Дар чанд ҷумла
Кушта шудани 20 нафар дар ҳамлаҳои Исроил дар маркази Бейрут
Бар асари ҳамлаҳои Исроил дар маркази Бейрут, пойтахти Лубнон, камаш 20 нафар кушта шуд.
Ҳодиса рӯзи 23-юми ноябр иттифоқ уфтод.
Вазорати тандурустии Лубнон хабар дод, ки 66 каси дигар маҷруҳ гаштанд.
Ин ҳол дар замоне пеш омад, ки фиристодаи вижаи Амрико барои созиш ба поён додани даргириҳои чандмоҳа миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба минтақа рафта буд.
“Ҳизбуллоҳ” ҳам гурӯҳи ҷангҷӯст ва ҳам ҳизби сиёсӣ, ки дар порлумони Лубнон намоянда дорад ва ҷануби ин кишвар зери назораташ аст.
Ин гурӯҳ аз ҳимояти Эрон бархурдор аст, вале Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии “Ҳизбуллоҳ”- ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон Файзи Олиро ба додгоҳ кашидааст
Додситонии кулли Тоҷикистон вакили мудофеъ Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев)-ро ба гумони "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ кашидааст.
Шикояти Додситонии кулро дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ мекунанд.
Дар Додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Файзи Олӣ бар асоси моддаи 346, банди 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ нисбат ба прокурор" баррасӣ мешавад.
Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз панҷ то ҳафт сол ҷазо пешбинӣ кардааст. Намояндаи Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, ки Файзи Олиро шаш сол зиндонӣ кунанд.
Файзи Олӣ, адвокати шинохта, рӯзи 22-юми ноябр шикояти Додситонии кулро беасос номид. Вакили мудофеъ гуфт, пас аз он нисбаташ ба додгоҳ шикоят шудааст, ки аз мавридҳои, ба қавли ӯ, фасодкории кормандони Додситонӣ ба Оҷонсии зидди фасод, Шӯрои амният ва дастгоҳи иҷроияи президент шикоят кард.
Додситонии кулли Тоҷикистон расман шикояташро шарҳ надодааст, вале Файзи Олӣ мегӯяд, ин ниҳод даст доштани кормандонашро дар фасод рад карда, аризаҳои ӯро "дурӯғ" номидааст. Ӯ гуфт, бе далел ариза нанавиштааст ва ҳозир аст, дар додгоҳи бетарафона онҳоро исбот кунад.
"Дар моҳи июл бидуни огоҳ сохтани ман парванда боз карда шудааст. Фақат баъд аз як моҳ маро огоҳ карданд. Дар мурофиаи навбатӣ ман сухани ҳимоятии худро ироа мекунам ва бо далел собит мекунам, ки дурӯғ нагуфтаам. Ман дар мурофиа ҳамчун ҳуқуқшинос аз худам дифоъ мекунам,"--гуфт Файзи Олӣ.
Мурофиаи додгоҳӣ бо шикояти Додситонии кул нисбат ба Файзи Олӣ ҳафтаи оянда идома хоҳад кард.
Файзи Олӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, дар бораи кори мақомот шарҳҳо менависад.
Яке аз соҳибмулкони "Зимняя вишня" пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод шуд
Дар Русия яке аз соҳибкулкони маркази тиҷоратии “Зимняя вишня”, ки дар сӯхтори он соли 2018 даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд, пеш аз адои мӯҳлати ҷазо шартан ба озодӣ баромад.
Вячеслав Вишневский бо қарори додгоҳи ноҳиявии Томск озод шуд, чун дар як аз зиндонҳои ҳамин минтақа адои ҷазо мекард.
Аз миёни 15 маҳкумшуда барои сӯхтори пурқурбонии “Зимняя вишня” дар шаҳри Кемерово даҳ нафар пеш аз мӯҳлат озод шудаанд. Вишневскийро соли 2022 барои додани пора ба раҳбари Госстройнадзори минтақавӣ Танзила Комкова ба ҳангоми сохтмони маркази тиҷоратӣ гунаҳгор дониста ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд.
Тафтишот маълум кард, ки замони сохтмони ин марказ дар солҳои 2013-2014 Вишневский бар ивази 7 миллион рубл пора иҷозати сохтмони бесанҷишро ба даст оварда буд ва дар ин бино системаҳои зиддисӯхтор насб нашуд.
Танзила Комкова соли 2021 ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Сӯхтор дар маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” 25 марти соли 2018 рух дод ва дар натиҷа, 60 нафар, аз ҷумла 37 кӯдак ҷон дода 147 нафар осеб дид. Аксар қурбониҳо ҳангоми сар задани сӯхтор дар дохили кинозали ин марказ банд монданд.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, вақте дар маркази савдо сӯхтор сар зад, дастикам панҷ корманди тоҷикистонии “Зимняя вишня” барои наҷоти одамон ёрӣ расониданд.
Мулоқоти сенатори амрикоӣ Стив Дейнс бо мақомоти Тоҷикистон
Сенатори амрикоӣ Стив Дейнс рӯзи 23 ноябр дар Душанбе бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дидору гуфтугӯ анҷом дод.
Дар ин бора сомонаи хабаргузории “Ховар” ва саҳифаи Х-и сафорати ИМА дар Душанбе хабар додаанд.
Дейнс узви Кумитаи Сенати ИМА оид ба энергетика ва захираҳои табиӣ буда, дар як изҳороти ахираш аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи Амрико чун “роҳи дурусти интихобкардаи амрикоиҳо барои оянда” ситоиш кардааст.
Ба навиштаи сафорати Амрико, “дар мулоқоти пурмаҳсули сенатор Стив Дейнсу сафири ИМА Мануэл Миккаллер бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин онҳо роҳҳои амиқтар кардани ҳамкориҳо барои ҷалби тиҷорати амрикоӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд”.
Дар хабар таъкид шудааст, ки сафорати ИМА барои кӯмак дар эҷоди фазои беҳтари тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармояҳо аз ИМА ва дигар давлатҳои хориҷӣ мусоидат мекунад.
Ҷузъиёти аз ин беш нашр нашудааст.
Даъвати Путин аз Раҳмон барои ширкат дар рӯзи 9 май
Сафири Русия гуфтааст, президент Владимир Путин чанд рӯз пеш ба раиси ҷумҳурии Тоҷистон Эмомалӣ Раҳмон даъватномаи иштирок дар ҷашни 80-солагии ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро ирсол намуд.
Семен Григорев ба хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, ки ҷашнҳо дар Майдони сурхи Маскав рӯзи 9 маи соли 2025 барпо мешаванд. Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон соли оянда раҳбарии давраии созмони Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба ӯҳда хоҳад дошт ва мавзӯи ҷашнгирии иди ғалаба дар «сатҳи баланд» баррасӣ мешавад.
Президенти Русия Владимир Путин мавзӯи ғалаба бар фашизм дар ҷанги солҳои 1941-45-ро ба як масъалаи муҳими сиёсати дохилию хориҷиаш табдил дода, бештар нақши боризи Русияву сокинони ин кишварро барҷаста нишон додан мехоҳад.
Дар гузашта мақомот дар Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо баҳои ҷонсупориҳои даҳҳо ҳазор сарбоз аз Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ҳам ба даст омадааст.
Дабири кулли НАТО бо Трамп вохӯрд
Дар бораи мавзӯи гуфтугӯҳои ду раҳбар иттило хеле маҳдуд аст.
Дабири кулли НАТО Марк Рутте рӯзи 22 ноябр дар шаҳри Палм-Бичи аёлати Флорида бо президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп дидору гуфтугӯ дошт.
Дар як изҳороти мухтасари ин паймони низомӣ рӯзи 23 ноябр сухангӯи ниҳод Фараҳ Дахлаллоҳ гуфт, “онҳо масоили зиёди амниятиеро баррасӣ карданд, ки паймон бо он рӯбарӯ мебошад”.
Айни замон, НАТО дархости шарҳи хабари матбуоти Нидерландиро нодида гирифт, ки навишт, Рутте, собиқ нахуствазири ин кишвар бо ҳавопаймои ҳукуматӣ ба Флорида парвоз кард.
Руттеро бисёриҳо беҳтарин раҳбари аврупоие меноманд, ки тавонист дар давраи раёсатҷумҳурии собиқи Трамп солҳои 2017-2021 бо ӯ робитаҳои хуби корӣ барқарор кунад.
Ҳамлаи пурқудрати ҳавоии Исроил ба маркази Бейрут
Рӯзи 23 ноябр маркази шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнонро як ҳамлаи пуршиддати ҳавоии Исроил такон дод.
Мақомот дар Исроил гуфтанд, ки муборизаи онҳо алайҳи гурӯҳи Ҳизбуллоҳи мавриди пуштибонии Эрон идома мекунад.
Ал-Манур, расонаи вобаста ба Ҳизбуллоҳ бо такя ба вазорати беҳдошт хабар дод, ки таркиш дар маҳаллаи Баста рух дод ва дар натиҷа дастикам чор нафар кушта ва 23 кас захмӣ шудааст.
Хабаргузории миллии Лубнон гуфт, ки шумори куштаву захмишудаҳо хеле зиёд аст ва дар натиҷаи ҳамла як бинои ҳаштошёна тахриб шудааст.
Телевизиони лубнонии Al-Jadeed чанд бинои тахрибшударо намоиш дод. Ҳафтаи ҷорӣ ин чорум ҳамлаи ҳавоии Исроил ба маркази Бейрут мебошад ва Исроил гуфтааст, ки муассисаҳои вобаста ба Ҳизбулллоҳро ҳадаф қарор медиҳад. Ҳизбуллоҳ, ки як гурӯҳи низомӣ ва сиёсӣ мебошанд, аксар манотиқи ҷануби Лубнонро назорат мекунад.
Иттиҳоди Аврупо бахши низомии Ҳизбуллоҳро террористӣ меномад, ИМА ҳарду бахши онро мамнӯъ ва террорристӣ эълон кардааст.
Сухангӯи Путин: ба Русия "муҳоҷирони қонунӣ лозиманд, на ғайриқонунӣ"
Дмитрий Песков, сухангӯйи президенти Русия, дар мусоҳибааш бо хабаргузории давлатии РИА Новости гуфтааст, Русия ба нерӯи муҳоҷирон ниёз дорад, вале "ҳузури онҳо бояд қонунӣ бошад, на ғайриқонунӣ".
Мусоҳиба рӯзи 22-юми ноябр нашр шуд.
Ба қавли Песков, "дар пасманзари вазъи демографӣ ва барои рушди фаъоли ин кишвар, Русия ба муҳоҷирон эҳтиёҷ дорад". Вале ҳамзамон афзудааст, муҳоҷирон бояд дар Русия қонунӣ биистанд.
"Онҳое, ки ҳузурашон ғайриқонунӣ аст, як мушкил барои Русия мебошанд," -- гуфт ӯ ва илова кард, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ боис ба афзоиши ифротгароии динӣ ва нашъамандӣ мешавад.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки баъди ҳамла ба толори “Крокус”, ҳамвора дар Думаи Давлатии Русия ва ҳукуматҳои маҳаллӣ қонуну қарорҳои зидди муҳоҷирони корӣ қабул мешаванд.
Дар баробари ин, бо ширкати матбуоти давлатӣ эҳсоси бегонаситезӣ нисбат ба муҳоҷирон афзуда, амалиёти полис алайҳи коргарони хориҷӣ торафт бераҳмонатар мешавад.
Президент Владимир Путин, ки барои пешбурди сиёсати бегонабадбинӣ дар кишвари бисёрмиллатаи Русия танқид мешавад, гуфтааст, ҳар муҳоҷир бояд забони русиро хуб донад.
Фишору таъқибҳои афзоянда ва гоҳе рафтори ғайриинсонӣ бо муҳоҷирон дар соли ҷорӣ сабаби он шуд, ки даҳҳо ҳазор муҳоҷир ихтиёрӣ ё бо қарори додгоҳ Русияро тарк карданд.
Барои Тоҷикистон, ки бекорӣ мушкили рақами яки мардумаш дониста мешавад, давоми даҳсолаҳо Русия макони асосии кору даромади хонаводаҳо дониста мешуд ва айни замон, Кремлин ҳам аз муҳоҷирон дар мавридҳои зиёд чун фишанги фишор болои Душанбе истифода кардааст.
Алсу Қурмашева барандаи ҷоизаи Кумитаи дифоъ аз журналистон шуд
Алсу Қурмашева, хабарнигори Бахши тотору бошқирди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) барандаи Ҷоизаи байналмилалии озодии матбуоти Кумитаи дифоъ аз журналистон гардид.
Маросими тақдими ҷоиза рӯзи 21-уми ноябр дар шаҳри Ню-Йорк барпо шуд. Қурмашева, ки 288 рӯзашро дар як боздоштгоҳи Русия пуштисар кардааст, аз талошҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон барои озодии ӯ сипосгузорӣ кард. “Журналистика ҷиноят нест”, гуфт ӯ ва таъкид намуд, ки айни замон беш аз 20 хабарнигор дар зиндонҳои Русия қарор доранд. Қурмашева гуфт, ки ҷоизаи худро ба ҳамкорони зиндонии дигараш, аз ҷумла Иҳар Лосик ва Андрей Кузнечук дар Беларус, Владислав Есипенко дар Қрим ва Фарид Меҳрализода дар Озарбойҷон мебахшад.
Ӯ гуфт: “Ҳамкорони ман фақат як бахши омор нестанд; мисли ман онҳо ҳам инсонҳое ҳастанд, ки оилаҳои худро доранд ва онҳоро ёд мекунанд ва дӯсташон медоранд. Дар зиндонҳои Русия даҳҳо журналисти дигар ҳам ҳаст ва онҳо бояд ҳама озод шаванд”.
Дар миёни дигар барандаҳои имсолаи ҷоизаи Кумитаи дифоъ аз журналистон – хабарнигори фаластинӣ Шуруқ ал-Айла, Кими де Леон аз Гватемала ва хабарнигори таҳқиқгар Самира Сабоҳ аз Нигерия мебошанд ва ҳамаи онҳо барои ҷасораташон дар муқобили таъқибҳои ҷиноӣ қадрдонӣ шуданд.
Қурмашева моҳи июни соли 2023 барои хабаргирии хонаводааш ба шаҳри Қазони Русия рафт, вале нахуст барои гузориш надодан дар бораи шиносномаи шаҳрванди Амрикояш муттаҳам дониста шуд. Ӯ пули ҷаримаро пардохт кард, аммо барояш иҷоза надоданд, ки кишварро тарк кунад. Октябри порсол ӯ барои худро ба ҳайси “агенти хориҷӣ” ба қайд нагузоштан ҳабс шуд. Ин иттиҳом дар Русия солҳои охир ба фаъолони маданӣ, хабарнигорон ва мунаққидони ҳукумат дода мешавад. Чанде баъд иттиҳоми “паҳн кардани хабари бардурӯғ дар бораи артиш”-ро ҳам ба парвандаи ӯ афзуданд ва гуфтанд, ин модда барои таҳрири китоби наве оид ба мухолифатҳо ба ҷанги идомаёбандаи Русия алайҳи Украина илова мешавад. РАО/РО ва ҳукумати ИМА иттиҳомҳои Алсу Қурмашеваро беасос номиданд.
Рӯзи 1 августи соли ҷорӣ дар натиҷаи як амалиёти азими табодули зиндониҳо бо иштироки ҳафт кишвар, ки 24 нафарро дар бар гирифт, аз ҷумла, Алсу Қурмашева, хабарнигори Wall Street Journal Эван Гершкович ва сиёсатмадори рус Владимир Кара-Мурза озод карда шуданд.
Трамп мехоҳад Гренеллро масъули хатми ҷанг дар Украина таъин кунад
Президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп имкон дорад собиқ раҳбари истихборот Ричард Гренеллро ба мақоми фиристодаи вижа оид ба ҷанги Русияву Украина таъин кунад.
Дар ин бора рӯзи 23 ноябр хабаргузории Reuters бо такя ба чор манбаи огоҳ иттило додааст. Гренелл дар давраи аввали раёсатҷумҳурии Трамп солҳои 2017-2021 дар мақоми сафир дар Олмон, фиристодаи вижа дар музокираҳои Сербияву Косово ва ҳам иҷрокунандаи вазифаи раиси истхбороти миллӣ кор кардааст.
Манбаъҳо гуфтанд, дар сурати таъин шудани ӯ ба ин мақом, барои иҷрои нақшаи Трамп дар амри хатми ҷанг нақши калидӣ бозӣ хоҳад кард.
Феълан чунин мақоми фиристодаи Амрико барои хатми ҷанги Русияву Украина вуҷуд надорад ва Трамп, ки аз охири январи соли оянда сари кор меояд, мехоҳад чунин мақомеро эҷод кунад.
Гренелл тобистони соли 2024 гуфта буд, ки барои хатми ҷанг тарафдори эҷоди «минтақаҳои мухтор» мебошад. Ӯ инчунин гуфтааст, хостори ин нест, ки дар ояндаи наздик Украина узви НАТО шавад.
Конор Макгрегорро дар таҷовуз ба номуси як зан гунаҳгор карданд
Дар Ирландия як додгоҳи ҳакамон собиқ варзишгари MMA Конор Макгрегорро дар таҷовуз ба номуси як зан дар соли 2018 гунаҳгор донист.
Ба навиштаи Associated Press, Макгрегор бояд ба зани ҷабрдида 250 ҳазор евро маблағ пардохт кунад.
Ин парванда дар як додгоҳи шаҳрвандӣ ё гражданӣ баррасӣ шудааст ва ба варзишгар ҳабс дар зиндон таҳдид намекунад. Пеш аз ин додситонии Ирландия гуфт, ки бо сабаби нокофӣ будани далел барои ҳукми айбдоркунӣ парвандаи ҷиноӣ боз намешавад.
Дар додгоҳи шаҳрвандии Ирландия имкони баррасии парванда бо далелҳои кам ҳам имконпазир аст.
Ин додгоҳ гуфт, ки декабри соли 2018 дар як утоқи пентҳауси меҳмонхонаи Beacon дар шаҳри Дублин Макгрегор ба номуси ӯ таҷовуз ва латукӯбаш кард. Далели ин амали варзишгарро санҷиши тиббӣ собит кардааст.
Худи Макгрегор ин иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки бо ин зан бо хоҳиши дуҷониба алоқаи ҷинсӣ доштааст.
Макгрегор гуфт, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳад кард. Варзишгар гуфтааст, ки додгоҳи ҳакамон далелҳои овардаи ӯро пурра ба инобат нагирифтанд.
Мақомоти Косово дархости паноҳандагии Ситора Атомамадоваро рад кардаанд
Мақомоти Косово дархости паноҳандагии Ситора Атомамадова, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки беш аз 20 сол дар Косово зиндагӣ мекунад, рӯзи 22 ноябр рад карданд.
Сабаби рад шудани дархости ӯ маълум нест ва вакили дифои вай Лабинот Вата ба Бахши Косовои Радиои Аврупои Озод гуфтааст, ки аз болои ин қарор шикоят хоҳад бурд.
Аз оғози моҳи ноябр Ситора Атомамадова пас аз дарёфти дастури ихроҷ аз Косово дар боздоштгоҳи хориҷиён дар Вранидолл, воқеъ дар наздикии пойтахти Косово, Приштина нигаҳдорӣ мешавад.
Қаблан, дархости ӯ барои гирифтани шаҳрвандӣ рад карда шуд ва иҷозаи иқоматаш дар Косово лағв гардид. Ситора аз болои ин қарорҳо шикоят ва дар баробари ин дархости паноҳандагӣ кардааст.
Сабабҳои ин тасмимҳои мақомоти Косово расман шарҳ дода нашудаанд, ҳарчанд расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 5 ноябр аз эҳтимоли гумонбар шудани ӯ ба ҷосусӣ ба нафъи Русия хабар доданд. Ин маълумот низ расман тасдиқ нашудааст.
Ниҳодҳои Косово аз додани иттилоъ дар ин замина сарпечӣ карданд ва ҳамчунин дархости Бахши Косовои Радиои Аврупои Озодро барои мулоқот ва мусоҳиба бо Атомамадоваро рад намуданд.
Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL), чанд рӯз пеш бо хонаводаи Атомамадова тамос гирифт ва онҳо тасдиқ карданд, ки ӯ муддати тӯлонӣ дар Косово ба сар мебарад.
Ҳатто вакили ӯ ба RFE/RL гуфтааст, ки зерҳимояаш аз соли 2001 дар Косово зиндагӣ мекунад.
Вай гуфт, тибқи иттилои зерҳимояаш, вай дар созмонҳои маъруфи маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба ҳайси тарҷумон кор ва ё машғули кор будааст ва таҳсилро дар риштаи парастории тиббӣ хатм кардааст.
Дар миёни созмонҳои зикршуда Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Косово (UNMIK) ва миссияи посдори сулҳи НАТО (KFOR) ҳастанд.
UNMIK рӯзи 18-уми ноябр дар посух ба хабарнигори RFE/RL гуфтааст, тибқи маълумоте, ки онҳо доранд, “Ситора Атомамадова дар UNMIK кор накардааст”.
Аз сӯи дигар, KFOR рӯзи 19 ноябр ба RFE/RL гуфт, ки ин навъи маълумот (агар Атомамадова дар он ҷо кор карда бошад ҳам) "дар заминаи муқаррароти ҳифзи дахолатнопазирӣ ифшо намешавад".
Пештар Додситонии Косово дар суҳбат бо RFE/RL тасдиқ карданд, ки зидди Ситора Атомамадова ҳеч гуна парванда боз нашудааст. На Вазорати корҳои дохилии Косово ва на Полиси Косово дар бораи ин қазия маълумот надоданд.
Ситора Атомамадова соли 1972 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шуда, ба гуфтаи наздиконаш, хатмкардаи бахши забони инглисӣ, дар аввали соли 2000 аз Тоҷикистон рафт.
Лабинот Вата мегӯяд, Ситора донандаи чанд забон буда, дар Косово моликият дорад ва тайи солҳо бо ҷомеаи ин ҷо ҳамгироӣ пайдо кардааст. Ба гуфтаи вакилаш, баррасии қазияи Ситора Атомамадова мумкин аст, моҳҳо идома кунад.
Дар се соли охир 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои гуногуни Аврупо ихроҷ ва истирдод шуда, ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон гаштаанд. Ихроҷу истирдод бахусус пас аз ҳамлаи террористӣ ба Крокус Ситӣ Ҳолл дар Маскав афзоиш ёфтааст, ки Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро дар он гунаҳкор кард ва дар бораи ширкати тоҷикон дар ҳамалоти террористӣ дар Эрону Туркия ва омода кардани чунин ҳамлаҳо дар Олмон гузориш шудааст.
Ҷумҳурии Косово давлати нимаэътирофшудаи балканист, ки қаблан бахше аз Югославии собиқ буда, дар соли 2008 истиқлоли худро аз Сербия эълон кард. Ҳарчанд аксари кишварҳои узви СММ истиқлолияти онро эътироф кардаанд, Тоҷикистон дар як саф бо Русия ва аксари кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳамчунин бархе аз давлати Аврупо онро ба расмият нашинохтаанд. Дар панҷ соли охир 550 нафар аз Косово ихроҷ карда шудаанд.
Вакилони порлумони Украина аз баргузории ҷаласа худдорӣ карданд
“Верховная Рада”, порлумони Украина рӯзи 22-юми ноябр ҷаласаи навбатии худро баргузор накард.
Расонаҳои Украина хабар доданд, ки ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки мақомот аз ҳамлаи эҳтимолии Русия ба наздикиҳои ин бино хабар ёфтанд.
Ҳоло вакилони порлумони Украина ба таври фосилавӣ кор мекунанд.
Ҷаласаи порлумони Украина пас аз он бекор шуд, ки рӯзи 21-уми ноябр Русия ба Днепр бо мушаки нави миёнапарвоз ҳамла кард.
Рӯзи 20-уми ноябр сафорати ИМА ва дигар сафоратҳои дигари кишварҳои аврупоӣ дарҳои худро баста буданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ин рӯз кормандонашонро рухсат додаанд, то дар ҷои амн бошанд.
Расонаҳо: Дар ҳамла ба Курск генерали Кореяи Шимолӣ маҷрӯҳ шудааст
Нашрияи "The Wall Street Journal" хабар додааст, ки дар ҳамлаи Украина бо мушаки дурпарвози ATACMS дар Курск як генерали Кореяи Шимолӣ маҷрӯҳ шудааст.
Ин нашрия хабарро бо такя ба манбаҳояш дар Хадамоти истихбороти кишварҳои Ғарбӣ чоп кардааст.
Украина шаби 19-уми ноябр бо мушаки дурпарвози ATACMS ба Курск ҳамла кард.
Қаблан гузориш нашр шуда буд, ки дар Курск 10 ҳазор низомии Кореяи Шимолӣ барои ҷанг бо низомиёни Украина ҳузур доранд.
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 21-уми ноябр гуфт, ки дар ҳамла ба Курск баъзе низомиён осеб дидаанд, вале тафсилоти бештар надод.
Ҳафтаи гузашта расонаҳо хабар доданд, ки Ҷо Байден, президенти ИМА ба Украина иҷоза додааст, ки ба мушакҳои дурпарвоз ба хоки Русия ҳамал кунад.
Русия таҳдид кард, ки ба ин “посухи сахт” хоҳад дод.
Узбекистон боҷи гумрукӣ барои сементи Тоҷикистонро зиёд кардааст
Узбекистон нархи боҷи гумрукӣ барои сементи Тоҷикистонро чанд баробар зиёд кардааст.
Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", агар то аввали моҳи ноябр гумруки Узбекистон аз ҳар тонна сементи Тоҷикистон 35 доллар боҷ мегирифт, пас ҳоло аз ҳар тонна 300 доллар талаб дорад.
Ин расона аз қавли манобеаш навиштааст, сабаби ин тасмими Узбекистон маълум нест.
Як ҳамсӯҳбати ин расона гуфтааст, зиёд кардани боҷи гумрукӣ эҳтимол бо машварати корхонаҳои истеҳсоли сементи Узбекистон анҷом шудааст.
Тоҷикистон яке аз интиқолдиҳандагони асосии семент ба Узбекистон мебошад.
Солҳои ахир дар Тоҷикистон асосан бо сармояи Чин чанд корхонаи бузурги тавлиди семент фаъол шуд, ҳарчанд нигарониҳо дар бораи зарари ин корхонаҳо ба муҳити зист ҷой дорад.
Мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта имрӯз доир мешавад
Дар назар аст, ки имрӯз, 22-юми ноябр мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" муттаҳам мешаванд, дар бинои Боздоштгоҳи Душанбе баргузор шавад.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, имрӯз додгоҳ назари Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистонро мешунавад.
Ҳакимов ба иттилои баъзе наздиконаш, ба иттиҳомҳои вазнине ба монанди "хиёнат ба давлат", муттаҳам мешавад. Худаш дар бозпурсиҳо иттиҳомро рад карда, беасос хондааст.
Парвандаи бархе шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла, Саидҷаъфар Усмонзода, собиқ раиси Ҳизби демократ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ ва чанд тани дигар аз сӯи Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад.
Ба се мурофиае, ки то имрӯз баргузор шуд, наздикони боздоштшудаҳоро роҳ надоданд.
Русия мехоҳад кори муҳоҷирон дар мактаб ва беморхонаҳоро манъ кунад
Раиси Думаи давлатии Русия даъват кард, ки кори муҳоҷирон дар бахшҳои таълим ва маориф манъ карда шавад.
Вячеслав Володин дар саҳифаи "Телеграм"-аш навишт, "дар соҳаҳои таълим, тарбия ва тандурустӣ бояд шаҳрвандони кишвари худамон кор кунанд. Ҷалби муҳоҷирон дар ин бахшҳо нодуруст аст".
Раиси Дума ҳамчунин ёдовар шуд, ки порлумони Русия фаъолона қонунҳои муҳоҷиратро беҳтар мекунад.
Дар назар аст, ки ҳафтаи оянда Дума қонунеро баррасӣ кунад, ки қабули фарзандони муҳоҷиронро бе донистани забони русӣ манъ мекунад.
Изҳороти Вячеслав Володин дар ҳоле садо медиҳад, ки садҳо муҳоҷир ҳамчун пизишк дар Русия кор мекунанд.
Додгоҳи Гаага қарори ҳабси Зайф, Нетаняҳу ва Галлантро содир кард
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд рӯзи 21-уми ноябр қарори ҳабси ду мансабдори баландпояи Исроил ва як фармондеҳи "Ҳамос"-ро содир кард.
Муҳаммад Зайф, фармондеҳи низомии “Ҳамос”, ки аз ҷониби Амрикову Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ номида шудааст, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир ва Йоав Галлант, собиқ вазири дифои Исроил ба ҷиноят алайҳи башарият дар Навори Ғазза муттаҳам дониста мешаванд.
Дар қарори додгоҳ омада, ки Нетаняҳу ва Галлант дидаву дониста аҳолии осоиштаро дар Ғазза аз хӯроку обу дору маҳрум карданд.
Ҳанӯз вокуниши раҳбарони Исроил маълум нест.
Нахуствазири собиқи Исроил Нафталӣ Бенетт ин қарорро “як шармандагӣ барои Додгоҳи байнулмилалӣ” номид. Раҳбари мухолифони Исроил Яйр Лапид ҳам онро маҳкум кард ва гуфт, қарори додгоҳ “мукофот барои терроризм” аст.
Исроил ва мақомоташ қонунмандии Додгоҳи байнулмилалиро эътироф намекунад ва ҳам иттиҳоми ҷинояти ҷангиро дар Ғазза рад кардааст.
Мақомоти Исроил қаблан гуфта буданд, ки Муҳаммад Зайф, фармондеҳи "Ҳамос" дар як ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст, вале ин гурӯҳи тундрав ҳеч гоҳ хабарро рад ё тасдиқ накард.
Вокуниши “Ҳамос” ба ҳукми Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ то ин лаҳза расонаӣ нашудааст.
Идомаи муҳокимаи чеҳраҳои шинохта пинҳон аз чашми мардум
Баррасии парвандаи чеҳраҳои шинохта, ки бо гумони "талоши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар Тоҷикистон дастгир шудаанд, 21-уми ноябр дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста идома ёфт.
Ба мурофиа танҳо вакилони дифои боздоштшудаҳо роҳ ёфтанд. Наздикони гумонбарон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ба далели муҳри махфӣ доштани парванда ин бор низ натавонистанд дар мурофиа иштирок кунанд.
Аз вакилони дифои гумонбарон касе ҳозир нашуд, бо хабарнигорон суҳбат кунад.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи имрӯз назари Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ, Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба айбнома шунида шудааст.
Ҷузъиёти суҳбати айбдоршавандаҳо маълум нест. Мақомоти додгоҳ низ мавзуъро шарҳ намедиҳанд.
Қаблан як манбаи огаҳ аз қазия ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки боздоштшудаҳо бар асоси чор банди Кодекси ҷиноӣ: 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ), 247 (қаллобӣ), 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (талош барои ғасби қудрат) – айбдор мешаванд.
Қаблан як манбаъ ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои озодӣ гуфта буд, дар мурофиаи 18 ноябр назари чаҳор гумбонбар, аз ҷумла Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷӣ шунида шуд.
Ба иттилои манбаъ, "Зарифӣ гуфтааст, ӯ ба давлат хиёнат накард. Вале тасдиқ кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо имзои мустаор менавишт, чун агар бо номи худ менавишт, назари собиқ вазири корҳои хориҷӣ фаҳмида мешуд." Дақиқ нест, ки кадом нигоштаи ӯ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Се боздоштшудаи дигар – Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев, ду сарҳанги бознишастаи амният низ дар мурофиа иттиҳоми ғасби ҳокимиятро рад кардаанд.
Боздошти чеҳраҳои шинохта дар моҳи июни имсол, пас аз дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Айбномаи боздоштшудагон аз 10-20 сол зиндон то ҳукми абадро бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад.
Як бананро дар Амрико бо 6,2 миллион доллар фурӯхтанд
Дар музоядаи Сотбис дар Ню-Йорки Амрико, ки бо фурӯши осори ҳунарӣ маъруф аст, як бананеро, ки ба девор бо скотч часпида буд, бо нархи 6,2 миллион доллар фурӯхтанд.
Ҷастин Сан, як соҳибкоре, ки бо криптовалюта тиҷорат мекунад ва ин банани часпидаро чун як асари ҳунарӣ харидааст, навишт: “Бовар дорам ин чиз боиси андешаву таҳлили зиёде дар оянда хоҳад шуд ва як бахше аз таърих ҳам хоҳад шуд. Ман фахр мекунам, ки соҳиби ин банан шудам ва умедворам, ки он ба ташаббускорони илҳомбахш ва таъсиргузор хоҳад шуд”.
Соҳибкор ваъда дод, ки ин бананро мехӯрад ва айни замон, "ба мақоми он дар таърихи ҳунар ва ҳам фарҳанги оммавӣ арҷ мегузорад."
“Комедиант”-ро рассоми итолиёӣ Мауритсио Кателлан эҷод карда бори аввал онро дар як намоишгоҳе дар Майамии Амрико соли 2019 ба намоиш гузошт. Ин кори рассом дар бораи асосҳои ҳунар баҳси зиёде эҷод кард, тамошобини бисёреро ҷамъ кард ва ба саҳифаи аввали нашрияи New York Post роҳ ёфт. Баъди ҳар ду дафъае, ки бананро дар девор бо скотч часпонида ба мардум намоиш доданд, ин меваҳоро хӯрданд.
Дар аввал нархи тахминии банани дар девор часпидаро ба музояда бо нархи як-якуним миллион доллар ба фурӯш гузоштанд. Дар шарҳи ин маводи фурӯшӣ масъулони музояда навиштанд, "Кателлан танҳо худаш ҷаҳонро водор кард, ки ба ин биандешад, ки мо ҳунарро бар асоси кадом меъёр таъин мекунем ва ҳам чӣ арзишеро дар он пайдо кардан мехоҳем."
“Reuters” аз шартҳои Путин барои хатми ҷанг дар Украина хабар дод
Президенти Русия Владимир Путин омода аст, ки оташбас дар Украинаро баъди оғози кори Доналд Трамп бо ӯ баррасӣ кунад, аммо аз заминҳои ишғолкардааш даст намекашад. Дар ин бора хабаргузории “Reuters” бо такя ба панҷ мақомдори баландпояи собиқ ва феълии Русия гузориш додааст.
Ба қавли манбаъ, Путин ҳамчунин пойфишорӣ хоҳад кард, ки Украина набояд ба НАТО пайвандад.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар вокуниш ба ин гузориш гуфтааст, Путин музокира мекунад, аммо барои оташбас дар хати ҷанг розӣ нест.
Дар гузориши “Reuters” омадааст, Русия ҳамчунон талаб хоҳад кард, ки Украина кишвари бетараф бошад.
Маҳдудият дар шумори сарбозони украинӣ ва кафолати истифодаи забони русӣ, ба навиштаи “Reuters” аз талабҳои дигари Русия будааст.
Мақомдорони украинӣ гузориши “Reuters”-ро то ҳол шарҳ надодаанд. Мавқеи Киев ин аст, ки сарбозони Русия бояд хоки Украинаро тарк кунанд.
Се сокини Ванҷ зери тарма мондаанд
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се сокини ноҳияи Ванҷ зери баҳман ё тарма мондаанд. Як нафари онҳо ҳалок, ду каси дигар маҷруҳ шудаааст. Ҳодиса рӯзи 20-уми ноябр дар деҳаи Пшихарви ин ноҳия рух додааст.
Дар Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рух додани ҳодисаро тасдиқ карданд. Навбатдори ин ниҳод низ гуфт, як нафар ҳалок шуда, ду нафари дигар зиндаанд.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, ҷузъиёти ҳодисаро дертар шарҳ медиҳанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи ҳодиса, ба Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ тамос гирифт. Аммо Мардзода баъди шунидани суоли мо гӯширо гузошт.
Ҳамасола дар фасли зимистон ва баҳор, бар асари фаромадани баҳман (тарма) дар минтақаҳои Тоҷикистон сокинон ҳалок ё маҷруҳ мешаванд.
Ҳалокат ва маҷрӯҳ шудани сокинони ноҳияи Ванҷ бар асари фаромадани тарма дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон рӯзҳои ахири шоҳиди боронгариҳои шадид мебошад. Дар бархе минтақаҳои баландкӯҳ аз чанд руз ба ин тараф барфборӣ идома дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳам сокинонро ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳо нолозим ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Эълони ҷазои сахттар барои ифлос кардани муҳити зист дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҷазоро барои ифлос кардани муҳити зист, аз ҷумла, андохтани партов сахттар кардаанд.
Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҳафтаи гузашта ба иҷро даромад, шаҳрвандон барои партофтани партов ва оби ифлос ба замин, аз 1080 то 1440 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Мансабдорон барои ин кор то 3240 сомонӣ ва ширкатҳо то 14 ҳазор сомонӣ ҷарима месупоранд.
То ин вақт шаҳрвандон барои ифлос кардани муҳити зист 720 сомонӣ ҷарима мешуданд.
Мақомот умед доранд, бо сахттар кардани ҷазо муҳити зистро аз ифлосшавӣ нигоҳ медоранд.
Як таҳқиқоти Радиои Озодӣ имсол нишон дода буд, ки ширкатҳои калони чинӣ, ки дар бахши истихроҷи маъдан кор мекунанд, бештар ба муҳити зист зарар мерасонанд.
Мирзиёев хост, равуо бо Тоҷикистон бо шиносномаи дохилӣ бошад
Президенти Узбекистон гуфтааст, кишвараш ният дорад, равуои шаҳрвандонро бо Тоҷикистон ва Қазоқистон тариқи шиносномаи дохилӣ ба роҳ монад.
Шавкат Мирзиёев 20-уми ноябр дар ҳузури вакилони порлумони Узбекистон гуфт, аз 1-уми сентябри имсол шаҳрвандони ин кишвар бо ID корт ё шиносномаи дохилӣ ба Қирғизистон мераванд.
"Акнун нақша аст, ки чунин низом бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ роҳандозӣ шавад",-гуфтааст Мирзиёев.
Моҳи августи имсол Шавкат Мирзиёев даъват карда буд, ки ба ҷойи шиносномаи хориҷӣ, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба давлатҳои ҳамдигар бо шиносномаи дохилӣ сафар кунанд.
Феълан маълум нест, ки Қазоқистон ва Тоҷикистон то куҷо аз ин иқдоми Шавкат Мирзиёев пуштибонӣ мекунанд.