Ин амали мақомотро мухолифон чун як маъракаи танзимшудаи дорои ангезаи сиёсӣ интиқод карданд. Ба бовари онҳо, дар пушти ин боздоштҳо нахуствазири тозаинтихобшуда Бидзина Иванишвилӣ қарор дорад.
Тамоми нӯҳ мақоми давлатии боздоштшуда, ки зери дасти президент Михаил Саакашвилӣ кор кардаанд, барои берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ айбдор мешаванд. Айнан ҳамингуна иттиҳом зидди собиқ вазири умури дохила ва ду фармондеҳи аршади низомӣ карда шудааст, ки ҳафтаи гузашта боздошт шуданд.
Додситони кулли Гурҷистон Арчил Кбилашвилӣ дар баробари хабарнигорон тасмими боздоштҳои мақомҳои вазорати умури дохилиро ингуна шарҳ дод: "Дар ҷараёни тафтишот ошкор шуд, ки бо амри раҳбарияти сарраёсати таъмини амнияти конститутсионии Вазорати умури дохилӣ ин департамент як вируси компютериро эҷод кардааст, ки тавони дохил шудан ба компютерҳои корбарон ва гирифтани иттиҳои муҳофизатшударо дорад. Ҳамчунин ин вирус тавони назорати аудио ва видеоии маҳалли компютерро низ доштааст."
Ба гуфтаи додситони кул, “бо кӯмаки ин барнома раҳбарияти департаменти вазорати дохилӣ ба системаи компютерии аҳзоби мухталифи сиёсӣ ва ҳам созмонҳои мазҳабӣ ба таври ғайриқонунӣ ворид мешуд”.