Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳо то куҷо шиддати ҷанги Русия дар Украинаро паст хоҳанд кард? 


Полоишгоҳи ширкати "Лукойл" дар Волгоград.
Полоишгоҳи ширкати "Лукойл" дар Волгоград.

Нафти Русия манбаи асосии даромади Кремл барои пешбурди ҷанг дар Украина дониста мешавад. ИМА ахиран ду ширкати азими нафтии "Лукойл" ва "Роснефт"-ро таҳрим кард, вале суол ин аст, ки то куҷо ин қарор метавонад мавқеи Путинро дар ин ҷанг заъифтар кунад? Оё баъди ин харидорони нафти Русия, мисли Ҳинд ва Чин ҳам таъсири таҳримҳоро ҳис хоҳанд кард?

Ҷанги хунини Русия дар Украина асосан аз фурӯши нафту газ сармоягузорӣ мешавад. Дар як қарори ахир ИМА, инчунин Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо эълон карданд, ки нисбати ду ширкати азими нафтии "Лукойл" ва "Роснефт" таҳримҳои фарогир ҷорӣ мекунанд.

Акнун додугирифт бо ин ду ширкати русӣ барои ниҳодҳои иқтисодии кишварҳои сеюм, аз ҷумла Амрико ҷазо пешбинӣ мекунад. Ин аввалин бастаи таҳримҳост, ки президенти ИМА Доналд Трамп дар давраи раёсатҷумҳурии кунуниаш ҷорӣ намудааст.

Доналд Трамп, президенти ИМА мегӯяд, "бубинед, ин таҳримҳои азим аст, бисёр калон аст. Таҳримҳо зидди ду ширкати азими нафтии онҳо аст. Умедворам, ки дурудароз намемонанд. Умеди мо ин аст, ки ҷанг хотима меёбад".

Оё ин қарор коромад хоҳад буд ва то куҷо мошини ҷанги Русия баъди ин аз кор мемонад? Як чиз маълум аст, ки таъсири таҳримҳо билофосила эҳсос нахоҳад шуд.

Коршиносони риштаи молия, аз ҷумла як мушовири пешини Бонки марказии Русия мегӯяд, таҳримҳо таъсири чандоне нахоҳанд дошт. Як далели аслиаш ин аст, ки ҳам "Лукойл" ва ҳам "Роснефт" худро аз пеш ба ин чиз омода кардаанд. Инчунин, қисми аъзами нафти ин ду ширкат на бо доллари амрикоӣ, балки бо юани Чин ба фурӯш меравад.

Трамп гуфт, ки баъди ваъдаҳои чандмоҳаи президенти Русия Владимир Путин барои музокираи оташбас дар Украина сабраш лабрез мешавад ва баъди ин ҳамлаҳои паҳподу мушакҳои русӣ ба хоки Украина боз ҳам бештар гардид.

Бархе коршиносон ин саволро матраҳ кардаанд, ки то куҷо Кохи Сафед дар талаби иҷрои таҳримҳо мавқеи қотеътаре нишон хоҳад дод. Дар яке аз ин қарорҳо гуфта шудааст, ки таҳримҳо 21 ноябр эътибори иҷро пайдо мекунанд.

Инчунин феълан маълум нест, ки оё вазорати молияи Амрико воқеан ҳам аз пайи ширкатҳое дар Чину Ҳинд хоҳад шуд ё на, чун муштариёни асосии нафти Русия дар ҳамин кишварҳоянд.

Илова ба ин, бо наздики чор соли ҷанг Кремл бо ҳамлаҳояш болои Украина ҳамоно пурхашму бераҳм амал мекунад.

Аз ин рӯ, бисёр таҳлилгарон дар арзёбии таъсири таҳримҳои нав ба ҷанги Русия эҳтиёткорона мегӯянд, "вақт нишон хоҳад дод".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG