Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, бо сафари расмӣ дар Қазоқистон аст. Ӯ дар чаҳорчӯби С5+1 бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мулоқот мекунад. Сафари нахустини Блинкен ба минтақа, ки аз ҳампаймони муҳими Русия аст, суолу тахминҳои зиёдеро ба бор оварда.