Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Тоҷикистон ва Кувайт 9 санади нав имзо кардаанд

Акс аз сомонаи президент
Акс аз сомонаи президент

Миёни Тоҷикистон ва Кувайт 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Имзои ин санадҳо дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Кувайт дар рӯзи 3-уми ноябр сурат гирифтааст.

Ба иттилои Дафтари матбуоти президент, санадҳои нав ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун аз қабили танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ, ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату саноат ва варзишу сайёҳиро фаро мегиранд.

Ҷузёти бештари санадҳои ҳамкорӣ гуфта нашудааст.

Ҳамкориҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт соли 1995 ба роҳ монда шудааст.

Пизишкиён: Оташбас метавонад ба ҳамлаи ҷавобии Эрон таъсир расонад

Масъуд Пизишкиён
Масъуд Пизишкиён

Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки агар миёни Исроил ва гурӯҳҳои ҳампаймони Теҳрон дар минтақа оташбас ҳосил шавад, ин амал метавонад ба шиддати ҳама гуна ҳамлаи ҷавобии артиши Эрон таъсир расонад. Дар ин бора IRNA - хабаргузории давлатии Эрон иттилоъ додааст.

Дар ҳамин ҳол, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи 3-юми ноябр дар ҷараёни боздидаш аз марзи Лубнон аз мавзеъгирии шадиди худ ҳимоя карда, гуфтааст, ки гурӯҳи тундрави "Ҳизбуллоҳ" бояд ба фаротар аз дарёи Литонӣ дур ва аз дигарбора мусаллаҳ шудани он пешгирӣ карда шавад.

Исроил тайи чанд моҳи ахир ба мавзеъҳои "Ҳизбуллоҳ" ҳамла мекунад.

Эрон аз “Ҳизбуллоҳ” ҳимоят мекунад, Амрико онро террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст. Аксари раҳбарони "Ҳизбуллоҳ", аз ҷумла Ҳасан Насруллоҳ дар ҳамлаҳои Исроил дар ҷануби Лубнон ва атрофи Бейрут кушта шудаанд.

Зеленский: 11 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ дар Курск ҳастанд

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Президенти Украина бо такя ба маълумоти истихборотии кишвараш эълон кард, ки 11 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ дар минтақаи Курски Русия ҳастанд. Владимир Зеленский 4-уми ноябр изҳори таассуф кард, ки муттаҳидони ғарбии Киев дар ин бора вокуниши ҷиддитар накарданд.

“Мо дида истодаем, ки шумораи сарбозони Кореяи Шимолӣ бештар мешавад, аммо аз сӯи шарикони ғарбии мо вокуниши лозим нест. Мутаассифона,”-гуфт Зеленский.

Ба ҳисоби Сарраёсати истихбороти Вазорати дифои Украина, Кореяи Шимолӣ то ин дам ба Русия 12 ҳазор сарбоз фиристодааст, ки 500 нафарашон афсарон ҳастанд.

Вазорати дифои Амрико ё Пентагон, шумораи сарбозони Кореяи Шимолиро дар минтақаи Курски Русия 10 ҳазор гуфтааст.

Ҳазорон гурҷистонӣ талаб доранд натиҷаҳои интихобот бекор шавад

Шаҳри Тифлис, Гурҷистон
Шаҳри Тифлис, Гурҷистон

Ҳазорон нафар шоми 4-уми ноябр дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон ҷамъ шуда, талаб карданд, ки дар кишвар интихоботи нави порлумонӣ баргузор шавад. Эътирозгарон шаби дуюм аст, ки ҷамъ мешаванд.

Интихобот рӯзи 26-уми октябр гузашт. "Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳокими тарафдори Русия, пирӯз эълон шуд, вале президент Саломе Зурабишвили ва намояндагони мухолифон интихоботро олуда ба тақаллуб хонда, натиҷаҳоро напазируфтанд.

Шоми 4-уми ноябр эътирозгарон дар назди Хонаи адлия ҷамъ шуда, бо парчамҳои Гурҷистон ва Иттиҳоди Аврупо то майдони Марҷонишвилӣ рафтанд. Дар миёни онҳо Грета Тунберг, фаъоли ҳифзи муҳити зисти Шветсия ҳам буд.

"Ман ин ҷо барои ҳимоят аз мубориза барои демократия ва озодии мардуми Гурҷистон омадаам. Ин мардум дубора ба муқобили саркӯби ҳукумат садо баланд кардаанд,"-гуфт Тунберг.

Роҳбарони аҳзоби мухолиф даъват доранд, ки то бекор шудани натиҷаҳои интихобот ва таини овоздиҳии нав, чунин эътирозҳо давом кунад.

"Душанбе" қаҳрамони Тоҷикистон миёни дастаҳои бонувон шуд

Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи футболи «Душанбе» зери раҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова бори панҷум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон байни тимҳои бонувон мушарраф шуд. Ин даста, ки пештар «Зебонисо» ном дошт, солҳои 2018, 2020, 2022 ва 2023 дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ғолиб гардида буд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни бонувон имсол бо иштироки даҳ бошгоҳ - «Душанбе» (Душанбе), «Вахш» (Бохтар), МДМВ (Кӯлоб), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Ситора» (Шаҳринав), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Канд» (Конибодом), «Бунҷикат» (Шаҳристон) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - доир шуд.

Дастаҳо дар ду марҳила мубориза бурданд. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Дар гурӯҳи «А» шаш даста дар чаҳор давр ва дар гурӯҳи «Б» чаҳор даста дар панҷ давр қувваозмоӣ карданд. Аз рӯйи натиҷаи марҳилаи муқаддамотӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар даври ниманиҳоӣ «Вахш» бар «Бунҷикат» бо ҳисоби 2:0 ва «Душанбе» бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 13:0 пирӯз шуда, ба финал баромаданд. Замони асосии бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои «Душанбе» ва «Вахш» бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Аз рӯйи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ душанбегиҳо бо ҳисоби 4:1 ғолиб шуданд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм «Бунҷикат» бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқот гардид.

Бар асоси натоиҷи мусобиқот Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон, инчунин, барандагони ҷоизаҳои инфиродиро муайян кард. Муниса Гулова («Душанбе») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан бо 43 гол насиби Сайёра Саидова («Душанбе») гардид. Шаҳноза Бобоева («Вахш») ҷоизаи беҳтарин бозигари дастаи шаҳри Бохтарро гирифт. Зебо Гасимова («Душанбе») беҳтарин мураббии мавсими соли 2024 дониста шуд. Ором Насруллоева аз дастаи «Бунҷикат» беҳтарин бозигари лига эълон гардид.

Ба 10 паҳлавони тоҷик раводиди Амрико надодаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон, ки рӯзҳои 4-7-уми ноябр дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Барои иштирок дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 14 паҳлавони собиқадори тоҷик номнавис шуда буд, аммо танҳо ба чаҳор нафар барои сафар ба ИМА раводид (виза) дода шуд. Инҳо Аҳрор Холиқов 48-сола (-73 кг), Ҳабибулло Маҷидови 71 сола (-81 кг), Мирзо Абдуллоеви 52-сола (-90 кг) ва Бозоралӣ Маҳмудови 59-сола (-100 кг) мебошанд, ки дар сабқати мардон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Las Vegas World Championships veterans 2024” беш аз 1300 гуштигири собиқадор (мардону занон) аз 67 кишвар мувофиқи синнашон (аз 35-сола боло) ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар ҳафт вазн рақобат менамоянд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон аз соли 2012-ум ширкат карда, бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Соли 2012 дар чунин мусобиқа, ки дар Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуда буд, Хайрулло Назриев дар гурӯҳи варзишгарони синашон 50-54-сола дар вазни мутлақ медали тилло ба даст овардааст.

Баъдан Саламшо Муҳаббатов соли 2013-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар гурӯҳи паҳлавонони аз 50 то 54-сола дар вазни зери 90 кило бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ҳашт сол муқаддам дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016) дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи ИМА Парвиз Собиров дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 ғолиб шуда, медали тилло ба даст овард. Он замон вай 36-сола буд.

Роҳи Данғара бо 87 млн доллар аз нав сохта мешавад

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Родор Консепсион, роҳбари муваққатии намояндагии БОР дар Душанбе
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Родор Консепсион, роҳбари муваққатии намояндагии БОР дар Душанбе

Бонки Осиёии Рушд барои навсозии роҳи Данғара-Гулистон ба Тоҷикистон қариб 87 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард. Созишномаи мазкур 1-уми ноябр дар Душанбе имзо шудааст.

Дафтари матбуоти БОР 4-уми ноябр дар хабарномае навишт, роҳи Данғара-Гулистон 49 километр буда, аз ду хат иборат аст ва баъди навсозӣ паҳноии роҳ то чор хат васеъ мешавад.

Ба қавли манбаъ, дар Тоҷикистон ин аввалин роҳ хоҳад буд, ки дар он унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим истифода мешавад. Дар назар аст, ки дар канори роҳ барои убури дучархасаворон ва шахсони имконияташон маҳдуд шароит фароҳам шавад.

Роҳи Данғара-Гулистон солҳои 30-юми асри гузашта сохта шуда, бори ахир 50 сол пеш навсозӣ шудааст. Данғара зодгоҳи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар бахши молӣ аст. Дафтари матбуотии БОР мегӯяд, ин ниҳоди молӣ баъди соли 1998 барои Тоҷикистон 2,7 миллиард доллар ҷудо кардааст, ки 2,2 миллиарди он маблағи бебозгашт буд.

Дар ҳамлаи Русия ба Харков 14 кас захмӣ шудааст

Пайомади ҳамлаи Русия ба як маркази савдо дар Харков. 3 ноябри 2024
Пайомади ҳамлаи Русия ба як маркази савдо дар Харков. 3 ноябри 2024

Дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои Русия ба вилояти Харкови Украина 14 кас захмӣ шудааст. Чор нафари онҳо кормандони пулис буданд.

Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Украина хабар додааст, ки артиши Русия шаби 3 ба 4-уми ноябр якбора ба чанд ноҳияи вилояти Харков ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод.

Ба қавли манбаъ, як бомб ба ноҳияи Шевченко афтида, бинои маскунӣ, чанд нақлиёт, маркази савдо ва иншооти дигарро хароб кардааст.

Додситони вилояти Харков навори маркази савдоеро нашр кардааст, ки дар ҳамлаи неруҳои Русия хароб шудааст.

Артиши Русия ҳамчунин ба ноҳияи Холодногорскийи вилояти Харков зарба задааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар инҷо касе осеб надидааст.

"Қотил." Сокинони зарардидаи Испания алайҳи шоҳ эътироз карданд

Издиҳоми хашмгин дар минтақаи офатзадаи Валенсияи Испания, ба сӯи шоҳ Филипп VI лой партофта, ӯро дашном доданд. Рӯзи якшанбеи 3-юми ноябр шоҳи Испания ба минтақаи аз сел зарардида рафт.

Издиҳоми хашмгин ба сӯи шоҳи Испания “қотил” гуфта фарёд заданд ва лой партофтанд. Сокинони зарардида мақомдорони давлатиро ҳам, ки ба ҷойи ҳодиса омада буданд, дашном доданд. Одамон пурсиданд, ки чаро мақомдорон ва шоҳ пештар наомаданд?

Дар баъзе маврид полис маҷбур шуд, ки барои назорати мардум, ба вазъият дахолат кунад. Дар наворҳо аз маҳалли ҳодиса дида мешавад, ки афсарони амниятӣ Филипп VI-ро бо чатр муҳофизат мекунанд.

Рӯзи душанбеи 28-уми октябр дар пайи боридани борони зиёд, сатҳи оби дарё дар чанд минтақаи Испания боло рафт. Дар ин офати табиӣ чанд шаҳр зери лой монд ва садҳо нафар бидуни обу барқ монданд. Дар ин ҳодиса беш аз 200 нафар қурбон шуданд.

Майя Санду дар интихоботи президентии Молдова ғалаба кард

Майя Санду
Майя Санду

Дар даври дуввуми интихоботи президентӣ дар Молдова, ки 3-юми ноябр баргузор шуд, раиси ҷумҳури феълӣ Майя Санду ғалаба кардааст.

Ба эълони Комиссияи марказии интихоботи Молдова, баъди ҳисоби қариб 99 дарсади баргаҳой раъй маълум шудааст, ки Санду 55 ва рақиби ӯ собиқ додситони кулл Александр Стояногло 45 дарсади раъйҳоро ба даст овардаанд.

Дар интихобот, 54,3 дарсади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй ширкат кардаанд.

Майя Санду дар аввалин вокунишаш баъди эълони натиҷаҳои интихобот дар шабакаи X (Твиттер) навишт, “Молдова имрӯз ту ғалаба кардӣ. Мо якҷоя қувваи ваҳдат, демократия ва садоқат ба ояндаи арзандаамонро нишон додем.”

Санду дар охирин лаҳза аз ҳисоби овози ҷомеаҳои молдовӣ дар хориҷи кишвар ғалаба кард. Дар нуқтаҳои раъйдиҳии дохили кишвар Александр Стояногло 51,2 дарсади овозҳоро соҳиб шуд. Баъди оғози шуморидани баргаҳои раъй, Стояногло аз тарафдоронаш хост, ки сарфи назар аз натиҷаҳо, оромиро ҳифз кунанд. Собиқ додситони кулл умедворӣ кард, ки дар Молдова "минбаъд кинаву тафриқаи таҳмилшуда хотима хоҳад ёфт".

Дар даври аввали интихобот, ки 20-уми октябр баргузор шуд, Санду 42,3 ва Стояногло 26 дарсади овозҳоро соҳиб шуда буданд. Санду, ки аз соли 2020 президенти Молдова аст, тарафдори робитаи наздик бо Ғарб ва пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аст. Александор Стояногло бошад аз пуштибонии ҳизби тарафдори Русия бархурдор аст.

Рӯзи 3-юми ноябр, ҳукумати Молдова бори дигар Русияро ба дахолат дар интихоботи гунакҳор кард. Маскав борҳо чунин чизеро рад кардааст. Нозирони Promo-LEX ба бахши молдовии Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар рӯзи интихобот беш аз 220 қонуншиканиро сабт кардаанд. Пулиси Молдова аз 190 хилофкорӣ хабар дод.

Равобити Молдова бо Русия пас аз сари қудрат омадани Санду дар соли 2020 бадтар шуд. Ҳукумати ӯ, ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кард ва Маскавро ба сарнагунии ҳукумати Молдова муттаҳам сохт.

Мақомоти Молдова мегӯянд, Русия талоши дахолат ба интихоботи Молдова ва ноором кардани ин кишварро кардааст. Чанд нафарро низ бо гумони ҳамкорӣ бо Русия ба хотири баргузории тазоҳуроти хушунтаомез боздошт кардаанд.

Русия дахолаташ дар умури Молдоваро рад мекунад, вал ҳукумати ин кишварро ба “русбадбинӣ” муттаҳам мекунад.

Молдова, яке аз 15 ҷумҳурии собиқ шӯравӣ ҳаст, ки солҳост, барои ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупо талош мекунад. Русия ошкору ниҳон ба ин мухолифат дорад.

Духтари эронӣ дар эътироз ба тафтиши мақомот нимбараҳна шуд

Як донишҷӯи духтар дар Эрон, дар эътироз ба рафтори мақомот либосашро кашида, бо тани нимбараҳна дар саҳни донишгоҳ гашт. Неруҳои Сипоҳи посдорон ин духтарро боздошт карданд ва сарнавишти баъдии ӯ норӯшан аст. Ҳодиса 2-юми ноябр дар Донишгоҳи улум ва таҳқиқи шаҳри Теҳрон рух додааст.

Ба навиштаи Радио Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, ин духтар дар эътироз ба азияти як неруи басиҷӣ, (ихтиёриёни шарики Сипоҳи Посдорон) даст ба ин кор задааст.

Ба қавли манбаъ, намояндагони Сипоҳ ин духтарро ба далели “бадҳиҷобӣ” азоб додаанд. Аммо намояндагони донишгоҳ гуфтаанд, ин рафтори донишҷӯ эътироз набуд, балки вазъи равонии ӯ хуб нест.

Майи Санту, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар дар Эрон гуфтааст, мавзӯи боздошти ин донишҷӯро пайгирӣ дорад. Афви байнулмилал хостори озодии ин духтар шуд.

Дар Эрон аз соли 1981 қонуни ҳиҷоби ҳатмӣ барои духтарони аз 9-сола боло амал мекунад. Дар хиёбонҳои ин кишвар, маъмурони “гашти иршод” занонро барои надоштани ҳиҷоби мавриди назари мақомот нигоҳ дошта, тафтиш мекунанд. Ин қонун борҳо эътирози занону духтаронро дар пай доштааст.

Соли 2022 духтари ҷавон дар Эрон баъди боздошташ бо гумони “бадҳиҷобӣ” дар идораи полис даргузашт ва ин чиз боиси эътирозҳои бесобиқаи сартосарӣ дар тамоми кишвар шуд. Мақомот бо саркӯби бераҳмона посух доданд ва дар давоми чанд моҳи эътирозҳо чандсад нафар куштаву ҳазорҳо тан маҷрӯҳ шуданд.

Israel Hayom: Аз 101 гаравгони исроилӣ танҳо 51 нафар зинда мондааст

Эътирози наздикони гаравгонҳо бо талаби бозгардонии онҳо. Тел-Авив, 2 сентябри соли 2024
Эътирози наздикони гаравгонҳо бо талаби бозгардонии онҳо. Тел-Авив, 2 сентябри соли 2024

Аз 101 гаравгони исроилӣ, ки дар дасти неруҳои "Ҳамос" дар Навори Ғазза ҳастанд, танҳо 51 нафари онҳо зинда мондаанд. Дар ин бора пойгоҳи Israel Hayom бо такя ба чанд манбаъ хабар додааст. Қаблан мақомоти Исроил дар бораи марги 37 гаравгон хабар дода буданд.

Israel Hayom маълумот дар бораи марги асиронро аз мақомоти истихборотӣ ба даст овардааст. Мақомоти Исроил шумораи гаравгонҳои зиндамондаро камтар мегӯянд. Як қисм асирон соли гузашта дар ҷараёни музокирот озод шуда буданд.

Рӯзи 7-уми октябри соли гузашта гурӯҳи фаластинии "Ҳамос", ки Амрико ва Аврупо онро созмони террористӣ медонанд, ба Исроил ҳамла кард ва 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 тани дигарро ҳам гаравгон гирифт. Дар пайи он Исроил ба Ғазза юриш бурд ва давоми беш аз як соли ҷанг тақрибан ҳама зерсохтҳои онро комилан аз байн бурд. Ин ҷанг, ки то кунун идома дорад, боис ба ҳалокати беш 42 ҳазор фаластинӣ шудааст, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Раҳоии гаравгонҳо аз шартҳои асосии музокирот барои оташбас дар Навори Ғазза аст. Талоши кишварҳои минтақа барои қатъи ҷанг дар Ғазза то ҳол бенатиҷа мондааст.

Буҷаи нави Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Саҳми Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Роҳбарони Чин, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Белорус дар нишасти СҲШ дар Остона. 4 июли соли 2024
Роҳбарони Чин, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Белорус дар нишасти СҲШ дар Остона. 4 июли соли 2024

Ҳукумати Тоҷикистон санади нав дар бораи буҷаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро тасвиб кардааст.

Бар асоси ин санад, ки Радиои Озодӣ 3-юми ноябр бо он шинос шуд, нисфи буҷаи СҲШ-ро Русия, Чин ва Қазоқистон пардохт мекунанд. Ҳаҷми умумии буҷаи созмон маълум нест.

Дар санаде, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, саҳми даҳ кишвари узв дар иҷрои буҷаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой чунин тақсим шудааст:

  • Белорус - 5,8%
  • Ҳиндустон - 5,9%
  • Эрон - 5,8%
  • Қазоқистон - 15,2%
  • Чин - 17,6%
  • Қирғизистон - 7,6%
  • Покистон - 5,9%
  • Русия- 17,6%
  • Тоҷикистон - 6%
  • Узбекистон - 12,6%

Дафтари марказии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин ҷойгир аст. Ҳаҷми умумии буҷаи ин созмон ва ҳамингуна чигуна сарф шудани он расонаӣ намешавад.

Намояндагони Русия гуфта буданд, бо сабаби таҳримҳои Ғарб, Маскав дар пардохти саҳмаш дар буҷаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба мушкил рубарӯ шудааст. Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи президенти Русия дар умури СҲШ моҳи октябри имсол гуфта буд, кишварҳои узв бояд ҳаққи узвияти худро дар СҲШ бо доллар пардохт кунанд, аммо бонкҳои Русия бо сабаби таҳримҳо наметавонанд ин маблағро саривақт ба Чин гузаронанд

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони иқтисодӣ, дифоӣ ва амниятӣ аст, ки дар моҳи июни соли 2001 дар Шонгҳой Чин таъсис шуд. Дар оғоз Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аъзои ин созмон буданд.

Дар ҳоли ҳозир ин созмон 10 узв дорад, ки Ҳинд, Покистон, Эрон ва Белорус ҳам узвияти онро ба даст овардад. Дар канори он Афғонистон ва Муғулистон аъзои нозири ин созмон ҳастанд. Баъди бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, намояндагони Кобул ба ҷаласаҳои СҲШ даъват намешаванд.

Исроил аз боздошти як фармондеҳи "Ҳизбуллоҳ" хабар дод

Артиши Исроил аз боздошти як фармондеҳи дарёии “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон хабар дод. Исроил мегӯяд, Имод Аҳмаз "манбаи муҳими маълумот" дар бораи нерӯҳои дарёии ин гуруҳ аст. “Ҳизбуллоҳ” дар ин бора расман чизе нагуфтааст.

“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ аст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Эрон аз он ҳимоят мекунад, вале Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст.

Рӯзномаи The Times of Israel рӯзи 2-юми ноябр навишт, амалиёт барои боздошти Имод Аҳмаз аз сӯи неруҳои дарёии Исроил анҷом шуд. Ин фармондеҳи “Ҳизбуллоҳ” дар хонааш боздошт шуда, ба Исроил фиристода шудааст. Акнун ин нафарро хадамоти истихборотии Исроил бозпурсӣ мекунад.

Дар ҳоле, ки артиши Исроил фарди боздоштшударо масъули амалиёти дарёии “Ҳизбуллоҳ” мегӯяд, мақомдорони Лубнон гуфтанд, Имод Аҳмаз маллоҳи киштиҳои мулкӣ буд. Али Хамия, вазири нақлиёти Лубнон гуфт, дар бораи иртиботи фарди боздоштшуда бо “Ҳизбуллоҳ” чизе намедонад.

Тоҷикистониҳо барои нақзи қонуни танзим қариб 8 млн сомонӣ ҷарима шудаанд

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон барои риоя накардани қонуни танзими ҷашну маросим сокинони кишварро қариб 8 миллион сомонӣ ($743 ҳазор) ҷарима кардаанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” гузориш додааст.

Мақомот мегӯянд, вайрон кардани муқаррароти қонуни танзим дар кишвар назар ба соли гузашта 642 ҳолат бештар шудааст.

Тибқи ислоҳҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки рӯзи 22-юми июн нашр шуд, барои поймоли қонуни танзим аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (беш аз 800 доллар) то 216 ҳазор сомонӣ, муодили бист ҳазор доллар, ҷарима хоҳанд шуд.

Қонуни "танзими ҷашну маросим" бори аввал дар соли 2007 қабул шуд. Таблиғгарони ҳукумат онро "қонуни миллӣ" меноманд, чун аз назари онҳо дар таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои дигар намуна надорад. Мухолифон танқид мекунанд, ки ҳукумат ба воситаи ин қонун ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб гирифта то ба масоҳати дасторхону гӯру чӯби онҳо дахолат кард.

Дар ҳамлаи артиши Русия ба Киев хатти барқ хароб шуд

Шаҳри Киев, 2 ноябри соли 2024
Шаҳри Киев, 2 ноябри соли 2024

Ба гуфтаи мақомоти Русия ва Украина, шабонарӯзи гузашта ду кишвар бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҳамдигар ҳамла кардаанд. Аз ҷумла дрони неруҳои Русия ба як бино ва хати барқ дар шаҳри Киев, пойтахти Украина осеб расондааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Русия аз партоби 20 бесарнишин аз самти Украина ба ҷануби ин кишвар хабар дод. Мақомоти Русия иддао карданд, ки ҳамаи дронҳоро дар ҳаво сарнагун кардаанд.

Сокинони шаҳри Киев ва атрофи он шаби гузаштаро бо бонги хатар паси сар карданд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, касе осеб надидааст.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом мешаванд, ки неруҳои Русия дар минтақаи Донбасс пешравӣ доштаанд.

Оғози даври дуюми интихоботи президентӣ дар Молдова

Рӯзи якшанбеи 3-юми ноябр, дар Молдова даври дуюми интихоботи президентӣ оғоз шуд.

Раиси ҷумҳури феълӣ Мая Санду ва собиқ додситони кулл Александр Стояногло барои курсии президентӣ рақобат мекунанд.

Дар даври аввали интихобот, ки 20-уми октябр баргузор шуд, Санду 42,3 ва Стояногло 26 дарсади овозҳоро соҳиб шуданд.

Мая Санду тарафдори равобити наздик бо Ғарб ва пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо аст. Аз Александр Стояногло бошад Ҳизби сотсиалистӣ пуштибонӣ мекунад. Ин ҳизб, ки роҳбараш раиси ҷумҳури пешин Игор Додон аст, тарафдори Русия аст.

Як зани сиёҳпуст роҳбари Ҳизби муҳофизакори Бритониё шуд

Фаъолони Ҳизби муҳофизакори Бритониё рӯзи 2-юми ноябр Кеми Баденоки 44-соларо ҳамчун раиси нав интихоб карданд. Ӯ дар ҳукумати қаблии Бритониё вазири саноат ва савдо буд. Баденок аввалин зани сиёҳпуст аст, ки роҳбари Ҳизби муҳофизакор мешавад.

Кеми Баденок ҷойгузини Риши Сунак шуд. Дар замони роҳбарии Сунак, Ҳизби муҳофизакор дар интихобот шикасти сангин хӯрд ва аксар курсиҳояшро дар порлумон аз даст дод.

Дар интихоботи моҳи июли имсол, Ҳизби муҳофизакор аз 365 курсиаш дар порлумони Бритониё, танҳо 121 курсиро ҳифз кард.

Риши Сунак баъди шикаст дар интихобот эълон карда буд, ки аз роҳбари Ҳизби муҳофизакор истеъфо медиҳад.

Шумораи қурбониёни сел дар Испания аз 200 нафар гузашт

Валенсия, 31 октябри соли 2024
Валенсия, 31 октябри соли 2024

Ҳукумати Испания барои бартараф кардани оқибатҳои сел дар минтақаи худмухтори Валенсия, ба ин минтақа боз 500 низомӣ фиристодааст. Ин кор пас аз он анҷом шуд, ки танқидҳо аз кори мақомоти маҳаллӣ баъд аз сар задани офати табиӣ бештар шудааст. Шумораи низомиён дар ҷойи ҳодиса ба 1700 нафар расид.

Тибқи оморҳои ахир, дар натиҷаи омадани сел беш аз 200 нафар ба ҳалокат расиданд, ки аксари онҳо сокинони Валенсия ва атрофи он буданд. Шумораи фавтидагон шояд бештар шавад.

Рӯзи душанбеи 28-уми октябр дар пайи боридани борони зиёд, сатҳи оби дарё дар чанд минтақаи Испания боло рафт. Дар ин офати табиӣ чанд шаҳр зери лой монд ва садҳо нафар бидуни обу барқ монданд.

“Гимни мо садо доду паррандаҳо тарсиданд”. Раиси парлумони Қирғизистон суруди миллиро танқид кард

Нурланбек Шакиев
Нурланбек Шакиев

Ахиран президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пешниҳоди раиси Ҷогорку Кенеш ё парлумони ин кишварро дастгирӣ кард, ки гуфтааст, суруди миллии кишвар бояд нав карда шавад. Ҷабборов рӯзи 30 октябр гуфтааст, матни суруди миллӣ истиқлолиятро ситоиш мекунад, дар ҳоле, ки дигар чунин зарурат вуҷуд надорад.

Баҳси суруди миллӣ дар Қирғизистон аз он ҷо сар зад, ки рӯзи 25-уми октябр дар як маросими тантанавие Нурланбек Шакиев, раиси маҷлис гуфт, фурсати иваз кардани суруди миллӣ расидааст. Шакиев дар гузашта ташаббуси баҳсбарангези иваз кардани парчами миллии кишварро пешниҳод карда буд, ки бо дастгирии презиент Содир Ҷабборов қабул шуда буд.

Ин навбат Шакиев гуфт, суруди миллии Қирғизистон чунон мушкил аст, ки “ҳатто парандаҳо тарсидаанд”. Радиои Азаттик, бахши қирғизии Радиои Озодӣ суханҳои Шакиевро чунин иқтибос овардааст:

“Мо парчамро иваз кардем, акнун бояд суруди миллиро дигар кунем. Чунки он замоне, ки қабул мекардем, тоза аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ берун шуда будем ва дар роҳи истиқлолият аввалин қадамҳоро мегузоштем. Хондани он ҳам бисёр душвор аст. Ҳар як қирғиз онро иҷро карда наметавонад. Он як марш аст. Ин ҳақ ва вазифаи Ҷогорку Кенеш аст. Дар фурсати наздик онро иваз мекунем. Як вақт буд, президенти кишварамон, ҳоло номашро намегӯям, ба кишвари хориҷӣ сафар кард. Мегӯянд, ки вақте суруди миллии мо садо дод ва оҳанги «таа-та-та-тан» баланд шуд, паррандаҳои рӯи дарахт парида рафтанд. Вақте гимни суруди мизбон садо дод, паррандаҳо боз гашта ба шохи дарахт нишастанд”, гуфтааст Шакиев.

Президент Содир Ҷабборов аз ташаббуси раиси маҷлис дастгирӣ карда гуфтааст, суруди милли васфи истиқлолияти Қирғизистонро мекунад. “Аз он замон 33 сол гузашт, - гуфт Ҷабборов дар сӯҳбат бо хабаргузории “Кабар” рӯзи 30 октябр. – Мо чун як давлат ташаккул ёфтаем. Моро тамоми ҷаҳон эътироф кардааст. Мо боз васфи истиқлолиятамонро давом дода сад соли дигар дар бораи давлати мустақил шуданамон суруд мехонем?”

Суруди миллии Қирғизистон соли 1992 қабул шудааст. Онро Ҷалил Содиқов, Шабданбек Қулуев, Калий Молдобасанов ва Носир Давлесов эҷод кардаанд.

Ҷамин Акималиев
Ҷамин Акималиев

Яке аз вакилони онзамонаи парлумони Қирғизистон Ҷамин Акималиев гуфт, оҳанги имрӯза аз миёни се пешниҳоди дигар беҳтарин дониста шуда буд. Ӯ гуфт, “гимн як суруди оддӣ нест, он шиори давлат аст. Гимни имрӯза ҳам матну ҳам оҳанги хуб дорад. – гуфт Акималиев дар сӯҳбат бо Азаттик. – Дар оҳанги он ҳам навоҳои мардумӣ, ҳам рӯҳи халқ ва ҳам Манас эҳсос мешавад”.

Баҳси атрофи суруди миллии Қирғизистон идома дорад ва дар миёни онҳое, ки даъвати нав кардани онро ба забон меоранд, бархе мегӯянд, беҳтар аст ҳукумат сари масоили доғтари кишвар тамаркуз кунад.

Таблиғоти Трампу Ҳаррис дар Милуокии сарнавиштсоз

31 октябр, Невада
31 октябр, Невада

Муовини президент Камала Ҳаррис ва президенти собиқ Доналд Трамп чанд рӯз пеш аз интихоботи президентӣ рӯзи 1 ноябр дар масофаи 11 километр аз ҳамдигар дар минтақаи Милуокии аёлати калавандаи  Висконсин бо овоздиҳандагон мулоқот  карданд.

Милуокӣ асосан хонаи тарафдорони демократҳои Висконсин мебошад, вале дар маҳаллаҳои муҳофизакори канораҳои он асосан ҷумҳурихоҳҳо зиндагӣ мекунанд ва Трамп мехоҳад дили маҳз ҳамин овоздиҳандагонро ба даст оваранд.

Дар ин ҷо ӯ соли 2016 наздик буд баранда шавад, вале соли 2020 мағлуб шуд.

Як далелаш коҳиши дастгирии сокинони атрофҳои Милуоки аз ҷумҳурихоҳҳо ва тарафдории бештарашон аз демократҳо гардид. Ҳилларио Делеон, раиси як ҳавзаи ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфт, “ҳарду номзад бисёр хуб дарк мекунанд, ки ҳамин роҳи ҳавзаи Милуокӣ рост ба Кохи Сафед мебарад”.

Дар Сербистон шумори қурбониёни ҳодисае дар истгоҳи роҳи оҳан афзоиш ёфт

2 ноябр, назди истгоҳи роҳи оҳанги шаҳри Нови Сад
2 ноябр, назди истгоҳи роҳи оҳанги шаҳри Нови Сад

Дар кишвари Сербистон шумори қурбониёни афтодани боми бетонии даромадгоҳи истгоҳи марказии роҳи оҳани шаҳри Нови Сад то 14 нафар афзоиш ёфт.

Дар кишвари Сербистон шумори қурбониёни афтодани боми бетонии даромадгоҳи истгоҳи марказии роҳи оҳани шаҳри Нови Сад то 14 нафар афзоиш ёфт.

Ҳодиса 1-уми ноябр рух дод. Шаби гузашта мардуми зиёд ба ёди қурбониёни ин ҳодиса ба маҳҳалли фоҷеа гулу шамъ оварданд.

Мақомоти Маркази тиббии донишгоҳи Войводина гуфтанд, вазъи саломатии се нафари дигар сангин боқӣ мемонад.

Рӯзи ҷумъа дар натиҷаи сарозер шудани боми даромадгоҳи вокзали роҳи оҳан, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш ифтитоҳ шуда буд, даҳҳо нафар зери овор монданд.

Нахуствазир Милош Вучич ин ҳодисаро “мудҳиштарин” дар таърихи навини шаҳри Нови Сад номид ва ваъда дод, ки гунаҳгорон ҷазо мебинанд.

Дар Русия барои имтиҳони муҳоҷирон нархи ягона ҷорӣ мекунанд

Вазорати илму таҳсилоти олии Русия пешниҳод кардааст, ки барои қабули имтиҳони забони русӣ аз муҳоҷирон нархи ягона ҷорӣ карда шавад.

“Парламентская газета” – нашрияи Думаи давлатии Русия мегӯяд, ин хабар рӯзи 1 ноябр дар портали санадҳои меъёрӣ нашр шудааст. Бино ба ин пешниҳод, барои супурдани имтиҳони забони русӣ аз хориҷиҳо бо ҳадафи гирифтани шаҳрвандии Русия 2950 рубл талаб мешавад. Таъини йни ҳамин нарх барои супурдани имтиҳони таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар ҳам пешниҳод шудааст.

Барои онҳое, ки мехоҳанд иҷозаи зисти муваққатӣ бигиранд, нархи имтиҳони забони русӣ ё таъриху қонунгузории Русия 5900 рубл мешавад. Барои иҷозаи кор ё гирифтани патенти кор 3800 рубл барои як имтиҳон таъин шудааст.

Аз ин ҳисоб, ба навиштаи нашрия, маоши ходимони полис боло бурда мешавад. Тарҳи қарор дар бораи таъини нархномаи имтиҳонҳо барои муҳоҷирон то 7 ноябр бояд мавриди санҷишу омӯзиши қарор дода шавад ва иҷрояш ҳамзамон бо қонуни “Мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия” ба роҳ монда мешавад.

Бар асоси қарорҳои ахири Думаи давлатии Русия, қабули имтиҳон аз муҳоҷирон ба миёнаравҳо ё ширкатҳои алоҳида манъ карда шудааст.

Акнун дар ҳар минтақаи Русия як донишгоҳ вазифадор мешавад, ки аз муҳоҷирон имтиҳон гирад.

Баъд аз ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав, санҷишу тафтиши муҳоҷирон ва тартиби гирифтани имтиҳон аз онҳо сахтар шудааст.

Дар Валенсия барои поккории оқибатҳои обхезиҳои шадид сарбозони артишро сафарбар кардаанд

Яке аз кӯчаҳои марказии Валенсия
Яке аз кӯчаҳои марказии Валенсия

Мақомоти Испания ба минтақаи Валенсия, ки аз обхезиҳои шадид осеб дидааст, иловатан 500 нафар низомиёнро сафарбар кард, то барои поккории оқибатҳои офати табиӣ иштирок кунанд.

Ин қарор дар ҳоле қабул шуд, ки мақомоти маҳаллиро барои вокуниши кунд ба бӯҳрон интиқод мекунанд.

Бар асоси иттилои ахир, дар обхезиҳои ахир на камтар аз 200 нафар ҷон додаанд ва эҳтимоли афзоиши ин омор ҳам вуҷуд дорад. Рӯзи душанбе дар ин минтақа боронҳои сели зиёд борид ва дар натиҷа, пулу роҳҳо, хатҳои барқу лӯлаҳои об хароб гардида, роҳҳои интиқоли хӯрокворӣ осеб диданд.

Барои кӯмак дар поккории оқибатҳо ҳазорҳо нафар сафарбар шудаанд. Хатари бадтар шудани вазъи ҳаво боқӣ мемонад.

Дар Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба номи подшоҳи Испания Филипп аз “талафоти бузурги инсонӣ ва харобиҳои зиёд” изҳори тасаллият кардааст.

Раҳбари олии Эрон ба Исроил ва ИМА таҳдид кард

Оятулло Алии Хоманеӣ
Оятулло Алии Хоманеӣ

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ рӯзи 2 ноябр Исроил ва ИМА-ро таҳдид кард, ки барои ҳамла ба Эрон ва ҷабҳаи муқовимат “қатъан посухи дандоншикан” дарёфт хоҳанд кард.

Хоманеӣ ва дигар мақомоти эронӣ ҳарчи бештар таҳдид мекунанд, ки баъди ҳамлаи рӯзи 26 октябри Исроил болои пойгоҳу дигар маконҳои низомии Эрон ва кушта шудани дастикам панҷ нафар, ҳамлаҳои навбатие болои Исроил анҷом хоҳанд дод.

Хатари ин вуҷуд дорад, ки ҳама гуна ҳамлаи навбатӣ метавонад вазъи бе ин ҳам мушкили Ховари Миёнаро печидатар кунад, чун аз замони шурӯи ҷанги миёни Исроил ва созмони Ҳамос, ки онро Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд, ҳеҷ аломате аз хатми ин бӯҳрон ба назар намерасад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG