Дар доираи барномаи "16 рӯзи алайҳи хушунати занон", дар Душанбе дави мардон бо кафшҳои пошнабаланди занона баргузор гардид. Ин барнома бо пуштибонии UNIFEM, созмони дифоъ аз ҳуқуқи занони Тоҷикистон ва Радиои "Ватан" рӯи даст гирифта шуда, шарти аслӣ давидани мардҳо бо кафши занона аст. Ин ба маъноест, ки мардҳо худро ба истилоҳ “дар пӯсти” занҳо эҳсос кунанд ва мушкилоти онҳоро дарк намоянд.
Шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон таи чанд рӯз дар муҳосираи дуду чанг мондааст ва масъулин маҷбур шудаанд, дари мактабу донишгоҳ ва идораҳои давлатиро банданд. Воҳид Дастҷердӣ, вазири беҳдошти Эрон аз сокинони Теҳрон даъват кардааст, ки шаҳрро тарк кунанд, чун миқдори моддаҳои заҳрдор дар ҳавои пойтахти Эрон ба ҳадди хатарнок расидааст.
Президенти Русия, Владимир Путин рӯзи 5-уми декабр дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, бо президентҳои бархе аз кишварҳои узви ИДМ мулоқот кард. Вай дар роҳ аз сафари Туркия вориди Туркманистон шуд. Дмитрий Песков-сухангӯи президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, ки раҳбарони кишварҳо дар масъалаи тамрини муштараки зидди терроризм ва мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷудоихоҳӣ ва ҷинояткории муташаккилона ба мувофиқат расиданд. Видеои Reuters.
Даҳҳо нафар аз фаъолони зан рӯзи 5-уми декабр дар Кобул зидди фасод дар ҳукумати Афғонистон тазоҳурот барпо карданд. Ин намоиш дар рӯзи нашри гузориши созмони Шаффофияти Байнулмилалӣ ҷараён ёфт, ки Афғонистонро аз фасодзадатарин кишварҳо унвон кард.
Шоира Раҳимҷонова, бонуи 35 солаи тоҷик таронасаро, оҳангсоз ва барномасози телевизион аст, ки маҳсули эҷодаш миёни ситораҳои тоҷик, аз қабили Шабнами Сураё, Фарзонаи Хуршед, Олими Маҳмуд, Нигина Амонқулова ва дигарҳо талабгори зиёд дорад.
Хидмати ҳарбии 1-сола ё бештар барои ҷавонони аз 18 то 27-солаи беларус ҳатмист. Артиши Беларус худро меросбари артиши Иттиҳоди Шӯравӣ медонад ва анъанаҳои онро ҳифз мекунад. На танҳо равобити байни афсарон ва сарбозон, балки таҷҳизоти артиш аз солҳои 1960 ба ин сӯ кам тағйир кардааст. Сарбозони ҷавон ҳадафи меҳтарсолорӣ ё калонгирии кӯҳнахидматон ва зарбулати онҳо қарор меёбанд. Александр Миҳалкович --> http://www.facebook.com/mihalkovich.alexander ин аксҳоро дар давоми солҳои 2010-11 дар давоим хидмати ҳарбии худ гирифтааст.
Бозигарони тими "Равшан" баъди ба даст овардани унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 30-юми ноябр ба шаҳри Кӯлоб бозгаштанд.
Тақдири медалҳои тиллову нуқра рӯзи 29-уми ноябр дар бозии охирини мусобиқа миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 17 ҳазор мухлис барпо гардид, ҳал шуд.
Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон дар Душанбе бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов зери созишномаи ироаи 16 миллион евро кӯмак ба бахши кишоварзии Тоҷикистон имзо карданд. Пасон хонум Эштон сӯҳбатҳои худро бо президент Эмомалӣ Раҳмон натиҷагирӣ кард
Пулиси Гурҷистон рӯзи 15-уми ноябр нӯҳ собиқ мақоми баландпояи давлатии ин кишварро боздошт кард.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзҳои таҷлил аз 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, ки ба унвони "иҷлосияи тақдирсоз" ёд мешавад, бо Солеҳҷон Ҷӯраев, иҷрокунандаи вазифаи додситони кул (прокурори генералӣ)-и вақт сари сӯҳбат нишаст.
Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба муносибати солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар як мизигирди видеоӣ хабарнигорони шоҳиди рӯйдодҳои тирамоҳи соли 1992-ро гирди ҳам овард, то аз ончӣ ки дар пушти пардаи он иҷлосия мегузашт, пардабардорӣ намояд.
Ёфтҳои бештар