Дар пайи ҳукми додгоҳе дар аёлати Калифорнияи Амрико, Басела Накула ба иттиҳоми нақзи қавонини озодии шартӣ аз зиндон, дастгир шуд. Бинобар гузоришҳо, Накула Басела, ки дар соли 2011 аз зиндон ба таври шартӣ озод шуда буд, ҳаққи дастрасӣ ба интернет ё истифода аз номи мустаорро надошт ва бо таҳия ва интишори филми ҷанҷолбарангез ва тавҳин ба паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад, аз қонунҳои озодии шартӣ, сӯиистифода кардааст.