Тақдири медалҳои тиллову нуқра рӯзи 29-уми ноябр дар бозии охирини мусобиқа миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 17 ҳазор мухлис барпо гардид, ҳал шуд.
Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон дар Душанбе бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов зери созишномаи ироаи 16 миллион евро кӯмак ба бахши кишоварзии Тоҷикистон имзо карданд. Пасон хонум Эштон сӯҳбатҳои худро бо президент Эмомалӣ Раҳмон натиҷагирӣ кард
Пулиси Гурҷистон рӯзи 15-уми ноябр нӯҳ собиқ мақоми баландпояи давлатии ин кишварро боздошт кард.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзҳои таҷлил аз 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, ки ба унвони "иҷлосияи тақдирсоз" ёд мешавад, бо Солеҳҷон Ҷӯраев, иҷрокунандаи вазифаи додситони кул (прокурори генералӣ)-и вақт сари сӯҳбат нишаст.
Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба муносибати солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар як мизигирди видеоӣ хабарнигорони шоҳиди рӯйдодҳои тирамоҳи соли 1992-ро гирди ҳам овард, то аз ончӣ ки дар пушти пардаи он иҷлосия мегузашт, пардабардорӣ намояд.
Рӯзи 10-уми ноябр дар "Кохи Ваҳдат" бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи бахшида ба Рӯзи ташкилёбии милисаи тоҷик баргузор шуд. Дар ҳошияи ин нишаст хабарнигори Озодӣ талош кард, бо вазири умури дохилии Тоҷикистон як сӯҳбат дошта бошад.
Чаро пас аз парчамбӯсиҳо дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ва бо хӯрдани оши оштӣ дар ин сессия, Тоҷикистон то 5 соли дигар дар ҷанги шарвандӣ боқӣ монд? Оё ин Иҷлосияе, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд ва имрӯз онро «тақдирсоз»-у «наҷотбахш» ном мебаранд, метавонист кишварро ба сулҳ бирасонад?
Охири солҳои 2000-ум давраи эҳёи футболи тоҷик ба шумор меравад. Соли 2007 бо рӯйи майдони сабз омадани дастаи "Истиқлол" муносибати мақомот ба футбол аз реша иваз шуд. Гузориши Акрами Абдуқаҳҳор
Интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико мавриди таваҷҷӯҳи соҳибназарони тоҷик қарор дошта, аксарият мутмаинанд, ки Барак Обама пирӯзӣ ба даст хоҳад овард. Аммо гурӯҳҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, Митт Ромнӣ шонси камтар аз Обама надорад.
Дар Тоҷикистони имрӯза обрӯи додрас ё судяро бо ҳеҷ ченаке баҳо дода намешавад. Ягона роҳро коршиносон дар ислоҳоти куллии низоми додгоҳии кишвар мебинанд.
Имсол барои нахустин бор дар Тоҷикистон ёздаҳуми октябр чун "Рӯзи байналмилалии духтарон" таҷлил мешавад. Ҳарчанд духтарони тоҷик дар баробари писарон аз ҳуқуқ бархӯрдоранд, вале гуфта мешавад, дар асл қисмати зиёди онҳо дастнигари хонавода буда, аз идомаи таҳсил дар мактабҳову интихоби ҳамсар ва ғ. маҳруманд.
Дар рӯзи 5 октябр, 60-солагии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон радиои Озодӣ аз сокинони Душанбе суол кард, ки агар имкон медоштанд, ба муносибати мавлуди президент ба Эмомалӣ Раҳмон чӣ тӯҳфа мекарданд? Муаллифи навор Барот Юсуфӣ
Ёфтҳои бештар