Ба иттилои расмӣ, теъдоди қазоқистониҳое, ки барои зиндагии доимӣ ба Русия мераванд, сол то сол кам мешавад. Агар дар соли 2000-ум 108 ҳазор қазоқистонӣ ба Русия кӯчида буданд, соли 2022 ин омор ҳамагӣ ба 19 ҳазор нафар баробар шуд.
Осон шудани пешниҳоди шаҳрвандӣ эҳтимол ин равандро тағйир диҳад. Коршиносон аз афзоиши "фирори мағзҳо" аз Қазоқистон ба Русия ташвиш доранд.
Сиёсатшинос Газиз Абишев мегӯяд, "дар навбати аввал онҳое ҳиҷрат хоҳанд кард, ки дар бозори кори Русия каму беш рақобатпазиранд. Табиист, кадрҳои боқимондаро, ки бахши техникии кишварро нигоҳ медоранд, аз даст медиҳем."
Ба андешаи иқтисодшинос, Арман Бейсембаев, баробари хатми ҷанг дар Украина Русия ба барқарор кардани иқтисодаш шуруъ мекунад. Ва агар ягон тағйироти бузурге ба мисли суқути кишвар ё ҷанги шаҳрвандӣ рӯй надиҳад, иқтисоди Русия зуд ба сатҳи пешинаи худ бармегардад. Дар ин ҳолат, ба бовари ӯ, Қазоқистонро воқеан мавҷи нави муҳоҷират таҳдид мекунад.
“Дар ҳар сурат, бояд дарк кард, ки бозори Русия яке аз пардохтпазиртарин бозорҳои корӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ мемонад. Шумо ба ягон шакл наметавонед пеши роҳи ин равандро бигиред,” – афзуд иқтисодшинос.
Шаҳрвандони нав ба Русия на танҳо барои барқарор кардани ҳолати баъд аз ҷанг, балки барои худи ҷанг ҳам лозиманд. Вазъ дар майдонҳои ҷанг Маскавро маҷбур кардааст, ки роҳҳои нави пур кардани артишро истифода барад.
Дар охири моҳи октябр Кумитаи тафтишотии Русия пешниҳод кард, то муҳоҷиронеро, ки шиносномаи русӣ доранду ба ҷанг рафтан намехоҳанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Гуфтугӯ