.
Додгоҳ ба USAGM гуфтааст, иҷрои дастурро дар мавриди RFE/RL боздорад

Додгоҳе дар Амрико даъвои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро алайҳи Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико пазируфт.
USAGM рӯзи 15-уми март ёрии молии тасдиқшуда аз тарафи Конгрессро ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қатъ кард. Додгоҳ рӯзи 25-уми март ин амрро “амали худсарона” хонд.
Бо қарори додгоҳ, то замони муҳокимаи парванда, ки интизор меравад ҳафтаҳои оянда баргузор шавад, Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико бояд аз иҷрои ҳар тасмиму амале, ки ба бастани расона сабаб мешавад, худдорӣ кунад.
Додрас Ройс Ламберт дар қарори 10-саҳифаӣ эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли пирӯзии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар додгоҳ зарур аст, ки қарори қатъи кори он то муҳокимаи ниҳоӣ бекор шавад. Дар акси ҳол, ба таъкиди ӯ, иҷрои ин тасмим ба расона "зарари ҷуброннопазир" хоҳад дошт.
“Раҳбарияти USAGM наметавонад бо як ибораи амалан беасос RFE/RL-ро ба қатъи кор маҷбур кунад, ҳатто агар ин дастури президент бошад,” – гуфт додрас.
Қадами баъдӣ баррасии шикояти RFE/RL барои дастрас кардани 77 миллион долларест, ки Конгресси Иёлоти Муттаҳида барои кори ин расона то моҳи сентябри 2025 ҷудо карда буд.
Қарор аст, ҳафтаҳои наздик додгоҳ қарори худро дар ин бора эълон кунад.
Хатари қатъи маблағгузории Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки дар 23 кишвари ҷаҳон ба 27 забон барнома таҳия мекунад, вокунишҳои зиёдеро ба миён овард.
"Худкушии намоишӣ"? Дар се моҳ се наврасро аз дарёи Сир берун овардаанд

Ғаввосон ва наҷотбахшони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд дар се моҳи гузашта се наврасро аз дарёи Сир берун овардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳамаи наврасон қасди худкушӣ доштанд.
“Як духтари шонздаҳсола аз ноҳияи Спитамен буд. Вай худро аз болои пул партофтааст. Ӯро аз ғарқшавӣ наҷот дода, ба шифохона бурданд. Дар ҳолати дигар, як бача худашро ба об андохт ва ҳамсинфаш ӯро наҷот дод,” – гуфт Пӯлодҷон Султонзода, корманди Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд.
Дар вилояти Суғд соли гузашта 55 мавриди ғарқ шуданро сабт кардаанд. Дар миёни онҳо 19 ноболиғ ҳаст. Бисёре аз мавридҳо тасодуф ва беэҳтиётӣ будаанд, дар панҷ маврид, аз ҷумла наврасон қасди худкушӣ кардаанд.
Мақомоти интизомӣ сабабҳои қасди худкушии наврасонро расман шарҳ намедиҳанд ва номи онҳо ба сабабҳои қонунӣ ва ахлоқӣ ошкор намегардад.
Равоншиносон мегӯянд, гузаштан ба балоғат давраи “бӯҳронӣ” дониста мешавад ва сабабҳояш бештар ба масоили хонаводагӣ рабт мегирад.
Равоншинос Муҳаррама Раҳимова гуфт: “98 дарсади ин ҳолатҳо худкушии намоишӣ аст. Онҳо мурдан намехоҳанд, лекин муаммоҳои худашонро бо ҳамин восита ҳал кардан мехоҳанд. Барои ҳамин, дар давраи наврасӣ бештар бо кӯдак наздик муносибат кардан, фикру ақидаашро фаҳмида ҳурмат кардан, яке аз роҳҳои пешгирии ҳолатҳои нопадида мебошад.”
Ба қавли равоншиносон, беэътиноии падару модар ба эҳсоси наврасон ва надонистани шеваҳои муомила бо онҳо дар ин айёми ҳассос аз ҷумлаи сабабҳои дигари чунин рафтори наврасон аст.
Онҳо тавсия медиҳанд, ки дар сурати мушкилот дар рафтори наврас, бадрафтории онҳо волидон ба равоншинсон муроҷиат кунанд, то аз фоҷиаҳое ба мисли худкушӣ пешгирӣ шавад.
Видео дар инҷост:
Боздошти раҳбари як минтақаи худмухтор дар Молдова

Евгения Гутсул, раҳбари минтақаи Гагаузия дар Молдова, ҳангоми кӯшиши берун рафтан аз кишвар дар фурудгоҳи Кишинев дастгир шудааст.
Маркази миллии мубориза бо фасоди молӣ дар Молдова хабар дод, ки Гутсул дар доираи як парвандаи ҷиноӣ барои 72 соат боздошт гардид.
Пештар ҳамин Марказ далелҳоро дар бораи сармоягузории ғайриқонунӣ ба “Шор”, ҳизби ҷонибдори Русия, ки ҳоло дар Молдова мамнуъст, ба анҷом расонда буд.
Гутсулро ба он гумонзад медонанд, ки ҳангоми кор дар ҳизби “Шор” аз як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар Русия пул гирифтааст.
Раҳбари Гагаузия иттиҳомро намепазирад ва бовар дорад, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ сохта аст.
Иттиҳоди Аврупо дар моҳи октябри соли 2024 Евгения Гутсулро барои “тарғиби ҷудоихоҳӣ” дар Гагаузия, “муносибати наздик бо Русия”, “кӯшиши сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” ва “таҳдид ба истиқлоли Молдова” ба рӯйхати таҳримҳо ворид кард.
Гагаузия як ҳудуди худмухтор дар ҷануби Молдова аст, ки дар он қариб 130 ҳазор кас зиндагӣ мекунад.
Аз 13 то 23 сол. Эълони ҳукми 23 узви "Азов"-и Украина дар Русия

Додгоҳи низомӣ дар Ростови лаби Дон дар Русия 23 шаҳрванди Украинаро аз 13 то 23 сол зиндон маҳкум кард.
Ин афрод дар гурӯҳи "Азов" дар Украина хидмат мекарданд.
Додрас ҳамаи онҳоро ба "ғасби ҳукумат бо зӯр" ва "ташкили фаъолияти созмони террористӣ" гунаҳкор донистааст.
Ёздаҳ нафар ҳамчунин ба "омӯхтани фаъолиятҳои террористӣ" муттаҳам шудаанд.
Ин парванда дар аввал 24 касро дар бар мегирифт. Александр Ишченко, ки дар гурӯҳи "Азов" ронанда буд, дар моҳи июли соли 2024 дар Боздоштгоҳи Русия даргузашт.
Ду низомии дигар – Давид Касаткин ва Дмитрий Лабинский – дар чаҳорчӯби табодули асирон пеш аз оғози мурофиа ба Украина баргаштанд. Дертар Украина боз 9 занро иваз кард.
Русия ва Украина аз ҳамлаҳо ба ҳамдигар хабар доданд

Вазорати дифои Русия рӯзи 26-уми март иддао кард, ки шаби гузашта ду ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар болои Баҳри Сиёҳ ва ҳафт паҳподро дар Курску Белгород сарнагун кард.
Ин изҳоротро ба таври мустақилона тасдиқ кардан имконпазир нест.
Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо дар болои Баҳри Сиёҳ парвоз мекарданд ва ё ҳадаферо нишон гирифта буданд.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдори Миколаев дар Украина гуфт, дар пайи гузоришҳо дар бораи ҳамлаҳои ҳавопаймои бесарнишини Русия нерӯи барқ қатъ шудааст.
Мақомоти Украина ҳамчунин гуфтанд, Русия бузургтарин ҳамларо дар шаҳри Кривой Рог анҷом дод.
Дар умум, низомҳои дифои ҳавоии Украина аз 117 ҳавопаймои бидуни сарнишини Русия 56-тоашро сарнагун кардаанд.
Санҷидани дониши ронандагон дар Қирғизистон баҳс барангехт

Тасмими мақомоти Қирғизистон дар бораи санҷидани дониши ронандагон баҳсбарангез шуд.
Бар асоси тасмими нав, нозирони роҳ дар ин кишвар аз ронандагон мепурсанд, ки оё аломатҳои роҳро медонанд ё не.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ин чора барои кам кардани садамаҳо ё тасодуфи нақлиётӣ гирифта шудааст.
Баъзе аз коршиносон гуфтанд, ин кор роҳро барои фасоди молӣ боз мекунад, чун ронандагоне, ки аломатҳои роҳро намедонанд, талош мекунанд ришва диҳанд.
Амрико ҷузъиёти музокираро бо Русия нашр кард

Кохи Сафед натиҷаи музокироти ахири Амрико ва Русияро дар Риёз пахш кард.
Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст, ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки киштиронии амн ва пешгирӣ аз истифодаи киштиҳои тиҷоратӣ бо ҳадафи низомиро дар Баҳри Сиёҳ таъмин кунанд.
Амрико ният дорад, ки барои дастрасии Русия ба бозори ҷаҳонии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва дастрасии Маскав ба бандар ва низомҳои пардохтӣ кумак расонад.
Намояндагони ду кишвар ҳамчунин гуфтаанд, барои қатъи ҳамла ба иншоотҳои энергетикии Украина талош мекунанд.
Ин созиш қаблан миёни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, президенти Русия ҳосил шуда буд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, баъди ин созиш низ Русия дигарбора ба зербиноҳои энергетикии кишвараш зарба зад.
Музокироти намояндагони Амрико ва Русия дар мавриди хатми ҷанг дар Украина, рӯзи 24-уми март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Гуфтугӯи ҳайатҳо 12 соат давом кард ва бе имзои санаде поён ёфт.
Як зани тоҷикро дар Узбекистон 5 сол зиндонӣ карданд

Додгоҳе дар Тошканд як зани зодаи Тоҷикистонро барои ғоратгарӣ ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст.
Ба навиштаи расонаҳои узбекӣ, аз ҷумла, Podrobno.uz, ин зани 43-сола дар манзили яке аз сокинони Тошканд кор мекард ва аз онҷо 118 миллион сум ё зиёдтар аз 9 ҳазор долларро дуздидааст.
Ҳамчунин додгоҳ ин занро ба муносибати бад бо духтари 5-солаи соҳибхона гунаҳкор кардааст.
Назари ин шаҳрванди Тоҷикистон ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест. Рӯшан нест, ки зан вакили дифоъ дошт ё не.
Ба навиштаи расонаҳои Узбекистон, шаҳрванди Тоҷикистон дар додгоҳ қисман гуноҳро эътироф карда, гуфтааст, на 118, балки ҳамагӣ 8 миллион сум ё 600 доларро дуздидааст.
Аммо маълум нест, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи рафтори бад бо духтари хурдсоли соҳибхона чӣ посух додааст.
Расонаҳои Узбекистон навиштанд, шоҳидон ва ҳам навори дурбинҳо нишон додааст, ки зан чанд маротиба духтари 5-соларо задааст.
Ба ҷуз 5 сол зиндон, додгоҳ ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба пардохти 110 миллион сум ё қариб 8,5 ҳазор доллар, муваззаф кардааст.