Мақомот ба сокинон дар ғарби Туркманистон дастур додаанд, ки дар маросими арӯсӣ сурудҳои Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти собиқи ин кишвар ва падари президенти ҳозираро пахш кунанд.
Рӯзноманигорони Қирғизистон ва Қазоқистон дар соли 2024 бо фишори бепешинаи мақомоти давлатӣ рӯ ба рӯ шуданд. Саркӯбе, ки солҳои 2022 ва 2023 рӯзноманигорони тоҷик таҷриба карданд.
Як сокини вилояти Бодканди Қирғизистон дар пеши чашми духтараш, ҳамсари худро буғӣ карда, ба қатл расонидааст. Ба иддаои наздикони зан, вай ҳамеша аз сӯйи шавҳараш латтукӯб ва азият мешуд.
Баъзе аз расонаҳои Русия навиштаанд, ки “садҳо зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон” дар Навори Ғазза ба муқобили сарбозони Исроил меҷанганд.
Шавкат Мирзиёев, ки баъди расидан ба қудрат дар Узбекистон барои оғози чанд ислоҳот, аз ҷумла бардоштани баъзе маҳдудиятҳои вобаста ба озодии баёну дин ситоиш мешуд, ба назар мерасад, “ҷомаашро чаппа пӯшидаааст”.
Чаро Ғарб ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ мекунад ва он чӣ қадар идома мекунад? Эдвард Лемон, мудири маркази “Oxus Society” ва коршиноси умури Осиёи Марказӣ аз донишгоҳи Техаси Амрико, ба суолҳои бахши қазоқии Радиои Озодӣ посух дод.
Русия додани шаҳрвандиро барои сокинони Қазоқистон осон кард. Тибқи қарори нав аз 18-уми декабри имсол ҳар қазоқистонӣ метавонад пас аз гирифтани иҷозаи иқомати доимӣ, аз забони русӣ имтиҳон супораду шаҳрванди Русия шавад. Супоридани имтиҳони таъриху асосҳои давлатдории он кишвар шарт нест.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд, ки дар масъалаи таъйину аломатгузории бештар аз 11 километр марзи муштараки байни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд.
Фаъолони ҳуқуқи башар тасмими Фаронса ва Олмонро дар бораи ихроҷи чанд паноҷҳӯ ба Узбекистон ва Тоҷикистон танқид карданд. Аз қаламрави Иттиҳоди Аврупо рондани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзудааст. Чаро?
Солҳои охир теъдоде аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар орзуи зиндагии наву шоиста роҳ сӯйи Амрико пеш гирифтаанд. Роҳи печида ва хатарборе, ки истгоҳи охиринаш марзи Мексика бо Иёлоти Муттаҳида аст. Онҳо дар онҷо чӣ кор мекунанд ва чӣ сарнавиште дар интизорашон ҳаст.
Додгоҳе дар вилояти Маскав дар мурофиае кӯтоҳ якбора 55 муҳоҷирро аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, муҳокима карда, қарори ихроҷи онҳоро баровард.
Туркия ба дунболи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дипломатиаш дар Осиёи Марказӣ аст. Минтақае, ки солҳо боз зери нуфузи Русия қарор дорад. Нозирон мегӯянд, рақобати Туркия бо Русия дар минтақа имкон дорад, аз ҷониби Вашингтон пуштибонӣ ёбад.
Ёфтҳои бештар