Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёҳу дар бораи "Хоби сурх"- и пирамард дар Тоҷикистон


Ҳаёҳу дар бораи "Хоби сурх"- и пирамард дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00

Дар шаҳри Хуҷанд филмеро ба намоиш гузоштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу ҳаёҳу барангехта буд. Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” баҳори имсол дар Душанбе баргузор гардид. Таҳиягараш Соҳибёри Толиб аст.

Филм назари интиқодӣ ба даврони Шӯравӣ дорад ва гуфтугӯи наслҳои гузаштаву имрӯзро дар бар мегирад. “Хоби сурх” зиндагии нафареро тасвир мекунад, ки дар даврони истиқлол зери таъсири андешаҳои давраи Шӯравӣ қарор дорад.

Достони филм дар бораи пирамарде аст, ки дар ҷанги Афғонистон сарбози ҳукумати шуравӣ буд. Дар бузургсолӣ гирифтори беморӣ шуда, пас аз 2 соли бистарӣ шудан дар тимористон ва бозгашт ба хона, мехоҳад Иттиҳоди Шӯравиро барқарор кунад.

Асрор Камолиддинзода, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон: “Инро касе тамошо кунад дар фикру хаёл ғӯта мезанад. Фикр мекунад, ки оё ҳамин рӯзҳо ба мо муяссар мешуда бошад, ё не? Бинед, ки ҳамин падар чӣ қадар бо як меҳрубониву дилсӯзӣ мехоҳад, давраи шӯравиро баргардонад. Лекин дасткӯтоҳ аст. Орзуву умед бисёр хуб таҷассум ёфтааст.”

Нақши пирамардро Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон офаридааст. Ёдгори як насли гузашта, балки тимсоли зиндаи таассуб ва истеъморзадагиро нишон медиҳад. Ӯ то ба охир ба идеологияи шӯравӣ содиқ монда, барҳамдиҳандагони онро нафрин мекунад ва орзуи бозгашти он низомро дар дил мепарварад. Вале бо чунин хаёлпарастӣ дар хонавода ҳамандеш намеёбад ва азият мекашад.

Соҳибёри Толиб, коргардон ва филмноманавис: “Аслан ман фикр намекунам, ки ин таблиғи шӯравӣ бошад. Баръакс назари интиқодӣ ба шӯравӣ дошт. Назари интиқодӣ ба сохти шӯравиро ман дар ягон филми тоҷик надидам ва таҳаммул карданаш барои баъзеҳо душвор буд, ки чаро мо як шӯравипарастро девона нишон медиҳем.”

Ҳарчанд дар меҳвари филм бархӯрди ду насл, ду дидгоҳ ва ду низоми арзишӣ қарор дорад. Лекин ҳамчунин гуфтугӯи наслҳо, парастории волидайн, арзишҳои соҳибистиқлолии кишвар, илму маориф ва дигар масоили рӯзро дар худ ғунҷонидааст.

Малика Шукурова, донишҷӯ: “Ба фикри ман давраи истиқлолият беҳтару хубтар аст, барои насли ҷавони ҳозира. Аз ҳамин кино хулоса баровардан мумкин аст, ки то кадом дараҷа истиқлолият такмил ёфта истодааст”.

Офарандагони филм дастандаркорони Муассисаи Давлатии Тоҷикфилм ҳастанд. Филми “Хоби сурх” поёни моҳи сентябр дар синамоҷашнвораи “Бойконур” дар шаҳри Алматии Қазоқистон ва моҳи октябр дар ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” дар шаҳри Хуҷанд намоиш дода шуд. Ҳамчунин ба чанд ҷашнвораи дигар низ роҳ ёфтааст.

Соҳибёри Толиб, коргардон ва филмноманавис: “Барои ман ин муҳим аст, ки филм барои ҷашнвораҳо не, балки дар интернету телевизионҳо пахш шавад ва мардум бубинанд. Ҳарчанд, ки сатҳи иштирок дар ҷашнвораҳоро дорад. Дар Шветсия ҳамин моҳ дар ҷашнвораи Само сабқат мекунад.”

Филм 80 дақиқа аст ва соли гузашта дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ ба навор гирифта шудааст. Нақшҳои асосии филми “Хоби сурх”-ро ба ғайр аз Исфандиёр Ғуломов, ҳунармандони дигари шинохта, ба мисли Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт ва дигарон офаридаанд. Мунаққидон ва тамошогарони филм гуфтанд, ки филм аз нигоҳи ғоя дар Тоҷикистон камназир аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG