Дар чанд ҷумла
Нашри китоби Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ дар Харков
Дар шаҳри Харкови Украина, ки зери ҳамлаҳои пайвастаи Русия қарор дорад, дар аввали моҳи ноябр китоби "Садриддин Айнӣ. Осори мунтахаб" бо забони украинӣ (1000 нусха) нашр шудааст.
Китоб достонҳои "Мактаби кӯҳна", "Марги судхӯр" ва "Ҷаллодони Бухоро"-ро дар бар мегирад.
Давлат Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, рӯзи 14-уми ноябр дар Фейсбук навишт, ки "ношири китоб муаррих ва рӯзноманигори маъруф, муассис ва мудири Осорхонаи хусусии мулкии шаҳри Харков Андрей Парамонов мебошад."
"Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно мешавад, ки иллатҳои иҷтимоиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон, дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо мекунад. Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки ин асарҳо имрӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳамияти аслии худро гум накардаанд," – гуфтааст Назризода.
Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон аст. Акси ӯ бар рӯйи пули 5 сомонӣ ҷой гирифта, Театри опера ва балет, як ноҳия дар Суғд ва чандин кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба номи ӯст.
Қатли як нафар дар пеши чашми мардум дар Гардез
Бо ҳукми "Толибон" як мардро бо номи Муҳаммадайёс Асад дар шаҳри Гардези Афғонистон дар пеши чашми мардум ба қатл расондаанд.
Ҳодиса рӯзи 13-уми ноябр иттифоқ уфтод.
Додгоҳи олии ҳукумати “Толибон” гуфтааст, эъдом бар асоси қонунҳои Ислом анҷом шуда, ҳукмро Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода тасдиқ кард.
Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ бо истинод ба “Франс-Пресс” навишт, ки барои дидани ин саҳна ҳазорон нафар гирд омада буданд.
Ба иттилои манбаъ, эъдомро шахсе анҷом дод, ки маҳкумшуда дар қатли узви хонаводаи ӯ даст доштааст.
Ричард Беннетт, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар дар Афғонистон, ин эъдомро "дилхарош" номид ва аз "Толибон" хост, ҳарчи зуд аз чунин ҷазодиҳӣ даст кашад.
Дар се соли раҳбарии “Толибон” дар Афғонистон дар бораи 6 мавриди эъдом хабар дода шудааст.
Эҳтиёҷи Тоҷикистон ба $96 млрд. барои иҷрои ду нақша
Тоҷикистон барои мутобиқ кардани кишвар ба тағйири иқлим ва гузаштан ба иқтисоди “сабз” ба 96 миллиард доллар ниёз доштааст. Ин нукта дар гузориши Тоҷикистон дар бораи иқлим ва рушд, ки аз сӯи Бонки Ҷаҳонӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар таҳия шуд, зикр гаштааст.
“Иҷрои барномаи коҳиши оқибатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим тақрибан 17 миллиард доллар талаб мекунад. Илова бар ин, барои иҷрои барномаи азими ислоҳоти ҳукумати Тоҷикистон 79 миллиард доллари дигар сармоя лозим аст”, - омадааст дар гузориш.
Тоҷикистон барои коҳиши осебпазирии кишвар дар натиҷаи тағйири иқлим ва гузаштан ба иқтисоди “сабз” стратегияеро таҳия кардааст, ки ҳадафи он кам кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ ва ярч мебошад.
Дар фасли баҳори имсол Тоҷикистон шоҳиди омадани селҳои зиёд буд, ки дар натиҷаи он даҳҳо манзили сокинон ва иншооти иҷтимоӣ осеб диданд. Мақомот гуфтанд, офатҳои табиӣ дар шаш моҳи аввали соли 2024 барои кишвар қариб 131 миллион сомонӣ баробар ба 12 миллион доллар зарар расондаанд.
Баъзе аз созмону ниҳодҳои молӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Бонки аврупоӣ, Оҷонси Амрико дар мавриди рушди байнулмилалӣ аз сармоягузорӣ дар тарҳҳои вобаста ба рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон хабар дода буданд. Мақомот дақиқ намегӯянд, ки чӣ қадар пул дарёфт кардаанд ва харҷи маблағҳо то куҷо дурусту шаффоф сурат гирифтааст.
Дар Русия ҷазоро барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар кардаанд
Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, рӯзи 13-уми ноябр аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ кард, ки ҷазоро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар мекунад.
Тибқи он, касоне, ки ба таҳияи санадҳои қалбакӣ барои муҳоҷирон машғул мешаванд, аз 5 миллион то 60 миллион рубл ҷарима хоҳанд супурд.
Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатӣ, дар саҳифааш дар Telegram аз ин тарҳ ситоиш кард.
Баъзе аз муҳоҷиронро дар Русия ба гумони иқомату кори ғайриқонунӣ пайваста озору азият медиҳанд ё боздошту ихроҷ мекунанд.
Ҳамчунин, бино бар шикояти муҳоҷирон, пулиси Русия ин муқарраротро барои ришваситонӣ истифода мебарад.
Ифтитоҳи пойгоҳи деринтизор дар Лаҳистон
Мақомоти Амрико ва Лаҳистон (Полша) пойгоҳи дифои зиддимушакиро, ки пештар бо мухолифати Русия дучор шуда буд, дар шимоли Редзиковои Лаҳистон боз карданд.
Дар ин иншооти амрикоӣ, ки бахше аз дифои НАТО аст, системаҳои “Aegis Ashore”-и Нерӯи баҳрӣ ҷойгир карда шудаанд. Онҳо метавонанд мушакҳои дурпарвозро дар марҳилаҳои ибтидоии партоб кашф, пайгирӣ ва нобуд кунанд.
Нахустин чунин иншоот дар Аврупо соли 2016 дар Руминия, кишвари узви НАТО, фаъол шуд.
Ин пойгоҳ соли 2006 аслан барои ҳифзи Аврупо аз таҳдиди мушакҳои дурпарвози Эрон тарҳрезӣ шуда буд.
Мақомоти Лаҳистон насби системаи дифои зиддимушакиро як қадами таърихӣ номидаанд. Русия, ки муддати тӯлонӣ онро таҳдид ба амнияти худ медонад ва мухолифи он аст, рӯзи 13-уми ноябр гуфт, ифтитоҳи ин пойгоҳ тақозо мекунад, ки чораи баробар андешида шавад.
Се фарзанди як оила – қурбонии ҳамлаҳои Исроил ба шимоли Ғазза
Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба хонае дар шимоли Ғазза рӯзи 13-уми ноябр се фарзанди як оила кушта шудааст. Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" аз қавли пизишкон навишт, ки кӯдакон то шашсола буданд.
Артиши Исроил мегӯяд, ҷангҷӯёни "Ҳамос", ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо онро созмони террористӣ эътироф мекунанд, дубора дар ин минтақаҳо ҷамъ омадаанд.
Ҳамзамон Вазорати тандурустии Лубнон эълом кард, ки дар натиҷаи ҳамлаи Исроил ба як бинои истиқоматӣ дар ҷануби Бейрут камаш 6 нафар кушта, 15 кас захмӣ шуданд.
Нерӯҳои исроилӣ ҳамлаҳоро ба зидди ба “Ҳизбуллоҳ”и -Лубнон, ки аз “Ҳамос” пуштибонӣ мекунад, низ афзоиш додаанд.
"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ҷангҷӯ ва ҳизби сиёсист, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико онро созмони террористӣ медонад, аммо Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи ҳарбии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. Ин гурӯҳи зери ҳимояти Эрон бахши зиёди ҷануби Лубнонро таҳти назорат дорад ва намояндагони шохаи сиёсияш дар порлумони ин кишвар низ ҳастанд.
Вазорати тандурустии Лубнон хабар дод, ки бар асари ҳамлаҳои исроилӣ дар умум зиёда аз 3200 нафар кушта ва беш аз 14200 нафар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштӣ дар Ғазза, шумори кушташудагон бар асари ҳамлаҳои Исроил дар ин борика ба бештар аз 43 ҳазор расид.
Марко Рубио номзад ба курсии котиби давлатии Амрико эълон шуд
Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, Марко Рубио, сенатори ҷумҳурихоҳро аз Флорида номзад ба курсии котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида эълон кард.
Вай рӯзи 13-уми ноябр дар изҳороте гуфт, Рубио “ҳомии қавӣ барои миллати мо, дӯсти воқеии ҳампаймонҳои мо ва муборизи бебоке хоҳад буд, ки дар баробари рақибон ҳаргиз ақибнишинӣ нахоҳад кард”.
Ин қонунгузори муҳофизакор муовини раиси Кумитаи истихборот ва узви Кумитаи равобити хориҷии Сенат аст.
Марко Рубио дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) гуфт, “аз эътимоди президент Трамп” ифтихор дорад.
Номзадии ӯ бояд аз ҷониби Сенат тасдиқ шавад.
Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии рӯзи 5-уми ноябр дар Амрико бар рақибаш аз Ҳизби демократ Камала Ҳаррис пирӯз шуд.
Қарор аст, ӯ 20-уми январи соли 2025 ба ҳайси президенти 47-уми Иёлоти Муттаҳида савганд ёд кунад.
Трамп рӯзи 13-уми ноябр дар Кохи Сафед бо Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико мулоқот кард ва онҳо масъалаи интиқоли сулҳомези қудратро баррасӣ карданд.
Трамп ва Байден дар Кохи Сафед вохӯрданд
Доналд Трамп ва Ҷо Байден рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми ноябр дар Кохи Сафед вохӯрданд. Хабарнигорон танҳо ҳудуди як дақиқа иҷозаи ҳузур дар толори вохӯриро доштанд. Онҳо дар ин муддат шуниданд, ки Трамп барои интиқоли ороми қудрат ба Байден сипосгузорӣ кардааст.
Трамп гуфт, “сиёсат сахт аст ва дар бисёр маврид дунёи зебое нест, аммо имрӯз дунёи зебое аст.”
Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки дар ин дидор Илон Маск, бунёдгузори ширкати Тесла ва соҳиби шабакаи X ҳузур дошт. Трамп ахиран Маскро ба унвони мушовири давлатӣ интихоб кард.
Дидори Доналд Трамп ва Ҷо Байден дар Кохи Сафед, ба унвони бахше аз раванди интиқоли қудрат дар Амрико ба ҳисоб меравад. Чор сол пеш вақте Трамп дар интихобот аз Ҷо Байден шикаст хӯрд, дар маросими савгандёдкунӣ ширкат накард.
Доналд Трамп рӯзи 5-уми ноябр дар интихоботи президентии Амрико ғолиб шуд. Дар назар аст, ки Трамп 20-уми январи соли 2025 савганд ёд карда, корашро дар мақоми президентии Амрико оғоз кунад.
Роҳи Душанбе-Чаноқро кушоданд
Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки дар пайи садамаи мошини боркаш баста шуда буд, боз шудааст. Дар ин бора ширкати IRS хабар додааст, ки масъули нигоҳбини роҳ буда, аз ронандагон маблағ мегирад.
Ширкати IRS шоми 13-уми ноябр хабар дода буд, ки дар километри 158, як мошини боркаш аз роҳ берун шуда, боиси тамбашавии нақлиёт гардидааст.
Аз сабаби боридани барфи зиёд, равуои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ шабонарӯзи ахир мушкил шудааст.
Роҳи Душанбе-Хуҷанд дар зимистону баҳор хатарнок мешавад. Ҳодисаҳои фаромадани тармаву сангпора дар ин ду фасли сол сабт мешавад ва борҳои боиси талафоту бастани роҳ шудааст.
Ҳукумат масъулияти нигаҳбонии ин роҳро аз соли 2009 ба ширкати номаълуми "IRS” додааст ва ин ширкат аз ронандагон пул мегирад. Соҳиби ширкат маълум нест ва ҳукумат низ соҳибони онро фош намекунад.
Мунтахаби Тоҷикистон тими Непалро шикаст дод
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона тими Непалро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Бозӣ шоми 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Чор голи Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев ва Алишер Ҷалилов ба самар расонданд. Бо вуҷуди ҳавоӣ боронӣ даҳҳо мухлис барои тамошои бозӣ омада буданд.
Дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Тоҷикистон дар байни 211 тими миллӣ дар ҷойи 105-ум ва Непал дар ҷойгоҳи 176-ум қарор доранд.
Дар назар аст, ки мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр бо тими Афғонистон ҳам дар Душанбе бозии дӯстона гузаронад.
Амрико ҳузури сарбозони Кореяи Шимолиро дар ҷанг тасдиқ кард
Сарбозони Кореяи Шимолӣ дар вилояти Курск ба ҷанг алайҳи артиши Украина оғоз кардаанд. Ин маълумотро Ведант Пател, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико ва ҳам Хадамоти истихборотии Кореяи Ҷанубӣ тасдиқ кардаанд.
Ба гуфтаи Пател, сарбозони Кореяи Шимолӣ ҳамроҳ бо низомиёни Русия дар қисмати ғарбии вилояти Курск вориди ҷанг алайҳи артиши Украина шудаанд.
Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико афзуд, ин кишвар аз тасмими Русия барои кумак гирифтан аз Кореяи Шимолӣ «бисёр нигарон» аст. Вашингтон ҳамроҳ бо шариконаш оқибатҳои ин кори Русияро баррасӣ доранд.
Ба ҳисоби нашрияи The New York Times, Русия барои ақиб рондани неруҳои Украина аз вилояти Курск, 50 ҳазор сарбоз ҷамъ кардааст.
Раиси ҷумҳури Украина, НАТО ва Амрико гуфтанд, аз 10 то 12 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ вориди Русия шудаанд.
Порлумон ба гирифтани $ 100 млн. қарз барои "Роғун" ризоият дод
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми ноябр созишномаи қарзӣ миёни ҳукумат ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалиро тасвиб кард. Дар доираи ин санад, Тоҷикистон барои сохтмони Роғун дар чор марҳила аз Хазинаи ОПЕК 100 миллион доллар қарз мегирад.
Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон тасвиби созишномаро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти бештар надод.
Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон 100 миллион долларо аз Хазинаи ОПЕК дар чор марҳила дарёфт мекунад. Созишномаи аввал 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Венаи Австрия аз сӯи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Абдулҳамид Алхалифа, раҳбари Хазинаи ОПЕК имзо шуда буд.
Ҳукумати Тоҷикистон то ин вақт барои нерӯгоҳи “Роғун”, ки онро “ҳаёту мамот” меномад, аз буҷаи кишвар миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Дар айни замон мақомот барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ сармояи хориҷӣ ҷустуҷӯ доранд. Моҳи июни имсол Бонки исломии рушд барномаи ҷудо кардани 150 миллион долларро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тасдиқ карда буд. Тоҷикистон ҳамчунин соли 2017 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ним миллиард доллар “евробонд” фурӯхт. Ба муҳлати даҳ сол ва бо баҳраи солонаи беш аз 7-дарсадӣ.
Арзиши сохтмони нерӯгоҳ давоми 16 соли охир ду баробар зиёд шудааст. Тибқи омори расмӣ, ки радабандии Standard & Poor's Global Ratings нашр кард, барои пурра сохтани “Роғун” то соли 2035 6,4 миллиард доллар лозим аст. Соли 2008 ҳукумати Тоҷикистон арзиши сохтмони “Роғун”-ро 3 миллиард доллар гуфта буд.
Мақомот "беқурбшавии пул ва болоравии нархи маҳсулот"-ро сабаби гароншавии тарҳ мегӯянд, вале мухолифони сиёсии онҳо афзоиши хароҷотро ба фасоди молӣ ва набуди шаффофият дар харҷи сармояҳо бастагӣ медиҳанд.
То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" сохта шудааст. Чарха ё агрегати сеюми он, ба гуфтаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бояд соли 2025 ба истифода дода шавад.
Ҳамлаи густардаи Русия бо дронҳо ба шаҳри Киев
Шаҳрдори Киев хабар додааст, ки неруҳои Русия субҳи 13-уми ноябр бо мушак ва бесарнишинҳо ба пойтахти Украина ҳамла кардаанд.
Виталий Кличко дар Телеграм ва дар муроҷиат ба сокинонит Киев навишт, "дар фазои пойтахт ҳавопаймоҳои бесарнишин бештар мешаванд. Хатари ҳамлаи мушакӣ низ ҷой дорад. Паноҳгоҳи худро тарк накунед."
Қаблан неруҳои ҳавоии Украина ҳушдор додаанд, ки садҳо мушак ва дронҳои артиши Русия дар роҳ ба пойтахт ҳастанд. Дар тамоми Украина бонги хатар ба садо даромад.
"Путин ҳамин ҳоло бо мушак ба Киев ҳамла мекунад," - навиштааст Андрей Ермак, роҳбари дастгоҳи президенти Украина.
Дар ҳафтаҳои ахир Русия ҳамла ба шаҳрҳои Украинаро зиёд кардааст. Ин ҳамлаҳо боиси кушта шудани сокинон ва хароб шудани зербунёдҳои энергетикӣ дар остонаи сардӣ шудааст.
Дар Маскав ҷавонони синни даъват ҳақ надоранд Русияро тарк кунанд
Дар Маскав ҷавононе, ки баъди гирифтани даъватнома ба комиссариат ҳозир нашудаанд, аз ҳаққи хуруҷ аз Русия маҳрум мешаванд. Дар и бора пойгоҳи "Важные истории" хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, огоҳӣ барои манъи берун рафтан аз Русия, ба телефони ҷавонон фиристода мешавад ва ҳамчунин дар пойгоҳи mos.ru гузошта шудааст.
Дар огоҳинома ҳамчунин “дигар маҳдудиятҳо” зикр шудааст. Ба эҳтимоли зиёд, сухан дар бораи манъи фурӯхтани амволи ғайриманқул, гирифтани шиносномаи хориҷӣ, қарз гирифтан, дар қайд гузоштани нақлиёт ва дигар амвол меравад. Чунин тағйирот ба қонун дар бораи хизмати ҳарбии Русия соли равон қабул шуд.
Максим Локтев, комиссари ҳарбии Маскав қаблан ҳушдор дода буд, ки аз оғози моҳи ноябр чунин маҳдудиятҳо барои ҷавонон ҷорӣ мешавад.
Нашрияи The Moscow Times хабар додааст, ки ба ҷуз ирсоли огоҳӣ, дар шаҳри Маскав дубора "облава"-и ҷавонон оғоз шудааст.
Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия дар ҷанг алайҳи Украина талафоти зиёд дидааст ва ба нерӯи бештар ниёз дорад.
"Ба ҷойи артиш ба муҳоҷират рафтааст." Парванда ба зидди як ҷавон дар Суғд
Як сокини 22-солаи ноҳияи Зафаробод ба саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ гумонбар мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ин ҷавон ба ҷойи рафтан ба артиш, ба муҳоҷират ба Русия рафтааст.
Назари худи ҷавон ё наздиконаш ба ин ҳарфҳои мақомот маълум нест. ВКД низ дар бораи ӯ маълумоти бештар надодааст.
Ба иттилои расмӣ, нисбати ин ҷавон бо иттиҳоми “саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ” парванда кушодаанд. Моддаи 343-и Кодекси ҷиноӣ барои ин иттиҳом то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва асосан ба Русия рафтани ҷавонон ва фишор ба хонаводаҳои онҳо барои бозгардонии фарзандонашон, пештар ҳам расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, аввали моҳи ноябри имсол волидайни як ҷавон дар шаҳри Хуҷанд гуфтанд, кормандони Комиссариат ба онҳо фишор меоранд, ки фарзандашонро, ки дар Русия таҳсил мекунад, баргардонанд ва ба артиш фиристанд. Намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ин кори худро қонунӣ гуфтанд.
Ба назари ҳуқуқшинос, Дилрабо Самадова набуди шароит дар қисмҳои низомӣ, озори сарбозон ва шароити иҷтимоии оилаҳо, сабаби саркашии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ мешаванд. Вай пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин масъала сабукиҳо дода шавад.
Фармони даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми август имзо шуд. Тибқи ин фармон, аз моҳи октябр то ноябри имсол ҷавонони то 27-сола ба артиш даъват мешаванд.
Қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" ба 3,5 миллиард сомонӣ расидааст
Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", дар 9 моҳи соли ҷорӣ 543 миллион сомонӣ бештар шуда, ба 3 миллиарду 530 миллион сомонӣ расидааст.
Сарони ин нерӯгоҳ гуфтаанд, “Барқи тоҷик” нерӯи барқро аз “Сангтуда 1” мехарад ва ба мардум мефурӯшад, вале қарзро намепӯшонад. Намояндагони "Барқи тоҷик" қаблан гуфта буданд, барқро аз ин неругоҳ бо нархи гарон харида, ба мардум арзонтар мефурӯшанд.
Ба сабаби таъхир дар пардохти пули барқ, нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аз молиёт ё андоз беш аз 240 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Ҳукумат борҳо қарзҳои ин нерӯгоҳро бахшида, аз ин роҳ қарзи “Барқи тоҷик”-ро дар назди нерӯгоҳ кам кардааст.
"Сангтӯда-1" бо сармояи Русия дар дарёи Вахш сохта шуда, 75 дарсади он ба Русия ва 25 дарсад ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Ҳоло он бо иқтидори пурра кор намекунад ва мустақилона ба аҳолӣ барқ фурӯхта наметавонад. Ин дар ҳолест, ки аз 22-юми сентябри имсол дар Тоҷикистон “лимит” ҷорӣ шудааст ва сокинон аз камбуди барқ шикоят доранд.
Барфи зиёд дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Ҳушдор ба ронандагон
Дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масир ба шимоли Тоҷикистон, барфи зиёд борида истодааст. Дар ин бора ширкати IRS хабар додааст. Ин ширкат масъули нигаҳбони роҳ буда, барои ин аз ронандагон маблағ мегирад.
Ширкати IRS субҳи 13-уми ноябр дар саҳифаи Фейсбукиаш навиштааст, боридани барф аз километри 113 то 183 сахту пуршиддат аст. Ин қисмати роҳ дар ҳудуди ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ ҷойгир аст.
Намояндагони IRS гуфтаанд, феълан роҳ барои ҳаракати нақлиёт боз аст, аммо аз ронандагон мехоҳанд “бидуни омодагии марбут ба мавсими сармо ба роҳ набароянд.”
Роҳи Душанбе-Хуҷанд дар зимистону баҳор хатарнок мешавад. Ҳодисаҳои фаромадани тармаву сангпора дар ин ду фасли сол сабт мешавад ва борҳои боиси талафоту бастани роҳ шудааст.
Ҳукумат масъулияти нигаҳбонии ин роҳро аз соли 2009 ба ширкати номаълуми "IRS” додааст ва ин ширкат аз ронандагон пул мегирад. Соҳиби ширкат маълум нест ва ҳукумат низ соҳибони онро фош намекунад.
35 кушта. Як мард дар Чин одамонро бо мошин пахш кард
Дар Чин як мошин издиҳоми одамонро пахш кардааст, ки дар натиҷа 35 нафар ҳалок шуда, 43 каси дигар маҷруҳ гардиданд. Ҳодиса шоми 11-уми ноябр, дар назди маркази варзишии шаҳри Жуҳа рух додааст. Дар ин бора нашрияи South China Morning Post хабар додааст.
Ба навиштаи ин расонаи чинӣ, дар миёни қурбониён кӯдакон ҳам ҳастанд. Шоҳидон гуфтаанд, ҳодиса замоне рух дод, ки чанд гуруҳи одамон дар назди маркази варзишӣ гаштугузор мекарданд.
Пулиси маҳаллӣ гуфтааст, ронандаи 62-сола тӯдаи одамонро пахш карда, баъдан мехост худкушӣ кунад. Мардро боздошт карда, ба беморхона фиристоданд, вале феълан ӯ беҳуш аст.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ин мард чанде пеш аз ҳамсараш ҷудо шуда, ба тақсими молу мулк норозӣ будааст.
The Telegraph: Путин мехоҳад то оғози кори Трамп, Курскро бозпас гирад
Владимир Путин умед дорад, ки то маросими савгандёдкунии Доналд Трамп, Русия сарбозони Украинаро аз вилояти Курск берун мекунад. Дар ин бора нашрияи бритониёнии The Telegraph хабар додааст. Трамп 20-уми январи соли 2025 ҳамчун президенти Амрико савганд ёд мекунад.
The Telegraph бо такя ба Хадамоти истихборотии Бритониё навиштааст, рӯзҳои наздик ҳамлаҳои ҳавоии Русия, ба мавқеъҳои артиши Украина дар вилояти Курск, эҳтимол зиёд мешавад.
Ҳамчунин инчунин интизор меравад, ки 12 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ вориди ҷанг шаванд.
Дар умум ба ҳисоби нашрияи The New York Times, Русия барои ақиб рондани неруҳои Украина аз вилояти Курск, 50 ҳазор сарбоз ҷамъ кардааст.
Неруҳои Украина 6-уми август ғайриинтизор вориди вилояти Курски Русия шуданд. Киев мегӯяд, феълан бештар аз ҳазор километри мураббаъро дар Курск зери назорат дорад.
Нашрияи The Telegraph навиштааст, Русия тақрибан ними ин ҳудудро бозпас гирифтааст.
Ҳафтаи гузашта нашрияи “Вашингтон пост” навишт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, аз ӯ хостааст, ки ҷанг дар Украинаро шиддат набахшад. Кремл гуфтугӯи Путин ва Трампро рад кард.
Варзишгари тоҷик дар UFC бо намояндаи Исроил рақобат мекунад
Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик рақобати дуюми худро дар ташкилоти маъруфи UFC, санаи 11-уми январи соли оянда мегузаронад. Ин хабарро чанд сомонаи варзишӣ пахш карданд ва худи варзишгар ҳам дар саҳифаи Инстаграмаш инро тасдиқ кард.
Рақиби навбатии Нурулло Алиев, варзишгари исроилӣ Янал Ашмози 29-сола аст. Рақобати ду варзишгар дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико баргузор мешавад.
Нурулло Алиеви 25-сола, дар корномаи варзишиаш дар муҳорибаҳои омехта, 9 рақобат гузаронда, дар ҳамаи онҳо пирӯз шудааст. Рақиби ӯ Янал Ашмоз 8 ғалаба ва 1 бохт дорад.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки шомили ташкилоти маъруфи амрикоии UFC шуд. Алиев моҳи феврали соли 2023 аввалин рақобаташро дар ташкилоти UFC пирӯзӣ анҷом дод. Вале ӯ баъдан осеб бардошта, давоми якуним соли ахир дигар ба майдон набаромад.
Ба ҷуз Нурулло Алиев, се варзишгари дигари тоҷик Лоиқ Раҷабов, Муҳаммад Наимов ва Муин Ғафуров ҳам бо UFC шартнома бастаанд.
Дума маҳдудиятро барои фарзандони муҳоҷирон баррасӣ мекунад
Думаи давлатии Русия, рӯзи 20-уми ноябр пешниҳоди ҳукумати Русия дар бораи таҳсили фарзандони муҳоҷиронро баррасӣ мекунад.
Раиси Дума Вячеслав Володин 12-уми ноябр гуфт, ҳукумат ба вакилон пешниҳод кардааст, ки фарзандони муҳоҷирон минбаъд бе донистани забони русӣ, ба мактабҳо қабул карда нашаванд.
Дар сурати қабули ин қарор, пеш аз қабул ба мактаб, қонунӣ ворид шудани фарзандони муҳоҷирон ба Русия санҷида шуда, аз онҳо имтиҳони забони русӣ мегиранд.
Пештар Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастур дода буд, ки нақшаи кор бо он фарзандони муҳоҷирон таҳия шавад, ки забони русиро хуб намедонанд.
Моҳи августи имсол Вазорати маорифи Русия аз лоиҳаи қонуне хабар дода буд, ки бар асоси он забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактаб санҷида мешавад.
Мушкили қабули кӯдакон дар мактабҳои Русияро муҳоҷирони тоҷик ҳам доранд. Ба ин далел ҳам баъзе аз волидони муҳоҷир аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд фарзандонашонро аз худ дур кунанду дар ватан дар тарбияи хешу табор гузоранд.
Оғози конфронси Созмони Милал дар бораи тағйирёбии иқлим
Рӯзи 11-уми ноябр дар шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, Конфронси 29-уми Созмони Милал дар бораи тағйирёбии иқлим (COP29) оғоз шуд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, дар ин ҳамоиш 67 ҳазор кас аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Қарор аст дар ин чорабинӣ мубориза бо гармшавии иқлим ва иҷрои Созишномаи Париж оид ба муҳити зист баррасӣ шавад.
Дар 15 соли ахир бори аввал масъалаи маблағгузорӣ ба тарҳои муҳитзистӣ, дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд ва мубориза бо тағйирёбии иқлим дар ин ҳамоиш баррасӣ мешавад.
Петр Фиала, нахуствазири Чехия ёдовар шуд, ки ҳамасола ба кишварҳои дар ҳоли рушд ҳудуди 100 миллиард доллар кумак расонда мешавад.
Ҳамоиши Созмони Милал дар бораи тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку, то 22-юми ноябр идома мекунад. Дар назар аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ин ҳамоиш суханронӣ кунад.
Зани украинӣ бо се фарзандаш дар ҳамлаи Русия кушта шудаанд
Дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Кривой Роги Украина, як зан бо се фарзандаш кушта шудаанд. Дар ин бора Александр Вилкул, шаҳрдори Кривой Рог рӯзи 12-уми ноябр хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади модар ва фарзандонашро наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳои як бинои панҷошёна бароварданд. Мақомоти Украина гуфтанд, мушаки баллистикии артиши Русия ба ин бино бархӯрдааст. Кӯдакони фавтида аз 2 то 10 сола будаанд. Аз ин оила танҳо падари хонавода зинда мондааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Русия хабар додад, ки як дрон ё бесарниши Украина ба анбори маводи сӯхт дар Белгород бархӯрдааст. Вячеслав Гладков, волии Белгород дар Телерам навишт, дар бораи талафоти ҷонӣ иттилое дар даст нест.
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки 9 бесарнишини Украинаро бар фарози Белгород ва чор адади дигарро дар Брянск ва Курск сарнагун кардааст.
Номи Данғараи Болоро ба Раҳмониён иваз карданд
Палатаи болоии порлумон ё Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳоди ҳукуматро дар бораи иваз намудани номи беш аз 500 деҳа ҷонибдорӣ намудааст.
Бо қарори палати болоии парлумон аз ҷумла, маҳалли аҳолинишини Дашти Паткуноби деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз ба категорияи деҳа мансуб дониста шуда, номи он ба Сомониён шудааст.
Деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Оби Гарм, деҳаи Лесхози ноҳияи Роштқалъа ба деҳаи Лоҷвард ивази номи кардаанд.
Ба иттилои Маҷлиси миллӣ, дар ҷаласаи 5-уми ноябри ин палата, шаҳраки Исмоили Сомонӣ дар Кӯшониён ба Сомониён ва дар ноҳияи Данғара деҳаи Данғараи боло ба номи Раҳмониён иваз гардиданд. Данғара зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар вилояти Хатлон деҳаҳое, ки номгузорияшон аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд, ба монанди "Коммунист", "Коммунизм", "Ленинобод", "Октябр", "Правда", "Киров", "Горкий", "Пушкин" иваз карда шудаанд.
Ҳамчунин номи деҳаҳое ба номи шахсиятҳо аз қабили Ҷалолиддини Балхӣ ба Балхиён, Садриддин Айнӣ ба Ахтарсо, Лоҳутӣ ба Панҷшер, Мирзо Турсунзода ба Шедрӯд ва ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимов ба деҳоти Гурдоварон иваз карда шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли қабл ба тағйири номи шаҳру ноҳияву маҳаллаҳо шурӯъ кард ва пештар аз ҳама номҳои мероси замони шӯравиро тағйир дод. Маълум нест тағйири номи деҳаҳо дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ то куҷо ҷиддӣ баррасӣ шудаанд.
Расонаҳо: Трамп мехоҳад Рубио вазири корҳои хориҷии Амрико шавад
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, номзадии сенатор Марко Рубиоро ба мақоми Котиби давлатии Амрико ё вазири корҳои хориҷӣ пешниҳод кардааст. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла нашрияи New York Times рӯзи 11-уми ноябр хабар доданд.
Марко Рубиои 53-сола намояндаи аёлати Флоридо дар Сенат аст. Ӯ фарзанди муҳоҷирони кубоӣ ва аз мунтақиди режимҳои худкомаи Чин, Эрон ва Куба мебошад. Дар даври аввали президентии Доналд Трамп, Рубио яке аз муаллифони тарҳи қонуне буд, ки баромадани Амрикоро аз узвияти НАТО мушкил мекард. Ин посух ба ҳушдорҳои Трамп буд, ки таҳдид кард, ИМА-ро аз узвияти ин паймони низомӣ хориҷ мекунад.
Баъдан Марко Рубио дар чанд масъалаи сиёсати хориҷии Амрико монанд ба Доналд Трамп мавқеъ гирифт. Аз ҷумла ӯ яке аз 15 сенатори ҷумҳурихоҳ буд, ки алайҳи додани 95 миллиард доллар кумак ба Украина садо баланд кард. Дар мусоҳибаи ахираш, Рубио гуфтааст, Украина бояд диққаташро барои дастёбӣ ба як тавофуқ бо Русия равона кунад, ҳатто агар бо ин созиш ҳама қаламравҳои Украина бозгардонда нашаванд. "Ин муноқиша бояд хотима дода шавад,"-гуфта буд Рубио.