Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Попи Рум гуфт, “бигузор садои силоҳ дар Украина хомӯш шавад!”

Попи Рум. Ватикан, 24-уми декабри 2024
Попи Рум. Ватикан, 24-уми декабри 2024

Попи Рум, Франсис, рӯзи 25-уми декабр дар паёмаш ба муносибати Иди Милоди Масеҳ ба гуфтушуниди миёни Украина ва Русия даъват кард.

Хабаргузории “Рейтерс” навишт, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар паёми идонааш аз ҷанг дар Украина ба таври мустақим ёд ва ба “зарурати ҷасорат барои боз кардани дари музокирот” даъват намуд.

Попи Рум, ки аз айвони калисои Базилики Муқаддас дар Ватикан ба пайравонаш муроҷиат мекард, гуфт, “бигузор садои силоҳ дар Украинаи ҷангзада хомӯш карда шавад!”

Франсис аз соли 2013 раҳбарии католикҳои ҷаҳонро ба уҳда дорад.

Мақомоти Украина имсол ӯро барои як изҳороташ танқид карданд. Ӯ гуфта буд, ки Украина бояд ба хотири хатми ҷанг барои муколама бо Русия ҷасорат нишон дода, “парчами сафед”-ро бардорад.

Владимир Зеленский, президенти Украина, қаблан ҳама гуна музокираҳои сулҳро бо Русия бидуни барқарории сарҳадҳои пешазҷангии Украина рад карда буд. Вай баъд аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи Амрико чанд ҳафтаи охир барои музокираи сулҳ майл нишон медиҳад.

Попи Рум дар суханронии идонааш инчунин ба хатми низоъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ё низомӣ дар минтақаҳои дигари ҷаҳон, ба мисли Лубнон, Малӣ, Мозамбик, Ҳаитӣ, Венесуэла ва Никарагуа даъват намудааст.

"46 кас кушта шуд". Ҳамлаи Покистон ба чор минтақа дар Афғонистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи бомбаборони Покистон дар хоки Афғонистон рӯзи 24-уми декабр 46 нафар кушта шудааст.

Изҳороти ҳукумати "Толибон"-ро дар ин бора бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ва "Рейтерс" нашр карданд.

Бомбаборонҳои артиши Покистон дар вилояти Пактико сурат гирифта, ба гуфтаи мақомоти "Толибон" дар Афғонистон, аксар кушташудаҳо кӯдакону занон ҳастанд.

Ҳамдулло Фитрат, муовини сухангӯи ҳукумати "Толибон", рӯзи 25-уми декабр гуфт, бомбаборон дар чор минтақа рух дод. "Дар ин ҳодиса, инчунин, шаш нафар маҷрӯҳ шуд," - -афзуд ӯ.

Мақомоти Покистон ҳанӯз шарҳе надодаанд.

"Рейтерс" аз қавли Иноятулло Хоразмӣ, сухангӯйи Вазорати дифои Афғонистон, навишт, "Афғонистон ин амалро чун ваҳшиёна ва поймолкунандаи дағалонаи муқаррароти байнулмилалӣ ва як амали возеҳи таҷовуз арзёбӣ мекунад... Амороти Исломӣ ин амали тарсуёнаро беҷавоб намемонад”.

Покистон дар гузашта гурӯҳҳои мусаллаҳи воқеъ дар хоки Афғонистонро масъули ҳамла ба қаламраваш номидааст, вале Афғонистон ин иттиҳомҳоро пайваста рад мекунад.

навшуда

Ҳавопаймое, ки аз Боку ба Грозний мерафт, дар Қазоқистон афтод

Ҷойи ҳодиса
Ҷойи ҳодиса

Як ҳавопаймои мусофирбари ширкати "Azerbaijan Airlines", ки рӯзи 25-уми декабр аз Боку ба Грозний мерафт, дар Оқтау, ҷануби Қазоқистон, суқут кард.

62 мусофир ва 5 сарнишин дар дохили ҳавопаймо қарор доштанд.

Мақомот гуфтанд, бар асоси маълумоти ибтидоӣ, 29 нафар зинда мондаанд.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон хабар дод, 27 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ба беморхонаи вилоятӣ бурда шуданд. Вазъи 11 нафар вазнин арзёбӣ мешавад ва онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ ҳастанд.

Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон дар изҳороте гуфт, дар ҷойи ҳодиса хадамоти кумаки изтирорӣ, аз ҷумла оташнишонҳо, кор мекунанд.

Маҳалли ҳодиса
Маҳалли ҳодиса

Ширкати "Azerbaijan Airlines" хабар дод, ки ҳавопаймои "Embraer 190" бо рақами J2-8243 аз Боку ба Грозний парвоз мекард, вале маҷбур шуд дар секилометрии Оқтау нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

Сабаби суқути ҳавопаймо маълум нест.

Бино ба як хабар, туман (меғ)-и зиёд сабаби тағйири самти парвози ҳавопаймо шудааст.

“Baza" менависад, ҳавопаймои афтода, ки аз Боку ба Грозний ҳаракат мекард, метавонист бо сабаби хатари ҳамлаи бесарнишинҳо ба Чеченистон самти парвозашро дигар карда бошад.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштанд, дар миёни мусофирон шаҳрвандони Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия мебошанд.

Раҳбарони баъзе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар ҷаласаи ғайрирасмӣ дар Русия ҳастанд, рӯзи 25-уми декабр ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ибрози ҳамдардӣ карданд. Хабаргузории “Рейтерс" навишт, Алиев бо сабаби ҳодиса ҷаласаро тарк кард ва ба Боку баргашт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме аз суқути ҳавопаймои Озарбойҷон изҳори таассуф намуда, ба пайвандони фавтидагон таслият ва ба осебдидагон шифои комил орзу кардааст.

Таркиш дар маркази "Алания Молл" дар Владикавказ

"Алания Молл", 25-уми декабри 2024
"Алания Молл", 25-уми декабри 2024

Рӯзи 25-уми декабр дар маркази тиҷоратии "Алания Молл" (Alania Mall) дар шаҳри Владикавказ таркиш рух дод.

Дастикам як нафар кушта, чандин кас захмӣ шудаанд.

Сергей Меняйло, раҳбари ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ, гуфт, "як зан ба ҳалокат расид. Ҳангоми рух додани ҳодиса ӯ дар дохил буд. Вазъи як нафари дигар дақиқ мешавад, ӯро табибон бурданд".

Баъзе аз расонаҳо маҷрӯҳонро аз 5 то 9 нафар ҳисоб кардаанд.

Нашрияи Shot навишт, ки дар ошёнаи чоруми маркази тиҷоратӣ балони газ таркид ва баъди ин дар масоҳати 800 метри мураббаъ сӯхтор сар зад.

РИА Новости бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ки ошёнаи сеюм ва боми марказ оташ гирифтааст.

Маъмурони наҷоту оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд.

18 кушта дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба Афғонистон

Марзи Покистон ва Афғонистон.
Марзи Покистон ва Афғонистон.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон шаби гузашта (24 ба 25 декабр) ба махфигоҳҳои Таҳрики Толибони Покистонро дар вилоятҳои Пактико ва Хуст дар шарқи Афғонистон, ҳамла кардаанд.

Ҳамдуллоҳ Фитрат, сухангӯи ҳукумати Толибон шаби гузашта дар шабакаи Х эъломияи вазорати дифои Афғонистонро нашр кард, ки тибқи он, дар ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон ғайринизомиён кушта ва захмӣ шудаанд, ки дар миёни онҳо кӯдакон ҳам ҳастанд.

Вазорати дифои Толибон ин амалро "ваҳшиёна" ва нақзи ҳама қонунҳои байналмилалӣ хондааст. Бархе расонаҳои шумори кушташудагони ин ҳамларо 18 нафар гуфтанд.

То кунун мақомоти Покистон дар ин маврди ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд, аммо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" дар гузорише аз қавли чаҳор мақоми амниятии Покистон навиштааст, ки артиши ин кишвар дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоӣ дар хоки Афғонистон, дар минтақаҳои куҳистонии вилояти Пактико, марказҳои омӯзишии Таҳрики Толибони Покистонро аз байн бурдааст.

Ин мақомот, ки нахостанд номашон зикр шавад, ҳамчунин гуфтаанд, ки дар ин ҳамлаҳо шуморе аз ҷангҷӯён низ кушта шудаанд.

Артиши Покистон дар моҳи марти имсол низ дар хоки Афғонистон ҳамлаҳое анҷом дода буд.

Мақомот дар Исломобод борҳо гуфтаанд, ки Таҳрики Толибони Покистон аз қаламрави Афғонистон барои ҳамла дар қаламрави ин кишвар истифода мекунад. Толибони Афғонистон ҳамеша ин гуфтаҳои ҷониби Покистонро рад кардаанд.

Эълони Хадамоти муҳоҷират: коргаронро ба Қатар мефиристем

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кардааст, ки сокинони кишварро барои кор ба Қатар мефиристад.

Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, кор дар Қатар дар бахшҳои чорводорӣ, анбори мошинҳо ва кор бо техинаи он пешбинӣ шудааст. Ба иттилои Хадамоти муҳоҷират, маош аз 600 доллари амрикоӣ боло аст.

Намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтаанд, маблағи билет, раводид, ҷойи хоб, хӯрок, либоси корӣ, нақлиёт ва хизматрасонии тиббӣ аз сӯи корфармо пардохт мешавад. Аммо дар хабарномаи расмӣ наомадааст, ки талабот барои кор дар Қатар чӣ аст?

Мақомот гуфтанд, хоҳишмандон бояд ба идораи Хадамоти муҳоҷират дар Душанбе муроҷиат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд ба ҷуз Русия роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад. Азҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ахир барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи ин муҳоҷирон хеле кам аст.

Дидори Путин ва Раҳмон. Чаро дар бораи муҳоҷирон ҳарфе садо надод?

Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон
Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон

Роҳбарони Тоҷикистон ва Русия рӯзи 24-уми декабр дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот ва дар бораи афзоиши додугирифти ду кишвар, мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, амният дар минтақа ва бурсия барои донишҷӯён суҳбат карданд.

Владимир Путин аз он тавсиф кард, ки Русия дар садри рӯйхати шарикони тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад ва додугирият миёни ду кишвар зиёд мешавад. Президенти Русия ҳамчунин гуфт, Маскав барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ солона то ҳазор квота барои таҳсил ҷудо мекунад ва ин шумораро бештар хоҳад кард.

Мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва фиристодани омӯзгорон аз Русия яке аз мавзуъҳои асосии суҳбати Путин ва Раҳмон дар назди хабарнигорон буд. Президенти Русия гуфт, феълан 72 омӯзгор аз Русия дар Тоҷикистон кор мекунанд ва соли оянда шумораи онҳоро ба 82 кас мерасонанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба ҷуз мактабҳое, ки аз тарафи Русия сохта шудаанд, инчунин, дар 4,5 ҳазор мактаб дар кишвар забони русиро таълим медиҳанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Путин ҳамчунин ба баррасии мавзуъҳои амният дар минтақа таъкид кардааст. Раҳмон гуфт, амният дар минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро низ нигарон кардааст.

Аммо дар матни суҳбати аввалияи роҳбарони Тоҷикистон ва Русия ва ҳам хабарномае, ки сомонаи президенти Тоҷикистон нашр кард, ишорае ба мавзӯи муҳоҷирон нест. Қаблан Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия гуфта буд, ки мавзӯи муҳоҷират ҳатман дар дидори Путин ва Раҳмон баррасӣ хоҳад шуд.

Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин “ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.”

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми декабр барои вохӯрӣ бо Владимир Путин ва ҳам ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба Русия рафта буд. Соли оянда раёсати ин созмони зери нуфузи Русия ба Тоҷикистон мегузарад.

Як шаҳрванди Амрико дар Русия 15 сол ҳукми зиндон гирифт

Евгений Спектор
Евгений Спектор

Додгоҳи Маскав Евгений Спектор, шаҳрванди Амрико ва зодаи Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои 15 сол равонаи зиндон кард

Ӯро моҳи августи соли 2023 боздошт карда буданд.

Шаҳрванди ИМА ба чӣ гумонбар мешавад, маълум нест. Парвандаи ӯ бо баҳонаи доштани маълумоти сиррӣ пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.

Евгений Спектор иттиҳомро рад кардааст ё пазируфтааст, номаълум аст.

Моҳи августи имсол Русия ду шаҳрванди дигари Амрикоро бо дигар русҳои боздоштшуда дар ИМА иваз карда буд.

Шӯрои уламои Русия фатвои никоҳ бо чанд занро бекор кард

Равил Ғайнуддин, муфтии Русия
Равил Ғайнуддин, муфтии Русия

Шӯрои уламои Русия фатвои ҷанҷолбарангези худ дар бораи ҳаққи то чор ҳамсар доштани мардони мусалмонро бекор кард.

Шӯрои уламои исломии Русия рӯзи 18-уми декабр фатво дода буд, ки мардони мусулмон бо иҷрои шартҳои шариати исломӣ метавонанд бо чор зан никоҳ кунанд.

Рӯзи 23-юми декабр Додситонии кулли Русия ба Равил Ғайнуддин, муфтии Русия ҳушдор дод, ки қонуншиканиро ислоҳ кунад.

Шамил Алоуддинов, намояндаи Шурои уламои Русия дар Телеграм навиштааст, ки пас аз вокуниши Додситонӣ ва ҷомеаи Русия фатво бекор шуд.

Фатвои "Мушкили бисёрзанӣ дар ҷомеаи мусулмонии Русия" ба издивоҷи динии мусалмонон машварат медод.

Дар он гуфта мешуд, ки марди мусалмон ҳақ дорад, ки бо риояи фармудаҳои шариат бо чанд зан издивоҷ кунад.

Бар асоси ин фатво бояд мард аз нигоҳи молиявӣ ҳама занҳоро баробар таъмин карда, ба ҳар кадоми онҳо хонаи ҷудогона гирад ва бар асоси нақша бо онҳо баробар вақт гузаронад.

Ин фатво ҷанҷолбарангез ва хилофи қонунҳои Русия дониста шуд.

Дар сомонаи Шӯрои уламои Русия навишта шудааст, ки никоҳи мусалмонӣ "қувваи қонунӣ надорад."

Бар асоси оморҳои гуногун дар Русия ҳудуди 20 миллион мусалмон зиндагӣ мекунад.

Раҳмон ва Путин дар бораи муҳоҷират гап мезананд

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия парвоз кард, то дар ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд иштирок кунад.

Вале имрӯз қарор аст ӯ бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.

Юрий Ушаков, ёвари Путин гуфт, "масоили доғи соҳаи муҳоҷират" дар маркази гуфтугӯҳои ду раҳбар хоҳад буд.

Маълум нест, манзур мушаххасан чӣ аст. Соли 2024 ҳамла ба “Крокус”-ро мақомоти рус кори дасти шаҳрвандони Тоҷикистон дониста, фишор болои муҳоҷирони тоҷикро афзоиш доданд.

Ушаков гуфтааст, азбаски раҳбарии давраии Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд барои соли 2025 аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад, Путин ва Раҳмон қарор аст ҳамкориҳои муштаракро дар ин бахш баррасӣ кунанд.

Футболбозони навраси тоҷик дар Дубай ду бозии дӯстона мекунанд

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз 24-ум то 29-уми декабр дар Дубай ҷамъомади таълимию тамринӣ анҷом медиҳад.

Дар доираи ин ҷамъомади таълимию тамринӣ футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунанд. Бозиҳо рӯзҳои 26-ум ва 28-уми декабр доир мешаванд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Дубай барои наврасони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ барпо мегардад. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳ 23-юми январ дар қуръакашии мусобиқот маълум хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар марҳилаи интихобӣ мунтахаби Гуамро бо ҳисоби рекордии 33:0, дастаи мизбон – Сингапурро бо ҳисоби 3:1 ва тими Умонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, дар ҷадвали гурӯҳи «J» бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола роҳхат гирифт.

ZaTelecom: Ютуб амалан дар Русия баста шудааст

Суръати кори шабакаи Ютуб дар Русия ба таври рекордӣ суст шудааст.

Михаил Климарев, масъули шабакаи ZaTelecom навиштааст, рӯзи 23-юми декабр суръат ё трафики Ютуб танҳо 20 дарсад буд. ZaTelecom мунтазам маълумоти суръати бозшавии шабакаҳоро тавассути хидмати мониторинги Google назорат мекунад.

Ба гуфтаи Михаил Климарев, "YouTube амалан дар Русия баста шудааст."

Чанде аз корбарони Радиои Озодӣ ҳам шикоят карданд, ки видеҳоро дар Ютубро бо мушкилӣ тамошо мекунанд ё садои наворро намешунаванд.

Суръати Ютуб дар Русия аз охири тобистони имсол якбора суст шуд. Идораи “Ростелеком” иддао кард, ки мушкилоти техникӣ дар кори хидмати Google Global Cache ба вуҷуд омадааст, аммо Google даст доштан дар мушкили дастрасӣ ба Ютубро дар Русияро рад кард. Баъдтар, ҳадди аққал се ширкати мухобиротӣ эътироф карданд, ки мушкили кори Ютуб аз "танзими Роскомнадзор" ба вуҷуд омадааст.

Тоҷикистон барои "Роғун" аз як бонки чинӣ $270 млн доллар қарз гирифт

Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳи "Роғун" аз як бонки чинӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.

Ба иттилои расмӣ, созишномаи мазкурро ноиби президенти Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ ва Вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр дар шаҳри Пекин имзо кардаанд.

Ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, ин бонк дар умум барои “Роғун” 500 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад, ки дар ду навбат ҷудо мешавад.

Аммо дар хабарномаи расмӣ гуфта нашудааст, ки ин маблағ бо кадом шарту шароит ба Тоҷикистон дода мешавад. Вазорати молия танҳо навиштааст, ки сармояи Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ дар сохтани неругоҳи “Роғун” ва “таъмири 55 км роҳ, аз ҷумла, пулҳои байни деҳаҳо", сарф мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди неругоҳи “Роғун” аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд. Рӯзи 17-уми декабр Бонки ҷаҳонӣ барои “Роғун” 350 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо кард.

Тумани ғафс боиси қатъи муваққати парвозҳо аз Душанбе шуд

Дар пайи фаромадани баҳман ё тумани сахт дар шаҳри Душанбе, парвозҳо аз фурудгоҳи пойтахт муваққатан қатъ шудааст.

Аз шоми 23 декабр Душанберо тумани сахте фаро гирифтааст ва ин вазъ субҳи 24-уми декабр низ чунин буд.

Бар асоси онлайн-лавҳаи фурудгоҳи Душанбе, ҳамаи парвозҳо аз соати 21-и шоми 23-юми декабр қатъ шудаанд ва ҳавопаймоҳое, ки аз Русия ва Кувайт ба Душанбе омада буданд, ба фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Тошканд фиристода шудаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки туман дар Душанбе кай аз байн меравад ва фурудгоҳ кори худро аз сар мегирад.

Путин ва Раҳмон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат мекунанд

Роҳбарони Тоҷикистон ва Русия рӯзи 24-уми декабр дар вилояти Ленингради Русия вомехӯранд.

Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия ба расонаҳои он кишвар гуфтааст, дидори Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи “Игор” баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Ушаков, роҳбарони ду кишвар дар бораи ҳамкориҳои низомӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин вазъият дар Афғонистон сӯҳбат мекунанд.

Ёвари президенти Русия ҳамчунин гуфтааст, дар дидори як ба яки Путин ва Раҳмон "албатта, масъалаҳои мубрам дар бахши муҳоҷират баррасӣ мешаванд".

Дар назар аст, ки дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор шавад.

Соли оянда раёсати ин созмони зери нуфузи Русия, ки чанд кишвари собиқ Шӯравиро фаро мегирад, ба ӯҳдаи Тоҷикистон мегузарад.

4 созишнома дар бахши муҳоҷират. Нақшаи Тоҷикистон барои ИДМ

Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як нишаст дар Душанбе гуфтанд, ки талош мекунанд давоми як соли роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 4 созишнома дар бахши муҳоҷират қабул шавад. Ҷузъиёти санадҳо маълум нест, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, тасдиқи ин ҳуҷҷатҳо тӯл мекашад.

Соли 2025 раёсати созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба уҳдаи Тоҷикистон мегузарад.

Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷӣ, рӯзи 20-уми декабр гуфт, ҳадафи асосии Душанбе ин аст, ки мавқеи ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад: “Ҳадафи дигари мо мутобиқ кардани сохтор, раванд ва усулҳои кори ИДМ ба воқеиятҳои нав аст.”

Тақвияти ҳамкории кишварҳои узв дар бахшҳои саноат, энергетика, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва харидуфурӯши инсон аз барномаҳои дигари Тоҷикистон барои роҳбарии ИДМ будааст. Дар ин нишаст баъзе аз хабарнигорон пурсиданд, ИДМ як созмони заиф асту Тоҷикистон барои боло бурдани “имиҷи он” дар арсаи ҷаҳонӣ чӣ кор карда метавонад?

Аҳмад Саидмуродзода, намояндаи ВКХ-и Тоҷикистон гуфт, ба ин назар, ки ИДМ як созмони заиф аст, розӣ нест. “Тоҷикистон ИДМ-ро ҳамчун як абзори муҳим барои рушди робитаҳои анъанавии кишварҳои пасошӯравӣ медонад. Нақши ин абзор чаро аз нигоҳи мо муҳим аст? Чунки дар давраи оғози истиқлоли давлатии кишварҳои пасошӯравӣ, дар ин минтақа абзоре вуҷуд надошт, ки робитаи анъанавиро ҳифз ва рушд диҳад. Яке аз ҳадафҳое ки ИДМ ба натиҷааш расидааст, ин барқарор ва таъмин намудани муколамаи устувор ва робитаи анъанавии он кишварҳои пасошӯравӣ аст,”—шарҳ дод Аҳмад Саидмуродзода.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тоҷикистон раҳбарии даврии ИДМ-ро бар дӯш мегирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як созмони зери нуфузи Русия 33 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари шӯравии собиқ таъсис ёфтааст.

Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд. Намояндагони Украина чанд сол боз дар нишастҳои ин созмон ширкат намекунанд.

Ин кишварҳо миёни худ ихтилофҳои зиёде доранд. Аз ҷумла, ҳамлаи Русия ба Украина, ҷанг миёни Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ ва муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Вале масъалаи муҳим барои Тоҷикистон имсол шояд мавзӯи муҳоҷират бошад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ зимни нишасти хабарӣ аз намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пурсид, ки дар давраи раёсаташон дар ИДМ барои муҳоҷирон чӣ нақшаҳое доранд?

Аҳмад Саидмуродзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, гуфт, талош доранд ҷаласаҳои коршиносон барои ниҳоӣ кардани чор санад дар бахши муҳоҷират баргузор шаванд. Масъули вазорат бе овардани ҷузъиёти бештар дар бораи ин санадҳо афзуд, ин ҳуҷҷатҳо бахши муҳоҷират дар ҳудуди кишварҳои узви ИДМ-ро фаро мегирад, аммо “ниҳоӣ шудани ҳуҷҷатҳо ба душвориҳо рӯбарӯ шуда истодаанд.”

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, соли оянда роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе ҷамъ мешаванд. Дар шароите, ки ихтилоф байни кишварҳои узви ИДМ кам нест, рӯшан нест, ки дар давраи роҳбарии Тоҷкистон ин созмонро чӣ интизор аст.

Раисҷумҳури Гурҷистон хост, санаи нави интихоботро муайян кунанд

 Саломе Зурабишвилӣ
Саломе Зурабишвилӣ

Раисҷумҳури Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ аз ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" хостааст, то 29-уми декабр санаи интихоботи нави порлумониро муайян кунад.

Ҳизби “Орзуи гурҷӣ”-ро наздик ба Маскав медонанд.

Зурабишвилӣ дар як суханронӣ рӯзи 22-юми декабр миллиардер Бидзина Иванишвилӣ, сарвазири собиқ ва бунёдгузори “Орзуи гурҷӣ”-ро ба қасри президент хонд, то дар бораи таъйини рӯзи интихобот гап зананд.

Ин дархост дар пасманзари эътирозҳо алайҳи натиҷаи интихоботи гузашта ва тасмими якҷонибаи ҳукумат барои ба таъхир андохтани музокираи пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт.

Интихоботи порулмонӣ дар Гурҷистон рӯзи 26-уми октябр баргузор шуд. Мақомот ҳизби “Орзуи гурҷӣ”-ро пирӯз донистанд, вале Саломе Зурабишвили ва мухолифон натиҷаҳоро напазируфтанд.

“Орзуи гурҷӣ” ҳар гуна қонуншиканиро дар интихобот рад карда, сарфи назар аз эътирозҳо аз баррасии интихоботи нав худдорӣ кард.

Вокуниши Кремл ба суханони Трамп дар бораи мулоқот бо Путин

Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз соли 2018
Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз соли 2018

Кремл гуфт, дар ҳоли ҳозир нақшаи мулоқоти Владимир Путин, президенти Русия, бо Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, дар даст нест.

Трамп рӯзи 22-юми декабр дар як нишаст изҳор дошт, ки "Путин гуфтааст, мехоҳад ҳарчи зудтар бо ман мулоқот кунад".

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, рӯзи 23-юми декабр ба хабаргузории "ТАСС" гуфт, барои мулоқоти Путин бо Трамп, пеш аз савгандёдкунии ӯ дар моҳи январи 2025, "ангезаи воқеӣ вуҷуд надорад".

Маскав дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳоро бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба саросари Украина бештар кардааст.

Мақомоти Украина мегӯянд, Русия асосан зербунёдҳои иҷтимоӣ ва энергетикиро нишон мегирад.

Пас аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи Амрико гуфтугӯҳо дар бораи созиши эҳтимолии сулҳ барои хатми ҷанги Русия алайҳи Украина афзоиш ёфтааст.

Надежда Антонова қаҳрамони шоҳмоти Осиё шуд

Надежда Антонова
Надежда Антонова

Надежда Антонова, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи шоҳмоти маъмулӣ (стандарт) соҳиби медали тило гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни дӯстдорони шоҳмот, ки аз 14-ум то 23-юми декабр дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, намояндагони 31 кишвар ширкат карданд.

Қаблан устоди байнулмилалӣ Надежда Антонова дар ин мусобиқа дар навъи рапид (зудбозӣ) соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Ин варзишгари 36-сола, ки қаҳрамони бисёркаратаи шоҳмоти Тоҷикистон аст, дар ҳашт Олимпиадаи ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Надежда дар шаҳри Душанбе дар оилаи шатранҷбозон ба дунё омадааст. Падараш Павел Антонов солҳои дароз дар мактаби варзишӣ мураббии шоҳмот буд. Модараш Лидия Антонова яке аз шатранҷбозони маъруф дар Тоҷикистон аст.

Бояд гуфт, ки дар муддати як моҳи охир шатранҷбозони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё соҳиби ду медали тилло шуданд. Ба ғайр аз Надежда Антонова, моҳи ноябри имсол Сӯҳроб Ҳамдамов дар қаҳрамонии Осиё миёни шоҳмотбозони имконияташон маҳдуд соҳиби ҷойи аввал шуда буд.

Омбудсмен гуфт, низомиёни Русия боз панҷ асири украиниро куштаанд

Дмитрий Любинетс. Акс аз моҳи ноябри соли 2024
Дмитрий Любинетс. Акс аз моҳи ноябри соли 2024

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Украина гуфтааст, низомиёни Русия боз панҷ асири ҷангии украиниро ба қатл расонданд.

Дмитрий Любинетс рӯзи 22-юми декабр дар изҳороте дар Телеграм навишт, ки нерӯҳои Русия панҷ сарбози бесилоҳи украиниро пас аз таслим шуданашон аз масофаи дур тирборон карданд.

Вай ҷузъиёт надод, аммо гуфт, "дар ин бора ба Созмони Милали Муттаҳид ва Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ хабар хоҳам дод."

"Ҷинояткорони ҷангии Русия бояд ба Додгоҳи байнулмилалӣ оварда, бо ҷазои сангинтарин маҳкум карда шаванд", - афзуд Любинетс.

Русия ин ҳодисаро шарҳ надод, аммо пештар содир кардани ҷиноятҳои ҷангиро рад карда буд.

Дмитрий Любинетс дар аввали моҳи декабр гуфт, ки аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина (моҳи феврали соли 2022) то кунун 177 мавриди қатли асирони ҷангии украинӣ аз сӯи артиши Русия тасдиқ шудааст.

Сӯҳроб Зафарро ба зиндони Ваҳдат, Насимҷон Шарифовро ба Хуҷанд бурдаанд

Акси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов
Акси Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов

Сӯҳроб Зафар (Тӯраев), раҳбари маҳкумшудаи "Гурӯҳи 24"-ро дар зиндони низомаш сахти шаҳри Ваҳдат ҷойгир кардаанд.

Дар ин бора як корманди маҳбас бе зикри номаш рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод. "Ӯ ҳамроҳи чаҳор нафари дигар оварда шуд," – гуфт мусоҳиби мо.

Пайвандони Сӯҳроб Зафар ва намояндагони Идораи зиндонҳо ба зангҳои мо посух надоданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро рӯзи 10-уми октябр ба 30 сол зиндон маҳкум кард.

Насимҷон Шарифов, узви дигари "Гурӯҳи 24", барои адои давраи ҷазо ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд бурда шудааст.

Бародараш, Файзалӣ Шарифов, рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз телефони маҳбас тамос гирифт. Гуфт, ки дар ҳамин ҷо аст. Кӯшиш дорем, базудӣ барояш хӯроку либос барем."

Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд.

Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол дар Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.

Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.

“Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. Раҳбаронаш дар хориҷа худро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолияташонро қонунӣ медонанд. Ниҳодҳои Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА намояндагони онро ба маҳфилҳои худ даъват мекунанд.

Сарвазири Словакия ба дидори Путин рафт

Владимир Путин ва Роберт Фитсо.
Владимир Путин ва Роберт Фитсо.

Нахуствазири Словакия Роберт Фитсо дар як сафари аз қабл эълоннашуда ба Маскав рафта, бо президент Владимир Путин гуфтугӯ кардааст.

Дар ин бора Павел Зарубин, хабарнигори наздик ба Кремл шоми 22-юми декабр хабар дод.

Қаблан нахуствазири Словакия гуфта буд, шояд дар фурсатҳои наздик барои баррасии мавзӯи интиқоли гази Русия ба ин кишвари аврупоӣ, ба Маскав биравад. Украина мехоҳад аз 1-уми январ интиқоли гази Русияро тавассути қаламраваш ба Словакия манъ кунад.

Кремл дар бораи сафари Роберт Фитсо қаблан иттилое надода буд. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ дақиқ нагуфтааст, ки роҳбарони Русия ва Словакия кадом мавзуъҳоро баррасӣ мекунанд.

Песков танҳо таъкид кардааст, ки интиқоли газ яке аз мавзӯъҳои сӯҳбат аст. Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, Путин ва Фитсо танҳо сӯҳбат карданд, вале натиҷаҳои ин вохӯрӣ барои расонаҳо пешниҳод нашуд.

Маълум нест, ки Русия ва Словакия бар сари масъалаи интиқоли газ ба ягон тавофуқ даст ёфтанд ё не. Ин аввалин сафари нахуствазири Словакия баъд аз ҳамлаи бедалели Русия ба хоки Украина аст. Словакия узви паймони низомии НАТО мебошад.

Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Русия таҳрими нав ҷорӣ мекунад

Парчами Иттиҳоди Аврупо дар Брюсел
Парчами Иттиҳоди Аврупо дар Брюсел

Иттиҳоди Аврупо дар ростои сеюмин солгарди ҳамлаи Русия ба Укарина таҳрими нав нисбат ба ин кишвар ҷорӣ мекунад.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард ва дар моҳи феврали соли 2025 аз ин ҳамла се сол сипарӣ мешавад.

Нашрияи "Welt am Sonntag" бо такя ба манобеаш дар Иттиҳоди Аврупо навиштааст, ки тарҳи таҳрими нав таҳия мешавад ва ҳадаф “паёми рӯшан ба Маскав аст.”

Қарор аст, ки нисбат ба бахшҳое аз иқтисоди Русия, ки то кунун таҳрим нашуда буданд, таҳрим ҷорӣ шавад. Афроду созмонҳое ҳам, ки ба нафъи Русия ташвиқот мебаранд ва мухолифи якпорчагии Украина ҳастанд, таҳрим мешаванд.

Дар ҷанги тақрибан се солаи Русия дар Укарина аз ду тараф садҳо ҳазор нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд.

Кишварҳои аврупоӣ аз Украина пуштибонӣ мекунанд ва Русияро борҳо таҳрим кардаанд.

Дар ҳамлае дар Покистон 16 сарбозу афсар кушта шудааст

Сарбозони покистонӣ дар як дидбонгоҳи марзӣ
Сарбозони покистонӣ дар як дидбонгоҳи марзӣ

Ҷангҷӯён дар марзи Покистон бо Афғонистон дар ҳамлае 16 сарбозу афсари Хадамоти амнияти ин кишварро куштаанд.

Ҳидоятуллоҳ, сардори пулиси ноҳияи Ладдӣ дар Покистон бо бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҷангҷӯён соати 2-и шаби 21-уми декабр ба дидбонгоҳи марзӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, 16 сарбозу афсар кушта ва 8 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” масъулияти ҳамларо бар душ гирифтааст.

Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки 35 корманди Хадамоти амнияти Покистонро куштааст.

Тасдиқи дурустии иддаои ин гурӯҳ мушкил аст.

Пас аз онки дар соли 2021 Толибон Афғонистонро ишғол карданд, гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” фаъолтар шудааст.

Маркази омӯзишӣ низоъ ва амният дар Покистон дар охирин ҳисоботаш гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои террористӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ 240 нафар кушта шудаанд, ки 68 нафарашон маъмурони амниятӣ ҳастанд.

10 миллион доллар ҷоиза барои пайдо кардани Ҷулонӣ бекор шуд

Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд
Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд

Амрико пешниҳоди 10 миллион доллар ҷоиза барои Аҳмад ал-Шараъ, раҳбари созмони "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"-ро бекор кард.

Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд, пас аз фирори Башор Асад дар 8-уми декабр ҳоло амалан раҳбари Сурия аст.

Чанд рӯз пеш намояндаҳои ИМА дар Димишқ бо ӯ суҳбат карданд ва қарори лағви ҷоиза барои хабар додан аз макони ӯ бекор шуд.

Барбара Лиф, ёвари вазири умури хориҷии ИМА, ки ҳайати амрикоиро раҳбари мекард, суҳбат бо Аҳмад ал-Шараъро “созанда” ва худи ӯро одами “воқеъбин” тавсиф кард.

Намояндаҳои Амрико бо ӯ дар бораи ояндаи Сурия ва таҳдидҳои террористӣ суҳбат карданд. Барбара Лиф гуфтааст, ки Ҷулонӣ омодаи ҳамкорӣ ҳаст.

Ҳамзамон масъалаи бекор кардани таҳримҳо нисбат ба Сурия, ки дар замони Башор Асад ҷорӣ шуда буд, дар ин суҳбат матраҳ шудааст.

"Ҳайат Таҳрир аш-Шом", ки дар гузашта бо “Ал-Қоида” робита дошт, дар феҳрасти созмонҳои террористии аксари кишварҳои дунё қарор дорад. ИМА барои хабар додан аз макони раҳбари он, Абумуҳаммад Ҷулонӣ 10 миллион доллар ваъда карда буд.

Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар суҳбат бо расонаҳо пайвастанаш бо "Ал-Қоида"-ро "хатои ҷавонӣ" дониста, ба таъкид мегӯяд, ки Сурияро ба як кишвари озод табдил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Сурия як кишваре хоҳад шуд, ки занон дар он озодона кору таҳсил хоҳанд кард ва ҳама қавму миллат баробар хоҳанд буд.

Дар замони ҳукумати ӯ дар Идлиб масеҳиён озод буданд ва калисои онҳо кор мекард. Шояд кору рафторҳои ахираш буд, ки назари ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ӯ то андозае тағйир кардааст.

"Ҳайат Таҳрир аш-Шом", ки аз соли 2015 шаҳри Идлиби Сурияро дар ихтиёр дошт, охири моҳи ноябр ҳамлаи густардае алайҳи нерӯҳои Башор Асадро оғоз кард. Рӯзи 8 уми декабр артиши ҳукумати Башор Асад таслим шуд ва худи ӯ аз кишвар фирор кард. "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" бо раҳбарии Абумуҳаммад Ҷулонӣ назорати Димишқро дар ихтиёр гирифтанд.

Онҳо ба ҳукуматдории беш аз 50-солаи хонаводаи Асад, ки бо зулму ситам ба мардум ном бароварда буд, поён доданд. Ҳоло намояндаҳои аксари кишварҳои дунё бо "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" робита барқарор кардаанд ва масъалаи аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардани онро баррасӣ доранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG